Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳайати Тоҷикистон дар Остона дар ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар Остона дар ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок намуд

19-09-2024, 15:41
Хабарро хонданд: 183 нафар
Назарҳо: 0
Ҳайати Тоҷикистон дар Остона дар ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок намудДар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа намояндагони давлатҳои ҳадафманди фонд, аз ҷумла аз Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иштирок намуданд.

Дар ҷаласа 6 қарори ҷамъбастӣ ба имзо расид, ки дар байни онҳо Нақшаи кори Кумитаи иҷроия, ҳисобот дар бораи ҷараёни татбиқи Барномаи амалҳо оид ба кумак ба давлатҳои ҳавзаи баҳри Арал (ПБАМ-4) ва натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи навсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Осиёи Марказӣ (CAHMP) тасдиқ карда шуд.

Инчунин дар доираи ҷаласа вохӯрии муҳими Шурои ҳамоҳангсозӣ бо иштироки донорҳои байналмилалӣ ва шарикони лоиҳаҳо дар доираи фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид. Ин имкон дод, ки ташаббусҳои кунунӣ ва оянда, ки ба наҷот ва барқарорсозии экосистема дар минтақаи ҳавзаи баҳри Арал равона шудаанд, муҳокима гарданд.

Дар маҷмуъ, ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Остона қадами муҳим дар роҳи ҳифзи баҳр ва беҳтар кардани вазъи минтақа буд. Иштирокдорони ҷаласа бо мақсади наҷот додани захираи беназири табиии таҳдидшавандаи баҳри Арал барои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар иҷрои вазифаҳои дар назди фонд гузошта изҳори омодагӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: