Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор

Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор

7-06-2023, 09:30
Хабарро хонданд: 166 нафар
Назарҳо: 0
Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидорИмрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал /ФБНА/ Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» оғоз гардид, ки пагоҳ идома меёбад.

Дар конфронс ҳайатҳои расмии давлатҳои муассиси ФБНА, аз ҷумла муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр, муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Аннагелдӣ Язмирадов, Мушовири Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ғаниев, инчунин коршиносон, олимон, намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Дар конфронси байналмилалӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки дар давоми се даҳсолаи фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал корҳои зиёд ба анҷом расида, давлатҳои муассиси ФБНА ба дастовардҳои муайян ва назаррас ҳам муваффақ гардиданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал барномаю лоиҳаҳои гуногун оид ба идора ва беҳтар намудани захираҳои обӣ дар минтақа, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, беҳдошти ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии ҳавзаи баҳри Арал амалӣ гардонида шуданд.

Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки тибқи пешгўиҳо, то соли 2050 шумораи аҳолии минтақа афзоиш ёфта, ниёзмандиҳо ба об барои қонеъ гардонидани талаботи соҳаи иҷтимоӣ ва бахшҳои иқтисодиёт ба таври назаррас меафзояд.

«Тағйирёбии иқлим хатари ҷиддие ба бор оварда, боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши офатҳои табиии марбут ба об, аз ҷумла сел, обхезӣ ва хушксолӣ мегардад. Ҳамаи ин аз мо талаб мекунад, ки ҷидду ҷаҳди худро боз ҳам бештар муттаҳид намуда, барои ҳалли проблемаҳое, ки дар назди мо истодаанд, ба таври муштарак амал намоем. Мо умедворем, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва воҳидҳои сохтории он дар ин самт фаъолнокии худро идома медиҳанд. Осиёи Марказӣ як минтақаи дорои захираҳои кофии обу энергетика мебошад»,- илова кард Қоҳир Расулзода.

Ба андешаи Сарвазири Тоҷикистон, барои таъмини истифодаи оқилона ва самаранок ба Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамкории зичтар, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ, инчунин ниҳодҳои қавии минтақавӣ лозим аст.

«Мо итминон дорем, ки густариши ҳамкории обу энергетикӣ минтақаро бо миқдори кофии обу энергия таъмин хоҳад кард. То имрўз дар ин масъала пешравиҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Тамоми чораҳоро андешидан лозим аст, ки ин раванд ба анҷоми мантиқии худ расонда шавад. Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то роҳи ҳалли мутавозин ва барои ҳама қобили қабулро пайдо кунем, то ФБНА ба воқеияти имрӯза мувофиқат кунад ва ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав, ки минтақаҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ба таври муассир муқобилат намояд. Фаъолияти Фонд пурра ба манфиатҳои тамоми давлатҳои муассис мувофиқ аст», — таъкид кард Қоҳир Расулзода.

Таъкид шуд, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар давоми 30 сол тавонист як платформаи минтақавии муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти минтақавии марбут ба об ва муҳити зистро фароҳам оварад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: