Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ дар Душанбе масъалаҳои марбут ба роҳу нақлиётро баррасӣ менамоянд

Вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ дар Душанбе масъалаҳои марбут ба роҳу нақлиётро баррасӣ менамоянд

12-09-2023, 09:06
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
Вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ дар Душанбе масъалаҳои марбут ба роҳу нақлиётро баррасӣ менамояндМасъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт дар ҷаласаи нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе 13 сентябр баррасӣ мегардад.

Дар Вазорати нақлиёти мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе баргузор мегардад.

Вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ масоили ҳамкориро дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ намуда, интизор меравад, ки санадҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ба имзо расонида шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар пойтахти Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои канорӣ гузаронида мешаванд, ки ба дурнамои рушди ҳамкории давлатҳои минтақа дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу гуманитарӣ нигаронида шудаанд. Форуми иқтисодӣ, намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, муколамаи занони Осиёи Марказӣ, намоишгоҳи рассомон, нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, консерти тантанавии устодони фарҳанг ва санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҳамин ҷумла мебошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: