Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал25-08-2018, 08:09
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
24.08.2018 15:41, Туркманистон 24 август дар Маркази ҳамоишҳои “Аваза” дар шаҳри Туркменбошӣ Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок карданд. Баъди анҷоми маросими аксбардории сарони давлатҳо нахуст дар ҳайати маҳдуд рӯзномаи ҷаласа баррасӣ гардида, сипас муҳокимаи онҳо бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт. Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо мавзуъҳои мубрами идоракунии об ва масъалаҳои экологии минтақаро баррасӣ карда, самти фаъолияти муштаракро барои андешидани тадбирҳои оянда дар ин бахшҳо муайяну мушаххас карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки қарори таъсиси Фонди Байналмилалии наҷоти Арал (IFAS), ки имсол аз қабули он бисту панҷ сол пур мешавад, як қадами оқилонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. “Бо шарофати фаъолияти якҷояву ҳамоҳангшуда дар чаҳорчӯбаи Хазина, мо тавонистем диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал ҷалб намоем, ҳамкориро бо созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва кишварҳои донор ба роҳ монем, маблағҳоро ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мухталиф барои бартарафсозии буҳрони Арал равона созем”, - таъкид доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин замина қайд карда шуд, ки дар давоми солҳои гузашта дар Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои идоракунии об ва лоиҳаҳои муҳити зист ва барномаҳо якчанд миллиард доллари америкоӣ сарф карда шуд. “Дар айни замон, мо бо як қатор проблемаҳои муштарак ру ба ру шудаем, ки ҳамкории байни мамлакатҳоямонро барои ҳалли онҳо талаб мекунад,” - изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тамоюли афзоиши аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим, азхудкунии заминҳои нав ва ҳаҷми зиёди талафоти об дар соҳаи кишоварзӣ, рушди истеҳсолоти маҳсулот ва иқтисодиёт, ки дар якҷоягӣ ба коҳишёбии ҳаҷми умумии захираҳои об ва афзоиши талаботи истеъмоли об оварда мерасонад, аз масъалаҳои муҳиму ҳалталаб ба шумор меравад. Ҳамчунин тамоюли бесобиқаи обшавии захираи пиряхҳо аз сабаби тағйирёбии иқлим дар минтақа ба мушоҳида мерасад. Мавриди зикр аст, ки дар тӯли чанд даҳсолаи охир, Тоҷикистон зиёда аз сӣ фоизи ҳаҷми умумии пиряхҳо, аз ҷумла тақрибан як ҳазор пиряхҳои хурд ва миёнаро аз даст додааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса, нишондиҳандаи дастрасии об ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақаи мо чор маротиба нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 1960 камтар шудааст. Бо назардошти рушди босуръати сатҳи талабот ба об дар минтақа, Сарвари давлат бори дигар ташаббуси Тоҷикистонро оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои оби нӯшокии кӯли баландкуҳи Сарез барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ дар кишварҳои минтақа барои солҳои дароз хотиррасон карданд. Таклиф карда шуд, ки пешниҳоди мазкур бо дарназардошти он, ки саломатии аҳолии минтақа аз сифати оби нӯшокӣ вобаста аст, ба инобат гирифта шавад. Ғайр аз ин, зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳодисаҳои фавқулоддаи обу ҳаво, офатҳои табиӣ, ки бештар аз сабаби тағйирёбии иқлим ба миён омада, боиси талафоти зиёди молию ҷонӣ мегардад, муфассал ибрози андеша карданд. Дар Тоҷикистон дар давоми бист соли охир зарари умумӣ аз офатҳои табиӣ вобаста ба захираҳои об ба якчанд миллиард доллари америкоӣ баробар шуда, талафоти аҳолӣ зиёда аз як ҳазор нафарро ташкил дод - таъкид доштанд Сарвари давлат ва афзуданд, ки идома ёфтани ин ҳолат боиси оқибатҳои хеле ҷиддӣ мегардад ва моро зарур аст, ки барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии устувори захираҳои об тадбирҳои фаврӣ андешем. Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки ташаббуси Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” чун се ташаббуси қаблии вобаста ба об, барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори об равона гардидааст. Изҳори умед карда шуд, ки Хазина ва сохторҳои он аз платформаи даҳсолаи нав барои ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳо, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ истифода мебаранд. Дар охири суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳоро пешниҳод карданд, ки қабули он ба ҳалли мушкилоти минтақа вобаста ба идоракунии об, муҳити зист ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, мусоидат мекунад. Аз ҷумла зикр гардид, ки такмили сохтори ташкилӣ ва асосҳои шартномавию ҳуқуқии Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал бо мақсади мутобиқ намудани он ба воқеияти имрӯза зарур аст ва бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ бо обанборҳо, ки ба танзими мавсимӣ ва дарозмуддати таъмини об, бахусус дар солҳои камобӣ, инчунин коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиии вобаста ба об мусоидат мекунанд. Зикр карда шуд, ки гидроэнергетика ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии барқароршавандаи энергияи тоза, ҳамзамон пешрафти муваффақонаи иқтисоди “сабз” -ро таъмин мекунад. Таъкид гардид, ки қариб 90 фоизи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва тибқи ин нишондиҳанда, кишвар дар ҷаҳон ҷойи 6-умро ишғол мекунад. “Тоҷикистон, соҳаи гидроэнергетикаро рушд дода, бо партовҳои махсуси гази карбон (CO2) дар атмосфера дар як саду сию панҷум ҷой ва дар миқёси минтақа бошад, дар мақоми охирин ҷойгир аст. Ин нишондиҳанда танҳо тақрибан се фоизи умумии партобҳоро ташкил медиҳад”, - иброз доштанд Сарвари давлат. Пешниҳод гардид, ки - ба идомаи ислоҳот ва таҷдиди сохторҳои мавҷудаи идоракунии об, асосан ҷуйборҳои обёрӣ, ки аксарияти об дар онҳо талаф меёбад, аҳамият дода шавад; - барои татбиқи механизмҳои иқтисодии истифодаи об ва технологияҳои нави захираҳои об, инчунин системаи ҳисобдории ҳаҷми об, мусоидат карда шавад; - ҳамгироии иқтисодии ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба таъмини ҳаракати озоди мол, хизматрасонӣ ва меҳнат нигаронидашуда, ташаккул дода шавад. Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Туркманистон барои ташкили хуби ин ҳамоиш ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Баъди анҷоми ҷаласа сарони давлатҳо дар нишасти матбуотӣ бо доираи васеъи хабарнигорон кори ҳамоишро натиҷагирӣ карданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.