Вохӯриҳо-пайвандгари дилҳо5-10-2016, 10:36
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади боло бурдани донишу малака ва зич намудани робитаи раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ва ташкилотҳои ибитидоии ҳизбӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар асоси нақшаи чорабиниҳо чанд рўз пештар бо иштироки роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Хонов Абдураҳмон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Саидов, иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадов Зулфиқор, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ-Умринисо Казакова, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ-Сайдалӣ Асоев, шоири маҳбуби кишвар Хайрандеш, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалзода ва раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ва ташкилотҳои ибитидоии ҳизбӣ дар Фароғатгоҳи беруназшаҳрии “Мардон-2013”-и ноҳияи Варзоб Семинари сайёри фарҳангиву фароғатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар мавзӯи: «Дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 25- соли соҳибистиқлолӣ” баргузор гардид. Сараввал Зулфиқор Гулаҳмадов ҳозиринро хуш омадед гуфта, ҳадафи сарҷамъ шудани раисони ташкилотҳои ибтидоиро бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур шарҳу тавзеҳ дод. Ҳамзамон мавсуф ба мавзӯи семинар “«Дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 25- соли соҳибистиқлолӣ” баромад намуда қайд кард, ки - Мардуми Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти давлатӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии мамлакат, сарфи назар аз мушкилоту буҳрони сиёсию иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузошт. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонов Абдураҳмон аз фаъолияти пурсамари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур изҳори хушнудӣ намуда иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар рушди низоми қонунгузории кишвар, таҳкими рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи сулҳу субот ва амнияти иқтисодии кишвар, низоми ҳуқуқии давлатро дар доираи сиёсати созанда ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардуми кишвар ва давлати Тоҷикистон вусъат дода истодааст. Сипас Ҷамшед Саидов, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз фаъолияти раисони кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур изҳори қаноатмандӣ намуда зикр кард, ки чунин вохӯриҳо метавонад барои боз ҳам дар сатҳи олӣ ба роҳ мондани фаъолияти кории ҳар як кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мусоидат намояд, инчунин қайд кард, ки мобояд аз он шукргузорӣ намоем, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона гардидааст. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 25 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ мебошад. Акнун танҳо тавассути якдилию муттаҳидӣ ва меҳнати пурмаҳсул мо метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намоему Ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Ба ҳар як иштирокчӣ имкон дода шуд, ки фикру ақидаҳои худро аз рафти кори ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол иброз доранд. Суҳбат хело ҷолиб ва хотирмон шуд. Доир ба дастовардҳои давраи истиқлол дар соҳаи фарҳангу маориф, иқтисодиёту технология мубодилаи афкор сурат гирифт. Сипас сухан ба шоири ширинкалом устод Хайрандеш дода шуд. Аз ашъори хеш мисраҳо қироат намуда, аҳли нишастро болидаруҳ намуданд. Баҳри фараҳманд гардидани иштирокдорони семинар сухани навбати ба ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалзода дода шуд. Ӯ аҳли нишастро бо латифаҳои шухиомези худ хушҳол намуд. Баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ баҳри боз ҳам хотирмон гаштани ин семенар барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ намоиш дода шуд. Қобили зикр аст, ки чунин семенарҳои сайёр дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур соле ду маротиба доир карда мешавад. Ҳадафи асосии он ривоҷ додани ҳамкории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия мебошад. Ҷӯрабек Муродов , мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.