Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе масъалаи ташкили даврҳои забономӯзӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд

Дар Душанбе масъалаи ташкили даврҳои забономӯзӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд

28-08-2024, 15:39
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе масъалаи ташкили даврҳои забономӯзӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд27 август зимни вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва роҳбари нави Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Лутенко масъалаи ташкили даврҳои забономӯзӣ ва асосҳои идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла идоракунии раванди муҳоҷират, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ ва бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ибрози андеша намуданд. Ҳамзамон аз натиҷаи корҳои муштарак бобати андешидани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба муҳоҷират, омодасозии ҳисоботи мамлакат оид ба иҷрои тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳадафҳои Созишномаи глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллӣ оид ба танзими раванди муҳоҷират то соли 2040 барои солҳои 2023-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023 қабул гардидааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Роҳбари нави Созмони байналмилалии муҳоҷират барои ҳамкории минбаъда дар самти диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷамъоварии омори муҳоҷират ва идоракунии махзани маълумот, таҳлили маҷмуи қонунгузории амалкунанда дар соҳаи муҳоҷират ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии амалкунанда, ки равандҳои муҳоҷиратро танзим мекунанд, ҷалби диаспораҳо дар рушди ҷумҳурӣ, корбарӣ бо сомонаи www.kor.tj барои ҷойи кори холӣ, гузаронидани пурсиш дар байни муҳоҷирони ба Ватан баргашта, ки ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллӣ оид ба танзими раванди муҳоҷират то соли 2040 барои солҳои 2023–2025 ва таҳияи нақшаи сесолаи оянда мусоидат менамояд, изҳори омодагӣ намуд.

Ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаро дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда ва чорабиниҳои пешбинишудаи Харитаи роҳ, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират тасдиқ шудаанд, ба мақсад мувофиқ ҳисобиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: