Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масоили бо кор таъмин кардани занон баррасӣ гардид

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масоили бо кор таъмин кардани занон баррасӣ гардид

13-08-2020, 11:54
Хабарро хонданд: 1141 нафар
Назарҳо: 1
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масоили бо кор таъмин кардани занон баррасӣ гардидДар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулрӯ Ҷабборзода ва Cафири Давлати Фаластин Луай Иффа масъалаҳои бо кор таъмин кардани занон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо паҳлуҳои масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаластин дар ҷанбаҳои гуногун, инчунин сиёсати давлат дар самтҳои марбут ба фаъолияти вазоратро таҳлил намуданд.

Сафири Давлати Фаластин Луай Иффа аз муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки истифодаи таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсат ва идоракунии давлатӣ муфид хоҳад буд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда ба мувофиқа расиданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин 6 марти соли 1992 барқарор шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: