Имсол шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба Британияи Кабир ба кори мавсимӣ раванд1-03-2023, 14:17
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
Давоми соли 2023 шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои кори мавсимӣ ба Британияи Кабир раванд, иттилоъ медиҳад Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гуфта шуд, ки дар айни замон марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо ширкати Про-Форс шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд, ки дар доираи он шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори мавсимӣ ҷалб карда мешаванд. Бақайдгирии шаҳрвандон барои кори мавсимӣ дар Британияи Кабир танҳо тавассути Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Раванди бокортаъминкунии шаҳрвандон дар доираи барномаи кори мавсимӣ дар Британияи Кабир танҳо дар асоси озмун бо иштироки намояндагони ширкат амалӣ карда мешавад. Баъд аз гузаштан аз озмун хароҷот вобаста ба омода кардани раводид ва арзиши чиптаи ҳавоӣ аз ҷониби худи номзад пардохт карда мешавад. Тамоми хизматрасонии марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират барои бақайдгирии шаҳрвандон ройгон мебошад. «Шаҳрвандони синнашон аз 20 то 40-сола (зан ё мард) барои кор муроҷиат карда метавонанд. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ шаш моҳ аст. Пас аз шаш моҳ муҳоҷири тоҷик бояд ба Ватан баргардад», — гуфт манбаъ. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода зимни нишасти матбуотӣ 13 феврал баён дошт, ки соли 2022 Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа тибқи дархостҳои ҷойҳои кории холии субъектҳои кордиҳандаи давлатҳои хориҷӣ 2013 нафарро муташаккилона дар хориҷи мамлакат бо ҷойи кор таъмин намуд, аз ҷумла дар Федератсияи Русия — 1709 нафар, Қазоқистон — 223, Ҷумҳурии Туркия — 29 нафар, Лаҳистон — 35 нафар, Руминия — 11 ва Амороти Мутаҳидаи Араб — 6 нафар бо кор таъмин карда шуданд. «Дар соли сипаригардида аз ҷониби марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбеи Хадамоти муҳоҷират бо мақсади гуногунсамтии кишварҳои қабулкунандаи қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар асоси шартномаи тарафайн бо иштироки намояндагони ширкати Про-форс 383 нафар дар Британияи Кабир бо кор таъмин гардид», — гуфт мавсуф. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли сипаригардида шаҳрвандони мамлакат барои кори мавсимӣ ба Ҷумҳурии Корея низ ҷалб гардиданд. Ёдовар мешавем, ки бо мақсади гузариш ба низоми рақамӣ, мусоидат ба шуғли ҷавонон, таҳкими ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти меҳнатии мавсимии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 лоиҳаи санади байниҳукуматию байниидоравӣ дар баррасии Тарафҳо қарор дошта, миёни онҳо Ёддошти тафоҳум бо Давлати Кувайт дар самти муҳоҷират барои баимзорасонӣ омода мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.