Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ВОЖАИ СУЛҲ ЯКЕ АЗ НУКТАҲОИ МУҲИММИ БАРНОМАИ АМАЛИ ҲХДТ АСТ

ВОЖАИ СУЛҲ ЯКЕ АЗ НУКТАҲОИ МУҲИММИ БАРНОМАИ АМАЛИ ҲХДТ АСТ

10-07-2024, 17:19
Хабарро хонданд: 671 нафар
Назарҳо: 0
ВОЖАИ СУЛҲ ЯКЕ АЗ НУКТАҲОИ МУҲИММИ БАРНОМАИ АМАЛИ ҲХДТ АСТ
БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ




Муҳимтарин воқеае, ки дар роҳи қисмату тақдири миллати мо рух дод, ин буд, ки кишвари азизи мо Истиқлоли давлатии худро ба даст овард.
9-уми сентябри соли 1991 даврони орзуву ормони деринаи мардуми тоҷик фаро расида, Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насибамон гашт. Шодиву нишоти халқи тоҷик интиҳо надошт, зеро Истиқлолият барои халқу миллат боиси пойдории давлати навини мо, бақои симои миллат, эҳё ва зинда гардонидани худшиносиву худогоҳии мардум, шиносномаи байналмилалӣ ва эътибори ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани давлати тоҷикон маҳсуб мешавад. Соҳибистиқлолӣ барои халқи мо воситае гардид, ки мо аз фарҳангу тамаддун, забону ҳунари ниёгонамон баҳравар гардида, барои бемайлон рушду равнақ додан ва ба оламиён шиносонидани аслу насаби худ ва намоиши мероси гузаштагонамон қадамҳои устувор гузорем.
Истиқлолият роҳи ҳамвор бароямон боз кард. Дигар акнун барои мо лозим аст, ки баҳри амалӣ гардонидани орзуву ормонҳои деринтизорамон барномаи ҳамаҷониба мукаммале эҷод намоем.
Барои расидан ба ҳадафҳои хушбинона зарурате пеш омад, ки ҳизбе созмон дода шавад, то ин ки ин ҳама орзуву ниятҳои мардумпарваронаву ояндабинонаи Сарвари тозаинтихоби давлати мустақили тоҷикон ҷомаи амал бипӯшад.
Бо ҳамин ниятҳо дар таърихи 10-уми декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил ёфта, дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ санаи 15-уми декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шуд.
Нахустин иқдоми ҲХДТ хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилӣ, наздик шудан бо халқ ва таъмини зиндагии осоиштаву ба Ватан баргардондани мардуми гуреза аз кишвари ноороми Афғонистон, омӯхтани розу ниёзи мардуми заҳматкаши хоки аҷдодӣ, ҳамзамон, расидан ба истиқрори сулҳу субот бо мухолифин буд.
Барои анҷом додани мақсадҳои зикршуда фарзанди далеру пурдили халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳ ҷониби кишвари ҳамсояи Афғонистон гирифтанд. Касоне ҳам будаанд, ки ба Сарвари давлат бобати ин роҳи пурхатар ҳушдор медоданд, аммо якрӯиву якроҳагии Роҳбари муҳтарам ғолиб омад.
Нарасидани анвои хӯрокворӣ, нисфи шаб мардум ба навбати нонгирӣ дар назди дӯконҳои нонфурӯшӣ меистоданду гоҳҳо ба баъзе касон нон намерасид.
Бе хонаву дар мондани аҳолии маҳалҳои ҷангзада, бе касу кӯй шудани фарзандон, фазои оташу дуд ва фиғону нолаҳои модарону пирони барҷомонда, марги тифлакону наврасони аз падару модар ҷудогашта дили ҳар бинандаро реш -реш мекард ва ҳеҷ кас бовар ба фардои зиндагии осоишта надошт.
Дар ин ҳолати воҳимабарангез дар мадди аввал барои Президенти кишвар хомӯш кардани ҷанг ва ба мувофиқаи оштии миллӣ расидан бо мухолифин зарурияти бештар дошт.
Ҳамин тавр, Раиси Шурои Олии вақт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳди кардаашон - “Ман ба Шумо сулҳ меорам”, ки яке аз нуктаҳои барномаи амали ҲХДТ буд, вафо карданд.
Дар таърихи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба имзо расида, кинаву адоват ба сулҳу оштӣ табдил ёфт.
Бо гузашти айём зиндагӣ маҷрои худро пайдо кард ва низому тартибот дар ҷомеа рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ овард. Мардум бо хотири ҷамъ ба зиндагии осоишта соҳиб шуданд...
Метавон зикр кард, ҳама он чӣ ки дар барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ 30 сол қабл пешбинӣ гардида буд, тӯли ин солҳо зина ба зина пайи беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии халқи мамлакат равона гардида, мутобиқ ба пешбиниҳои Барнома, корхонаҳои хурду миёнаи гуногунсоҳаи истеҳсолӣ, бунёди мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, кӯдакистону марказҳои фарҳангиву фароғатӣ арзи вуҷуд карданд.
Баргузории ҷашнҳои 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 2500- солагии Хуҷанд, 3000-солагии шаҳри Ҳисори шодмон, 5500-солагии шаҳраки қадимаи Саразм, таҷлили “Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ”, 1000-умин солгарди ,,Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, таҷлили ҷашнҳои солгарди мавлуди Одамушшуаро устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва Мирзо Турсунзода, баргузории ҳамоиши адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, таҷлили ҷашнҳои ниёгон - Меҳргон, Сада, Наврӯз ва Тиргон рамзи сиёсати адабу фарҳангдӯстона ва тамаддунпарваронаи Раиси ҲХДТ, Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Хушбахт аз онам, ки камина узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ гашта, дар ҳар вохӯриву ҷаласаҳо ширкат намуда, аз наздик аз суҳбату машваратҳои Пешвои миллати соҳибтамаддунам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гаштам.
Маҳз таваҷҷуҳи хирадмандонаи ин фарзанди Қаҳрамони миллати 6000-солаи тоҷик нисбат ба занони маҳаллии кишвар ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа боиси хушнудиву ифтихормандии бонувон ва модарони тоҷик аст.
Фаъолияти гуногунҷабҳаву пурсамари ҲХДТ баҳри баҳравар аз донишу маърифат гардондани ҷомеа гарави минбаъда тарбияи насли фардои миллат буда, ин ҷо мехоҳем як нуктаи гуфтаи ҷолиби таваҷҷуҳи Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро айнан манзур намоем, ки фармуда буданд: -,,Тоҷикистонро фарзандони боадабу донишманд обод мекунанд”.
Бо ҳамин мақсад дар Ватани маҳбубамон озмунҳои ,,Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ,,Илм-фуруғи маърифат”, ,,Тоҷикистон Ватани азизи ман”, ,,Тоҷикон дар оинаи таърих” ва ,,Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ҳамасола баргузор гардида истодааст, ки ҳукумати кишвар Пешвои миллат барои ҳавасмандкунии наврасону ҷавонон ва қишри калонсоли ҷомеа маблағгузорӣ мекунанд.
Бояд насли фардои ҷомеаи кишвар ба ин ҳама ғамхориҳои Сарвари давлат шукргузорӣ намуда, бо дарки масъулият ва худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиромгузорӣ ба фарҳангу таъриху забони шевои модарӣ ва адабу осори пурарзиши ниёгонамон муносибати беҳтарини содиқонаву фарзандонаро ба ҷо оваранд.
Эътимод бар он дорем, ки ҳар як узви ҲХДТ пайи амалӣ гардонидани талаботи Барномаи ҳизби мардумии хеш камари ҳиммат баста, мувофиқан ба сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолияти пурмаҳсул хоҳанд кард.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони дунёро ба муносибати 30-солагии таъсиси ҲХДТ аз самими қалб таҳният намуда, таманнои онро дорам, ки сулҳу субот дар манзилу маҳалу диёру устону кишвари азиз -Тоҷикистон ҳукмфармо гардида, рӯзгори халқи сарбаланди миллати сулҳовару сулҳдору сулҳбонамон ҳамеша орому осуда бошад.

Раъно ЗОИРДУХТ,
раиси бахши Истаравшании Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
сардабири нашрияи “Ганҷи ороста"
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: