Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд23-03-2020, 17:30
Хабарро хонданд: 263 нафар
Назарҳо: 0
22.03.2020, шаҳри Хуҷанд Ҳамдиёрони азиз! Фарорасии ҷашни Наврӯзро, ки имсол даҳумин солгарди ҷаҳонишавии ин ойини бостонӣ мебошад, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла хурду бузурги мардуми сарбаланди вилояти Суғд ва ҳамаи шумо – ширкаткунандагони чорабинии ҷашнии имрӯза самимона табрик мегӯям. Орзумандам, ки ин ҷашни байналмилалӣ ба сарзамини хуршедии Тоҷикистони соҳибистиқлол нишоту сарсабзӣ, осоишу ободӣ, нерӯи созандаву офаранда ва баракату фаровонӣ ҳадя оварад. Боиси ифтихори мардуми куҳанбунёди тоҷик аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ Наврӯз – ин ҷашни ниёгони соҳибфарҳанги мо эҳё гардида, мазмуну моҳияти нав пайдо карда, ҳоло ба яке аз беҳтарин ойинҳои мардуми мамлакат табдил ёфтааст. Даҳ сол пеш, яъне соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид бо қабули Қатънома доир ба Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз аҳаммияти умумибашарии ин ойини бостониро ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ ва эълон намуд. Ниёгони мо ҳанӯз аз замонҳои бисёр қадим рӯзи аввали солшумории шамсиро рӯзи нахустини баҳор — бедоршавии табиат, олами наботот, оғози киштукор ва такмилу танзими олам медонистанд. Ин ҷашн аз давраҳои бостон то имрӯз ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ ва бахшоишу самимият таҷлил мегардад. Маҳз бо ҳамин сабаб дар тӯли таърих эътиқоди одамон ба Наврӯз, ки яке аз ифтихороти фарҳанги миллии мо мебошад, беш аз пеш афзудааст. Наврӯз дар масири таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ марҳалаҳои бисёр мушкилу пурпечутобро аз сар гузаронидааст. Аммо аҷдоди шарафманди мо бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёд Наврӯзро на танҳо ҳамчун мероси муқаддаси гузаштагони худ ҳифз кардаанд, балки онро ба сифати ойини башардӯстонаву офаранда ба дигар халқҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намудаанд. Аз ин рӯ, Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаи таҳаммулгароӣ, ваҳдату сарҷамъии инсоният ва дар айни замон омили тақвиятдиҳандаи ифтихори миллии мо мебошад. Тибқи маълумоти муаррихон Наврӯз ба унвони ҷашни шодиву нишот ва пирӯзии равшанӣ бар зулмат ҳанӯз дар замони Куруш ба сифати ҷашни миллии қавмҳои ориёӣ эълон гардида, барои таҷлили он барномаҳои хосса, аз ҷумла покизаву тоза намудани хонаву манзили зист, бахшидани гуноҳи якдигар ва монанди инҳо муқаррар шуда будаанд. Асрҳои баъдӣ тавассути хонадонҳои Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён шаҳомати Наврӯз дар қаламравҳои зисти мардуми мо густариши бештар пайдо кард. Эҳёи суннат ва ойинҳои наврӯзӣ дар замони имрӯза, яъне даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун паёми мардуми куҳанбунёди тоҷик ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба оламиён мақоми байналмилалӣ гирифтааст. Имрӯз мо бо ифтихору шодмонӣ эълон медорем, ки Наврӯзи даврони истиқлол паёмовару оғозгари рӯзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост. Муҳимтар аз ҳама, расму ойин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой додаанд, ки шинохти ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, ташаккули фарҳанги ахлоқии ҷомеа мусоидат мекунад. Яке аз анъанаҳои пурарзиши наврӯзӣ ин аст, ки мардум макони зист, ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро тозаву озода мегардонанд, ҳамчунин, ботину зоҳири худро аз кинаву адоват, хушунату бадбинӣ пок месозанд ва ҳамдигарро бо чеҳраи шоду оғӯши кушода қабул мекунанд. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо солҳои охир ба истиқболи ин ҷашни фархунда баробари иҷрои суннатҳои он, инчунин, вусъат додани корҳои созандаву ободгарона, сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ – мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, бунёди боғҳо, корхонаҳои истеҳсоливу роҳҳо ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Махсусан, дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни таърихии халқи тоҷик — сисолагии истиқлоли давлатӣ босуръат ҷараён гирифтани корҳои созандагӣ дар тамоми кишвар, аз ҷумла вилояти Суғди бостонӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад. Имрӯз мо дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон чандин иншооти таъиноти гуногунро ба истифода додем, ки дар онҳо барои садҳо нафар сокинони вилоят ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шудаанд. Боиси қаноатмандист, ки сокинони вилояти Суғд, хусусан, соҳибкорони бонангу номуси он масъулияти хешро дар роҳи ободии Ватан ба хубӣ дарк кардаанд ва дар ин самт фаъолияти густурдаро ба роҳ мондаанд. Дар назар аст, ки ҳамчунин, рӯзҳои наздик дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен боз даҳҳо иншооти навбунёди иҷтимоиву хизматрасонӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ки чунин иқдомот ба чорабиниҳои наврӯзии вилоят шаҳомати бештар мебахшанд. Ҳозирини арҷманд! Ҳукумати мамлакат то имрӯз ҷиҳати арҷгузорӣ ба хотираи ниёгони бузургамон тадбирҳои судмандро анҷом дода истодааст. Ҳоло бо ифтихор ва қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки ҷашнҳои 5500 -солагии Саразми бостонӣ ва 700 -солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ ба рӯйхати ҷашнҳои ЮНЕСКО ворид гардида, соли равон таҷлил карда мешаванд. Ҳамаи ин дастоварду ободкориҳо ба мову шумо ба туфайли пойдории истиқлоли давлатӣ насиб гардидаанд. Бинобар ин, эҳтироми соҳибистиқлолӣ, ифтихор аз давлати соҳибихтиёру озод, таърихи пурғановати аҷдодӣ, мероси бузурги фарҳангӣ ва расму ойинҳои гузаштагонамон бояд ба омили муҳимми вусъат гирифтани ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дар замири ҳар як фарди ҷомеа табдил дода шавад. Ободу зебо кардани маҳалли зист, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ яке аз хислатҳои беҳтарину азалии мардуми мо мебошад. Хусусан, дар шароити паҳншавии босуръати ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эътибори ҷиддӣ додан ба ин масъалаҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Зеро саломатии ҳар шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи уст. Дар ин раванд, зарур аст, ки мардуми мо ба воҳимаю таҳлука наафтанд ва танҳо мувофиқи тавсияи мутахассисон амал намоянд. Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар кишвари соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил Наврӯзро таҷлил менамоем. Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд. Бигзор, ҷашни Наврӯз ҳамчун решапайванди наслҳо, пайвандгари дирӯзу имрӯз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси нодири аҷдодамон барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони ояндасози мо ба сифати арзиши бебаҳои маънавӣ хизмат намояд. Бигзор, Наврӯз ба ҳар як хонадони мардуми мо, кулли тоҷикони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам паёми бахту саодат ва сулҳу субот оварад. Бори дигар кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон, сокинони шарафманди вилояти Суғд ва ҳамаи шумо – ширкаткунандагони чорабинии бошукӯҳи имрӯзаро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи Аҷам самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо хонаи обод, иқболи нек, зиндагии орому осуда ва ба Тоҷикистони маҳбубамон Наврӯзи ҷовидонӣ орзумандам. Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.