НАҚШ ВА АҲАММИЯТИ ИЛМУ ДОНИШ ДАР ТАҲКИМИ ТАРБИЯИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ4-07-2024, 08:00
Хабарро хонданд: 524 нафар
Назарҳо: 0
Нақш ва аҳаммияту ҷойгоҳи илму дониш дар ҳаёту зиндагии ҳар як инсон бағоят бузург буда, рӯзгори инсонро имрӯзҳо бе дастовардҳои илмию инноватсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат вобаста ба ин масъала чунин баён доштанд: “Вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар-саноатикунонии босуръат дар самтҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданок ва рушди саноати маъдан олимони мо бояд корҳои таҳқиқотиро вусъат диҳанд”. Илова бар ин, Роҳбари давлат дар радифи он иброз доштанд: “Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчӣ бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи илму маориф, ворид намудани технологияҳои муосир, тарбияи кадрҳои замони нав ва азнавсозии идораи илму маориф фазои мусоид ба вуҷуд оварда, ислоҳоти мақсадноки соҳаи маориф оғоз гардид. Маориф дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии давлат ва Ҳукумат ба як рукни муҳимми иҷтимоӣ табдил ёфт. Аз ҷавонони саодатманди мо тақозо мегардад, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва хештаншиносӣ ба роҳи заҳматталаби илм ворид гардида, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон саъй намоянд. Зеро онҳо кишвари соҳибистиқлоламонро танҳо бо роҳи илму технология ва саноат метавонанд пешрафта ва мутарраққӣ намоянд. Дар раванди бархӯрди тамаддуни илмӣ ва дастовардҳои инноватсионӣ агар ба моделҳои кишварҳои пешрафтаи олам назар намоем, дар тараққиёти иқтисоди миллӣ ва тафаккури ҷомеаи онҳо мақоми илму маърифат ҷойгоҳи аввалро ишғол кардааст. Дар ин замина андешаи сиёсатшиноси тоҷик С.Ятимов чунин мебошад: “Миллатҳое, ки илму дониш фарогири аксарияти онҳо шуд, дар арсаи ҷаҳон тасаллут пайдо карданд. Аҳволи мардуми хешро беҳбуд бахшиданд. Зиндагии шоиста доранд. На танҳо истифодаи захираҳои табиии оламро ба манфиати худ ба роҳ мондаанд, балки ақли мардумони бегонаро ҳам мутеи худ гардонданд. Дар робита ба ин масъала, Сарвари давлат Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии “Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат”, “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия намояд. Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар, ки рӯзи 30-юми майи соли 2024 доир шуд, бо дарназардошти авзои геосиёсии ҷаҳони муосир ва шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо изҳор доштанд, ки танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд. Омӯзиши илму дониш метавонад наврасону ҷавононро аз таассубу ихтилоф, аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ ва омилҳои номатлуби ҷамъиятӣ эмин нигоҳ дошта, дар ташаккули ватандӯстӣ ва худшиносии миллии онҳо таъсири созгор гузорад. Сироҷиддин ФАТҲУДДИНОВ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.