Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДУРНАМОИ ИЛМ ВА МАОРИФ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

ДУРНАМОИ ИЛМ ВА МАОРИФ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

1-02-2024, 13:20
Хабарро хонданд: 719 нафар
Назарҳо: 0
ДУРНАМОИ ИЛМ ВА МАОРИФ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН
Дар раванди ҷаҳонишавӣ аксари миллату давлатҳо барои ҳифзи арзишҳои маънавиву фарҳангӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пурзӯр кардани мавқеи худ азму талош намуда, ба таҳдидҳо ва тамоюлоти ҷаҳонишавӣ, ки ба неруи зеҳни халқияту миллатҳо таъсир мерасонанд, ба василаи илму маориф мубориза мебаранд.
Илму маориф ҳамчун ниҳоди пурмасъул дар даврони ҷаҳонишавӣ таъиноти фаромиллӣ дорад, чунки аксарияти арзишҳо, махсусан, арзишҳои фарҳангӣ тавассути илм, маориф дар раванди таърих аз насл ба насл ба мерос мегузаранд.
Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлатро лозим аст, ки барои ба мерос гузоштани фарҳангу тамаддун ва ҳифзи арзишҳои гузаштагони хеш ҳарчи бештар илмро рушд диҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин масъалабобати мутобиқ намудани маорифи кишвар ба руҳияи давру замон нисбат ба ин соҳа бештар ғамхорӣ намуда, мекӯшандсоҳаи маорифи мо пешрафта бошад.
Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ оид ба ин масъала чунин таъкид карданд:“Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта - сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад ва бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”. Тамоюли ҷаҳонишавӣ фарҳанги ҳамаи халқияту миллатҳоро дар заифию устуворӣ имтиҳон мекунад. Роҳи ягона ва асосии ҳифзи ин арзишҳо дар чунин шароит тавассути илму маориф сурат мегирад.
Мусаллам аст, ки барои дуруст рушд кардани ин падида ҷомеа ба мутахассисони ҳирфаӣ ва баландихтисоси касбӣ ниёз дорад, ки ин тавассути низоми маориф дар давлат ба роҳ монда мешавад.
Дар ин росто, ҳамасола дар Паёмҳои Президенти кишвар таваҷҷуҳнисбат ба соҳаиилму маориф зоҳирмегардад.
Сарвари давлат нисбат ба ин соҳаи иҷтимоии давлат диққати махсус медиҳанд.
Дар Паёми худПешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Фаъолияти устувор ва рушди соҳаи илму маориф дар ҳама сатҳҳои иҷтимоӣ мутобиқшавӣ ё навсозии динамикии шахсият ва ҷомеаро таъмин мекунад.
Дараҷаи баланди маориф, ки одатан ба рушди баланди илму истеҳсолот ҳамроҳ мешавад, дар ҳама марҳилаҳои тамаддуни башарӣ омили муҳимтарини пешравии иҷтимоию техникӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб мерафт. Маориф дар ҷаҳони муосир омил ва шарти асосии ҳамгироии рушди соҳаиилм ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, омилҳои он ба василаи раванди ҷаҳонишавӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ муайян карда мешавад, ки хусусиятҳои мусбат ва манфии зуҳури худро дар равандҳои муосири ҳамгироии маориф ва илм нишон медиҳад.
Дар замони муосир маориф ва илм ҳамчун ниҳоди масъул василаи асосии таъмин ва рушди донишу иттилоот буда, онро ҳамчун заминаи асосии зеҳнии технологияҳои инноватсионӣ дар ҷомеаи муосири иттилоотӣ арзёбӣ метавон кард.
Пешвои миллат дар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, ки “Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”. Маориф дар давоми ду асри охир як қатор дигаргуниҳои воқеанҳам, инқилобиро аз cap гузарондааст.
Дар аксари кишварҳои дунё мардону занон имрӯзҳо ҳуқуқи гирифтани таҳсилро доранд, давлат кафолат медиҳад, ки шаҳрвандонаш дараҷаи муайяни таҳсилот дошта бошанд.
Ҷаҳони муосир бо ҳама пуртазодӣ, ихтилоф ва зуд-зуд тағйирёбандабуданашба илму дониш ва мутахасисони болаёқат эҳтиёҷ дорад.
Дар ин замина, нимаи дуюми асри XX мафҳуми “бозори кадрҳои илмӣ” ба вуҷуд омад.
Ташаккулёбии илм ҳамчун маҷмуи донишҳо ва маориф ҳамчун низоми таълиму тарбия дар ибтидо фаъолияти мустақилона дошта, равобити байни ниҳодҳои иҷтимоиро дар раванди таърих ба вуҷуд овардааст.
И. ҚУРБОНШОЕВ,
узви фаъоли ҲХДТ


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: