Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шарафи инсон ба илм асту фазилат ба адаб

Шарафи инсон ба илм асту фазилат ба адаб

24-08-2018, 07:51
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Шарафи инсон ба илм асту фазилат ба адаб
Талаботи рӯзафзуни замони муосир ба омӯзиши илму маърифат, ки меҳвари калидӣ дар Барномаҳои давлатӣ маҳсуб меёбад, имрӯз дар мадди аввали назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Вазорати маориф ва илми он қарор дорад. Дастрасӣ ба таҳсилот аз омилҳои асосии рушди нерӯи инсонӣ ба шумор меояд, зеро бе илму адаб нест шараф инсонро.
Тибқи нақша-чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ дар хошияи аксияи «Нури маърифат» дар Кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташаббус ва иқдомҳои шоиста роҳандозӣ мегарданд. Суҳбату мулоқотҳои судманд дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар мавзӯъҳои «Шарафи одамӣ аз илм аст», «Талошу ҷустуҷӯ дониш афзояд...», «Тавоно бувад, хар кӣ доно бувад» аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди омилҳои асосии рушди нерӯи инсонӣ - сиҳатмандӣ ва дарозумрӣ, дастрасӣ ба таҳсилот ва зиндагии шоистаи мардум маншаъ мегирад гузаронида шуда, якчанд нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд аз оилаҳои камбизоат, ятимон бо тамоми лавозимоти хониш -аз ҷузвдон то дафтару калам ва сару либос таъмин карда шуданд, аз дастуру супоришҳои маънавиасоси Раиси муаззами ҲизбиХалқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд.
Имрӯз чунин як суҳбату вохӯрӣ бо довталабон - донишҷӯёни соли хониши 2018 бо намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳри ХХДТ дар КИИ Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, судманд арзебӣ гардид.
Довталабон - донишҷӯёни факултаҳои забон ва адабиёти рус, геоэкология ва забонҳои Шарқ - Наргис Сатторова, Манзура Ҷумъаева, Дадоева Маҳина зимни сӯҳбати мазкур иброз доштанд, ки аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои хирадмандонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ ҷиҳати шаффофияти имтиҳоноти Маркази тести миллӣ сипосгузоранд, зеро бо холҳои баланд ба унвони баланди донишҷӯӣ мушарраф гардиданд, ки барояшон ин саодатро давлати соҳибистиқлол -Тоҷикистони азиз арзонӣ доштааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: