САРМОЯИ ИНСОНӢ- ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР5-01-2024, 12:27
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ) Таҷрибаи рушди мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон собит месозад, ки инкишофи ҳамаи самтҳои фаъолияти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи рақобатнокии иқтисодиёт аз самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Воқеан, таҳлили бозори байналмилалии технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, ки тамоюлоти муосири рушди илму инноватсия мебошанд, нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба рушди сармояи инсонӣ омили муҳими рушди ин кишварҳо маҳсуб меёбад. Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии худ ба масъалаи рушди сармояи инсонӣҳамчун омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат диққати аввалиндараҷа медиҳад. Дар робита ба ин, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 сармояи инсонӣ дар байни омилҳои дарозмуҳлати рушд мавқеи аввалро ишғол намуда, ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат муайян гардидааст. Ҳамчунин, дар ин ҳуҷҷати асосии барномавии рушди ҷумҳурӣ принсип ва вазифаҳои рушди сармояи инсонӣ барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии кишвар асоснок шудаанд. Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз доштанд, ки “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад”. Дар ҳақиқат, рушди илму маориф шарти зарурии пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани инкишофи иқтисод ва суботи иҷтимоии ҷомеа маҳсуб меёбад. Хурсандиовар аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат дастгирии таҳқиқоти илмӣ бо воситаи боло бурдани ҳаҷми маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмию таҳқиқотӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои таълимию илмӣ бо сохторҳои истеҳсолӣ дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ гардид. Дар робита ба ин, дар Паёми имсола Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар ва вазорату идораҳои ваколатдори соҳаи илму маориф супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки агар соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас, дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст ва тибқи дурнамо шумораи мазкур то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Вобаста ба ин тамоюл, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати бунёду ба истифода додани муассисаҳои таълимии наву замонавиро дар ҳама зинаҳои таҳсилот ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифи кишвар таъкид намуданд. Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва иҷрои муқаррароти стратегияву барномаҳои давлатии соҳаи илму маориф дар самти бунёд ва ба истифода додани биноҳои таълимии нав, инчунин, бо таҷҳизоти муосири таълим муҷаҳҳаз намудани онҳо тадбирҳои муассир андешида истодааст. Боиси хушнудист, ки Президенти мамлакат санаи 14-уми декабри соли 2023 бинои нави таълимии Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро дар вилояти Хатлон ба истифода доданд. Мавриди зикр аст, ки бинои нави Филиали Донишгоҳ дар вилояти Хатлон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи лоиҳаи муосир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Бинои таълимии мазкур аз 7 ошёна иборат буда, барои 2500 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, дорои 27 ҳуҷраи корӣ, 37 синфхонаи барҳавои таълимӣ, 4 марказ, аз ҷумла Маркази таҳқиқоти “иқтисоди сабз”, Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, Маркази забони русӣ, Маркази зеҳни сунъӣ, озмоишгоҳҳои фаъолияти гумрукӣ ва 1С:Бухгалтерия мебошад. Бунёди меҳмонхонаи таълимӣ, хизматрасонии тарабхонавӣ ва тарабхонаи таълимӣ бо тамоми дастгоҳу аёниятҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз, китобхонаҳои илмӣ-электронӣ бо махзани ғании адабиёти бадеиву соҳавӣ ва толорҳои хониш бо 120 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ ва ошхона мутаносибан бо 500 ва 130 ҷойи нишаст аз имкониятҳои дигари иншооти нав аст. Парки технологӣ ва филиали институти илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ дар бинои нав аз бахшҳои дигари филиал аст, ки бо мақсади татбиқи донишҳои назариявии донишҷӯён дар амалия ва амиқтар омӯхтани илмҳои муосир дар доираи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҷойгир карда шудаанд. Раёсати Донишгоҳ тасмим дорад, ки баҳри боз ҳам тақвият бахшидани корҳои созандагӣ бунёди биноҳои таълимии филиалҳои Донишгоҳро дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Хуҷанд оғоз намояд. Пешвои миллат зимни ироаи Паём қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад ва дар ин раддабандӣҷумҳурии мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд. Дар ин раванд тасмими навбатии Ҳукумати мамлакат вобаста ба 40 фоиз баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо иқдоми басо манфиатбахш ва саривақтӣ буда, барои рушди сармояи инсонии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид доштанд, ки баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад. Ин дастуру супоришҳо моро бори дигар водор месозад, ки бо садоқату самимият ҷиҳати таъмини роҳнамоиҳои Сарвари давлат дар самти баланд бардоштани сатҳи сармояи инсонӣ ва ба ин васила, саҳм гузоштан дар шукуфоию ободии Ватани азизамон саъю кӯшиш намоем. Ҷиҳати иҷрои роҳнамоиҳои Пешвои миллат дар самти таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ дар заминаи истифодаи низоми дуалии таҳсилот ва омода кардани кадрҳои баландихтисос дар соли 2023 дар назди Донишгоҳ ду коллеҷ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант аз рӯйи ихтисосҳои самтҳои саноат, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ таъсис дода шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қайд намуданд, ки мо бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва аз бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар ва ҷалби мутахассисону коршиносон аз дигар мамлакатҳо чораҳои зарурӣ андешем. Дар робита ба ин, Донишгоҳ имрӯз бо беш аз 160 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷӣ, инчунин, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣҳамкориҳои судманд дошта, бо мақсади баланд бардоштани маҳорату савияи тахассусӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳотабодули академии омӯзгорону донишҷӯёнро роҳандозӣ намудааст ва минбаъд низ баҳри таъмини иҷрои супоришҳои Сарвари давлат фаъолиятро дар ин самт тақвият мебахшад. Итминони комил дорем, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём назди масъулини соҳаи илму маорифи кишвар гузошта шуданд, метавонад дар рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ ва ба ин васила, дар пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намояд. Убайдулло АСРОРЗОДА,
ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Соҳибкор" |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.