Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Нозирон: Надежда Савченко гуруснашиниро қатъ накардааст

Нозирон: Надежда Савченко гуруснашиниро қатъ накардааст

15-03-2016, 11:43
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Нозирон: Надежда Савченко гуруснашиниро қатъ накардааст
Ду нозири ҷамъиятӣ - Валентина Череватенко ва Владимир Катасонов ба дидори низомии украинӣ Надежда Савченко ба боздоштгоҳ рафтанд.

Дар ин бора рӯзноманигори рус Виктория Ивлева дар Фейсбук хабар додааст. Нозирони ҷамъиятӣ ба ин рӯзноманигор гуфтаанд, вазъи Савченко муътадил аст, дар рӯз ду маротиба фишор ва ҳарораташ санҷида мешавад, вале вай аз ташхиси тиббӣ даст кашидааст. Надежда об менӯшад. Ӯро маҷбур накардаанд, ки ғизо хурад.

"... Ҳама медонанд, ки ман аз гуруснашинӣ даст намекашам, дар зиндони ин кишвар намешинам ва ин ҷо зиндагӣ ҳам намекунам", - аз қавли Савченко гуфтааст Череватенко.

Вакили Савченко Марк Фейгин 10 март хабар дод, ки нафари зери ҳимояаш бо хоҳиши шахсии президенти Украина Петр Порошенко ба нӯшидани об шуруъ кардааст. Вале баъдтар маълум шуд, ки номаи президент дар мавриди ин хоҳиш қалбакӣ будааст ва Фейгин муаллифони онро ба додгоҳ мекашад.

Қарор аст 21 ва ё 22 март додгоҳи шаҳрии Донетски вилояти Ростови Русия қарори худро нисбати Савченко эълон кунад. Савченко дар ҳамдастӣ ба куштори ду хабарнигори телевизиони давлатии Русия дар соли 2014, ҳамчунин убури ғайриқонунии марз айбдор мешавад. Додситон барои вай 23 сол зиндон талаб кардааст. Савченко ин айбҳоро рад мекунад.

Дар Украинаву Русия ва кишварҳои дигар шаҳрвадондон бо баргузории намоишҳои эътирозӣ, озодии фаврии Савченкоро талаб карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: