Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе вобаста ба самти баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон машварат доир гардид

Дар Душанбе вобаста ба самти баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон машварат доир гардид

4-06-2024, 07:30
Хабарро хонданд: 1943 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе вобаста ба самти баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон машварат доир гардидИмрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар мавзуи «Муколамаи Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо вакилзанон дар самти баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон» машварат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар машварат вакилзанони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дафтари Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва дигарон иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки солҳои охир баробарии гендерӣ дар саросари ҷаҳон ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯз мубаддал гардида, дар нишасту ҷаласаҳои созмонҳои ҷамъиятиву давлатӣ, милливу байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз 20 декабри соли 1993 ҳангоми Конфронси ҷаҳонии ҳуқуқи инсон Эъломия дар бораи барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занонро қабул намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки қадами муҳим дар самти пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар Тоҷикистон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 мебошад.







Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муҳим дониста мешавад, ки он ба рушди минбаъдаи қонунгузории гендерӣ дар мамлакат мусоидат мекунад.

Илова карда шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида занони Тоҷикистон имконият пайдо кардаанд, ки неруяшонро дар арсаҳои сиёсат, дипломатия, иқтисод, иҷтимоиёт ва фарҳанг амалӣ намоянд. Имрӯз занону духтарони тоҷик ба хотири рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзанда мегузоранд.


Дар айни замон шумораи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон 8 нафар ё 26,7% ва вакилон аз ҳисоби занон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 нафар ё 25,3% ро ташкил медиҳанд. Ҳол он ки дар даъвати якуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1995 — 2000 шумораи вакилзанон аз 182 нафар мард танҳо 5 нафарро ташкил додааст.

Дар назди иштирокчиёни машварат Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами ва вакилзанони Маҷлиси намояндагон сухан гуфтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: