Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Семинар-машварат оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ

Семинар-машварат оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ

8-02-2022, 08:38
Хабарро хонданд: 110 нафар
Назарҳо: 0
Семинар-машварат оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ
3 феврал дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар -машварат дар мавзуи “Баланд бардоштани огоҳӣ ва ҳассосияти ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ оид ба зуроварии ҷинсӣ ва гендерӣ дар раванди таҳияи қонунгузорӣ ва муқаррарот оид ба баробарии гендерӣ ва вокуниш ба зӯроварӣ” доир гардид. Дар ҳамоиш Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони шаҳриву ноҳиявӣ, роҳбарияти Кумитаи занон ва оила ва ҳамчунин, дигар коршиносони соҳа иштирок доштанд. Зимни баргузории семинар-машварат мавзуъҳои “Мафҳум ва мазмуни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Муқоисаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ”, “Ҳамкории байниидоравӣ ҳамчун асоси маҷмуи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар муносибатҳои оилавӣ: вазъ, ҳолат ва дурнамо”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 санади дурнамоӣ кишвар дар самти тақвияти ҳуқуқҳои занон” матраҳ гардиданд. Семинар-машварат бо мақсади аз байн бурдани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ва иҷрои қонуну барномаҳои қабулгардида мебошад.
Зимни суханронии масъулин иброз гардид, ки набудани ҳамдигарфаҳмӣ миёни зану шавҳар, баҳонаҳои ночиз барои харидории ҷиҳози хона, муҳити носолими оилавӣ ва пеш аз ҳама, хушунату зуроварӣ омилҳои аслии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, баҳри дуруст тарбия ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани ҷавонон дар баробари сохторҳои дахлдор ҷомеа низ бояд бетараф набошад ва барои барқарор намудани оилаҳои ҷавону пешгирии ҳодисаҳои ҷудошавии зану шавҳар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарѓиби суннатҳои оиладории мардуми тоҷикро бештар ба роҳ монанд. Дар ҷараёни чорабинӣ ҳозирин фикру мулоҳизаҳои худро доир ба хушунати хонаводагӣ баён доштанд.
Ҳамчунин, тибқи иттилои масъулин ҳамасола дар ҳудуди шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла конфронсу мизҳои мудаввар, семинарҳо, аксияву викторинаҳо гузаронида мешаванд, ки ҳадафи аслӣ даъват намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона воқеӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оилаҳо мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” 19 марти соли 2013 ба тасвиб расидааст. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд. Вобаста ба ин, аз ҷониби масъулини соҳа чорабиниҳои гуногун ташкилу ба роҳ монда мешаванд, ки барои ҳалли ин гуна мушкилот заминаи мусоидро фароҳам меоранд.

Саида ХОҶАЕВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: