Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Баробарии гендерӣ- талаби замон

Баробарии гендерӣ- талаби замон

3-03-2022, 11:30
Хабарро хонданд: 885 нафар
Назарҳо: 0
Баробарии гендерӣ- талаби замон

Дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе бо ташабусси роҳбари офиси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар Таҷикистон хонум Тея Ҷалиашвили дар ҳамкорӣ бо бюрои ин созмон оид ба институти демократӣ ва ҳуқуқи инсон, ки дар кишвари Полша қарор дорад дар мавзуи «Таъмини баробарии гендерӣ дар Парлумон» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар кори он бонувони вакил аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, кормандони мақомоти судӣ ва воситаҳои ахбори оммаи кишвар иштирок карданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Дилрабо Мансурӣ дар ҳамоиш ибрози андешаҳо намуда, гуфт ки ҷаласаи илмии имрӯза фурсати хубест барои муҳокима ва саҳм гузоштани вакилони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушд ва нумўи тавонмандсозии занон ва баробарии самараноки гендерии онҳо дар Парлумони Тоҷикистони соҳибистиқлол.
Дар рафти машварати зарурӣ ва муҳим, ки дар шакли офлайм ва онлайн доир гардид, беш аз 9 мавзуъ дар се сессияи корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дар ҷамъбасти он тавсияҳои таҳкимбахши илмию амалӣ дар ин самти муфид қабул гардид. Коршиносони байналмилалӣ Соня Локар аз Словения, Саша Гаврик ва Юлия Нетесова аз Полша, коршиносони миллӣ Мавҷуда Пулодӣ, Вилоят Мирзоева ва Гулчеҳра Шарипова бо мавзуъҳои актуалӣ, таҳлилӣ ва таҳқиқӣ аз лиҳози сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ баҳои баланд дода, дар ҳаёти ҳаррўзаи низоми сиёсии ҷомеа ҷойгоҳ, мавқеъ ва нақши бонувони сиёсатофарро муҳим ва зарур донист.
Дар рафти муҳокимаи мавзуъҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, Раъно Бобоҷониён, Насиба Содиқӣ, Гулбаҳор Ашурзода, Сураё Уроқова ва Мавлуда Мирзозода ибрози назар намуда, фаъолноки нишон дода, ҳаракат мекарданд паҳлўҳои зиёди пешрафти ҷумҳуриро дар замони соҳибихтиёрӣ баён намоянд.
Дар рафти машварати илмӣ-амалӣ бамаврид қайд гардид, ки Роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, татбиқи сиёсати самарабахши гендериро роҳандозӣ намуда, барои таъмини баробарҳуқуқуии занон саҳми назарас гузоштаанд.
Ба касе пўшида нест, ки дар ин самт дастури алоҳидаи Пешвои муаззами миллат, ироа гардида буд, ки мутобиқи он теъдоди хизматчиёни давлатӣ аз 24 фоиз то ба 30 фоиз бояд расонида шавад, аз ҳисоби бонувони фаъол ҳамасола пешбарӣ ба мансабҳои роҳбарикунанда афзоиш ёбад.
Ҷоиз аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди қонунгузории гендерӣ замина мегузорад. Ҳамчунин, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба рушди минбаъдаи қонунгузории гендерӣ дар кишвар мусоидат мекунад ва дар коҳиш додани нобаробарии иҷтимоӣ ва гендерӣ дар ҳамаи шаклҳо дурнамоҳо тарҳрезӣ гардидааст. Дар Стратегияи мазкур масъалаҳои фаъолгардонии нақши занон дар равандҳои идоракунӣ, татбиқи ҳуқуқҳои онҳо дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, меҳнат, маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ, иқтисод ва ғайра, рафъи ҳамагуна шаклҳои табъиз ва зўроварӣ нисбат ба занону духтарон баррасӣ мегарданд, ки ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи шартномаҳои байналмилалӣ ва махсусан назди Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, заминаи мусоиди сиёсӣ фароҳам меорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ҳамчунин, Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 нақшаи чорабиниҳои миллии мазкур, тадбирҳо оид ба гузаронидани экспертизаи гендерии қонунгузорӣ, ташаккули кадрҳои захиравӣ барои пешбарӣ ба сохторҳои идоракунии гендериро пешбинӣ менамояд.
Мақсади асосии Стратегия фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои сафарбарии ҳарчи бештари қобилияти занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ бо мақсади таъмини рушди устувори ҷомеа мебошад.
Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии духтарон ба таҳсил соли 1997 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷудо намудани квотаҳои президентӣ барои духтарони лаёқатманд аз ноҳияҳои дурдаст қабул карда шуд.
Барои тарбия ва пешбарӣ намудани занони роҳбар барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони қобилиятнок барои солҳои 2017-2022” таҳия шудааст. «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва Барномаи давлатии тайёр намудани занони мутахассис ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2017-2022 қабул гардиданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии мардону занон ва имконияти баробари татбиқи онҳо» ҳуҷҷати муҳим дар такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардид.
Барои беҳтар намудани дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид. Барои иҷрои ин барнома ва таҳкими иқтидори вазорату идораҳо ҳамасола аз буҷети давлатӣ 2 миллион сомонӣ ҷудо мешавад.
То имрӯз зиёда аз даҳҳо қонун, конвенсияҳо, консепсияҳо, стратегияҳо, ва барномаҳои давлатӣ, қабул карда шудаанд, ки пурра ба масъалаҳои гендерӣ, фаъолгардонии занон ва духтарон, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани принсипҳои гендерӣ ба қонунгузории ҷумҳурӣ бахшида шудаанд.
Якчанд қонунҳои дигар, ки ба дастгирии оилаҳои осебпазир, фароҳам овардани фазои мусоид дар оила ва тарбияи фарзандон нигаронида шудаанд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Дар бораи кумаки суроғавии иҷтимоӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи манъи ақди никоҳи хешутаборӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси оила оид ба муоинаи ҳатмии тиббӣ мебошанд.
Дар ин замина, бояд гуфт, ки занони Парлумони Тоҷикистон барои татбиқи бахшҳои сиёсӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон имкониятҳои нав пайдо карданд.
Муҳокимаҳои парлумонӣ, муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо ҷалби ВАО, тарғиби таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа дар вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон ва ҳамкории байнипарлумонӣ дар минтақа аз салоҳият, ҳадаф ва вазифаҳои фаъолияти қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад, ки дар рафти ин омўзиши таконбахш, таҳкимбахш ва таъминкунандаи имиҷи сиёсии кишвар дар сатҳи глобалӣ аст, аз ҷониби вакилони Парламенти кишвар саривақт қайд гардид.
Дар ҷамъбасти кори машварати илмӣ-амалӣ ба кулли иштирокчиён, ки зиёда аз 40 нафар буданд, маводҳои зиёди айёнӣ ва электронӣ аз қабили китобҳо, дастурҳо, тавсияномаҳо, таҷҳизоти электронӣ тақдим шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: