Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КӮДАКОН — ИДОМАБАХШИ ЗИНДАГӢ

КӮДАКОН — ИДОМАБАХШИ ЗИНДАГӢ

1-06-2024, 08:29
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
КӮДАКОН — ИДОМАБАХШИ ЗИНДАГӢКӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат буда, ҳифзу ҳимоя ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҷонӣ ва аввалиндараҷаи фард, ҷомеа ва давлату миллат мебошад. Бо ҳамин асос 1 июн дар аксари давлатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муқаррар гардидааст.

Соли 1989 дар Созмони Милали Муттаҳид Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак қабул гардид, ки тибқи тавсияи он ҳимояи ҳуқуқи кӯдак бояд дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон риоя гардад. Дар асоси ин ҳуҷҷат ҳамаи онҳое, ки ба синни 18 нарасидаанд, кӯдак ҳисобида мешаванд. Тибқи моддаи 2-и ҳуҷҷати мазкур: «Ҳамаи кӯдакон, новобаста аз ҷинс, синну сол, эътиқоди динӣ ва ранги пӯст баробарҳуқуқанд». Аз таърихи 2 сентябри соли 1990 ин Конвенсия ҳукми амал пайдо кард ва нуқтаи муҳими он амалҳое мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ давоми қариб 70 сол барои таъмин ва эътирофи ҳуқуқи кӯдакон кӯшиш намуда буданд.

Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1993 ба тасвиб расонид ва уҳдадориҳои худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони мамлакат нишон дод. Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак воситаи асосие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кӯдакон дарҷ гардидааст.

Ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон вазифаи муҳими давлат ва яке аз афзалияти асосии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Иқдоми пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони Тоҷикистон сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.

Мояи ифтихор ва сарбаландӣ аст, ки имрӯз насли навраси болаёқат номи Ватани азизи моро дар сатҳи байналмилалӣ машҳур мегардонад. Онҳо дар олимпиадаву озмунҳо, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён, медалу дипломҳои дараҷаҳои гуногун ва ифтихорномаҳо мегарданд.

Рӯзи ҳифзи кӯдакон аҳамияти кӯдаконро дар ҳаёт ва ҷомеаи мо ҳамчун узви муҳими ҷомеа таъкид мекунад ва моро вазифадор менамояд, ки ҳар кӯдак бояд ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва муҳити бехавф барои ба воя расидан дар он дастрасӣ дошта бошад. Дар ин рӯз маъмулан чорабиниҳои гуногун, аз қабили озмунҳои расмкашӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоишҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешаванд.

Бояд иброз намуд, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаёти солими кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо ҳамчун ба пояи асосии ояндасози миллат аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Додани илму дониш ва тарбияи накӯ ба кӯдакон вазифаи авалиндараҷаи волидайн, ҷомеа ва давлат нисбат ба кӯдакон мебошад. Дар ин ҷода дар мамлакат ҳама шароит барои таълиму тарбия ва донишандӯзии кӯдакон муҳайё гардидааст. Ҳамасола даҳҳо муассисаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо шароити ҳозиразамон ба истифода дода мешаванд.

Инчунин озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва амсоли онҳо, ки ба рушди зеҳнии кӯдакон мусоидат менамоянд, яке аз ташаббусҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб мераванд, ки ин ғамхорӣ нисбат ба насли наврас мебошад. Албатта, китоб барои кӯдакон на танҳо манбаи иттилоот, балки равзанаи ҷаҳони навест, ки пур аз сафарҳову кашфиёти аҷиб мебошад. Китоб дониш дода, тафаккур, тасаввурот ва нутқро рушд медиҳад, аммо аз ҳама муҳим – эҳсосро бедор месозад: дӯст доштан, фарқ кардани некию бадиро таълим медиҳад. Дар асри технологияи иттилоотӣ рақобати китоб бо интернет, бозиҳои рангини компютерӣ ва филмҳои тасвирӣ беш мешавад. Афсӯс, ки аксари кӯдакони муосир хонданро дӯст намедоранд ва аз олами китоб дида, тамошои филмҳои тасвириро афзал медонанд.

Ба хотири ҷалби бештари кӯдакон барои донишандӯзӣ чанд сол аст, ки дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 9 апрел намоишгоҳи китобҳои бачагона доир гардида, нашриёт маҳсули хешро пешниҳоди насли наврас мегардонанд. Аз соли 1974 инҷониб дар пойтахти мамлакат Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар фаъолият менамояд, ки ҳудуди 100 ҳазор китоб дорад. Вале, мутаассифона, солона ҳамагӣ 4-4,5 ҳазор хонанда ба ин даргоҳи илму маърифат муроҷиат менамояд.

Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳимояи манфиатҳои кӯдакон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатии онҳо ғамхории зиёд зоҳир менамоянд. Ин нишони он аст, ки давлати мо ба ояндаи дурахшони худ пойдевори мустаҳкам мегузорад.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон ба он хотир гузаронида мешавад, ки насли калонсол ба кӯдакон ва тақдири ояндаи онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.

Файзулло ИСМОНОВ,
Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: