Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КӮДАКОН ЗАНГӮЛАИ ИДОМАИ ҲАЁТАНД

КӮДАКОН ЗАНГӮЛАИ ИДОМАИ ҲАЁТАНД

31-05-2023, 13:47
Хабарро хонданд: 371 нафар
Назарҳо: 0
1 ИЮН – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

КӮДАКОН ЗАНГӮЛАИ ИДОМАИ ҲАЁТАНД

Ҳамасола 1-уми июн дар мамлакатҳои ҷаҳон, аз он ҷумла дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад.
Ҳанӯз 65 сол муқаддам, бо қарори Анҷумани Шурои Федератсияи байналмилалии демократии занон 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон эълон гардида, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишварҳои дунё таҷлил шуда буд. Ин сана ба мо, насли калонсол ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва омода кардани онҳо ба зиндагии оянда бар дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Воқеан ҳам, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Айни ҳол дар ҷаҳон бо қабули даҳҳо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва монанди инҳо барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кӯдакон заминаи устувор фароҳам оварда шудааст.
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз дар дунё теъдоди зиёди кӯдакон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ дучор мегарданд ва на ҳамаи онҳо зиндагии шоиста доранд.
Мувофиқи маълумоти Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷаҳон беш аз нисфи ноболиғон дар хонаводаҳое ба сар мебаранд, ки дар онҳо хушунати ҷисмониву равонӣ ҷой доранд ва ҳамарӯза аз даҳ кӯдак як нафар дучори озори калонсолон мегардад.
Дар баъзе кишварҳои Осиёву Африқо кӯдакон зери таҳдиди гуруснагӣ, бесаводӣ, задухӯрдҳои низомӣ ва сироятёбӣ ба бемориҳои вазнин зиндагӣ мекунанд.
Шумораи фавти кӯдакон дар ин кишварҳо нисбат ба мамлакатҳои пешрафта ду баробар зиёд аст ва беш аз 140 миллион кӯдак, ки аз нисф зиёди онҳоро духтарон ташкил мекунанд, аз муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ дур мондаанд.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат аз ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқиро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст.
Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 35 фоизи сокинони кишварро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.
Онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Зеро Тоҷикистон дар асоси Конститутсия давлати иҷтимоист ва барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон, аз ҷумла гурӯҳҳои ниёзманду камбизоати аҳолӣ вазифадор мебошад.
Инчунин, ҳамаи кӯдакони мамлакат узви комилҳуқуқи ҷомеаи мо буда, барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.
Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷойи кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андешида шудаанд.
Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвари мо бо таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон буда, давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ кафолат медиҳад.
Дар айни замон фарогирии хонандагон ба муассисаҳои таҳсилот 99 фоизро ташкил медиҳад, вале дар баробари андешидани ҳамаи тадбирҳои зикршуда аз тарафи баъзе наврасону ноболиғон содир кардани қонуншиканӣ ва ҷиноят, ҳатто ҷиноятҳои вазнин ба назар мерасад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои ноболиғон бо иллати назорати сусти волидайн ва бетарафии мактабу ҷомеа, тақлид ба қаҳрамонони филмҳои дорои хусусияти зӯроваридошта, ворид шудан ба марказҳои дилхушӣ ва истеъмоли шаробу маводи мухаддир содир шудаанд.
Яке аз ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ҳамин аст, ки дар баробари давлату Ҳукумат падару модарон масъулияти худро бештар дарк кунанд ва вазифаҳои базиммадоштаашонро бечунучаро иҷро намоянд.
Ҳукумати мамлакат меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдакон қадам ба қадам амалӣ менамояд.
Дар Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ӯ аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад.
Ба ҷомеаи мутамаддин аз рӯйи меъёрҳое баҳо медиҳанд, ки дар онҳо нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кӯдакони ятим, маъюбон ва пиронсолон чӣ гуна муносибат ва бархӯрд карда мешавад.
Аз ин рӯ, танҳо саъю талоши дастаҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад ба зиндагии фарзандони кишвар хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад.
Танҳо набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии ӯ фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба вай лозим аст.
Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо, насли калонсол вобастагӣ дорад. Ин нуқтаро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне, кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода карда, ӯро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, сулҳпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу неку ҳамида тарбия намоем.


Саидасрор Ғуломов - муовини раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: