Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмерон дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос шуд.
Дар ин рӯз ҳайати меҳмонон тавонистанд бо фаъолияти неругоҳ шинос шуда, доир ба таърихи он маълумоти бештар пайдо намоянд. Иттилоъ дода шуд, ки НБО-и «Норак» аз ҷиҳати сохт ва иқтидор бозёфти нодири муҳандисиву гидроэнергетикӣ дар олам ба шумор рафта, бартарӣ ва афзалияти истифодаи обро ҳамчун манбаи неруи барқ амиқу возеҳ исбот намуд. Фаъолияти неругоҳ собит менамояд, ки воқеъан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ бунёд намудан имконпазир аст ва ба ин восита метавон таҳкиму пешрафти иқтисоди миллиро дар сатҳи зарурӣ таъмин намуд.
Зимни шиносоӣ бо НБО-и “Норак” меҳмонон ба иқтидори энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол менамояд, баҳои баланд доданд.
Ҳамин тавр Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир ва ҳамроҳонаш зимни шиносоӣ бо фаъолияти НБО-и “Норак” таассуроти нек бардошта, боварӣ ҳосил намуданд, ки воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олам давлати пуроби биҳиштосо ва сарсабзу хуррам ба шумор меравад.
«Дар ин ҷо, яъне дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будан бисёр хуб аст. Ин бори аввал аст, ки Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир ба мамлакати шумо ба муддати дароз меояд ва дар ин ҷо будан шараф аст.
Бо Президенти шумо мулоқоти хеле хуб доштем. Мо дар бораи он суҳбат намудем, ки чӣ гуна мо якҷоя кор карда метавонем, то робитаҳои тиҷоратӣ афзоиш ёбанд, дар самти тавлиди энергияи «сабз», гузариш ба иқтисоди «сабз» ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба пешбурди «иқтисоди рақамӣ» ҳамкорӣ кунем», — таъкид намуд Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмерон.
Ба гуфти Дэвид Кэмерон, дар лоиҳаҳои бузурги экологӣ ва дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ имкон дорем ҳамкориро густариш бахшем. Метавон фонди сармоягузорие ташкил намуда, барои дастгирии тиҷорати хурд, сармоягузории сарсабзии иқлим таъсис дод ва метавонем омўзандагони забони англисиро дар мисоли ҳар як устод ва шавқманди забони англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар умум байни давлатҳои Осиёи Марказӣ тарғиб намоем, ки онҳо метавонанд ба воситаи лоиҳаҳо ба марҳилаи нави рушд шарафёб гарданд. Бори дигар аз ҳузурамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хушнуду ифтихорманд ҳастем. Мо бар ин ақидаем, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисоди «сабз», маблағгузории «сабз» ва соҳаи иқлим бояд дар сатҳи баланд бошад. Зеро дар вазъияти мураккаби тағйирёбии иқлим чунин лоиҳаҳои бузург, ба мисоли НБО-и “Норак” барои интиқоли неруи тозаи «сабз», аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ баҳри кам кардани истифодаи ангишт ва коҳиши газҳои гӯлхонаӣ нақши бориз дорад.
«Британияи Кабир мехоҳад чунин лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи «сабз»-ро дастгирӣ кунад. Ман фикр мекунам, ки боздид аз дуюмин бузургтарин сарбанд бисёр ҷолиб буд, бахусус шоҳиди фаъолияти тӯлонии он гаштам. Мо мехоҳем, ки чунин лоиҳаҳо зиёд шаванд, алалхусус ба монанди лоиҳаи CASA 1000, зеро тавассути он Осиёи Марказӣ барои интиқоли неру ба Осиёи Ҷанубӣ кумак менамояд», — ибрози назар намуд Дэвид Кэмерон.
Ба гуфти ӯ, ин барои он муҳим аст, ки на танҳо барои афзоиши даромад аз содирот ва таъмини ҷойҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки баҳри коҳиши вобастагӣ аз корхонаҳое, ки аз ангишт истифода мебаранд, дар Осиёи Ҷанубӣ ва ҳамин тариқ барои коҳиши газҳои гулхонаӣ мусоидат мекунад. Таъсири манфии тағйирёбии иқлим ҳам ба минтақаи шумо ва ҳам ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ зиёд аст, бо назардошти обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоте, ки шумо бо он дар ин ҷо рӯ ба рӯ ҳастед.