Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо 401,5 миллион долларро ташкил дод

Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо 401,5 миллион долларро ташкил дод

14-03-2024, 10:02
Хабарро хонданд: 382 нафар
Назарҳо: 0
Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо 401,5 миллион долларро ташкил додСоли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Иттиҳоди Аврупо 401,5 миллион долларро ташкил дод. Дар ин хусус зимни баргузории ҷаласаи 4 — уми Зеркумитаи рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Ҷаласа таҳти ҳамраисии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ва Сафир, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис баргузор гардид.

Изҳор шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики рушди боэътимод ва муҳим барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат меҳисобад.

Ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорату иқтисод, саноату сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, иштирок дар маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои минтақавӣ, ҳамчунин мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи системаи тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

Ашурбой Солеҳзода оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуфташуда маълумот дода, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дархост ба амал овард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи «сабз», бахусус сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ ва таҳкими сарҳадот маблағгузориро зиёд намояд.

Намояндаи Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод, ки дар доираи марҳилаи аввали Барномаи индикативии Иттиҳоди Арупо барои солҳои 2021- 2024 ба самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон 91 миллион евро равона гардида, лоиҳаҳо татбиқ мешаванд. Инчунин вобаста ба манфиатҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа маълумоти муфассал пешниҳод гардида, аз Иттиҳоди Аврупо даъват шуд, ки барои сохтмони ин иншооти бузург маблағ ҷудо намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи нави Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2024-2027 дар ҳолати таҳия қарор дошта, ҳаҷми маблағгузории он соли 2024 муайян мешавад.

Дар анҷоми ҷаласаи Зеркумита ҷонибҳо омодагиашонро ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои гуфташуда изҳор намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: