Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » “ИҚТИСОДИ САБЗ”-И ТОҶИКИСТОН: МУШКИЛОТИ ҶОЙДОШТА ВА ТАДБИРҲОИ АМАЛИШАВАНДА

“ИҚТИСОДИ САБЗ”-И ТОҶИКИСТОН: МУШКИЛОТИ ҶОЙДОШТА ВА ТАДБИРҲОИ АМАЛИШАВАНДА

8-01-2024, 14:36
Хабарро хонданд: 803 нафар
Назарҳо: 0
“ИҚТИСОДИ САБЗ”-И ТОҶИКИСТОН: МУШКИЛОТИ ҶОЙДОШТА ВА ТАДБИРҲОИ АМАЛИШАВАНДА

Дар даҳсолаҳои охир дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ бештар мафҳумҳои “саноати сабз”, “шуғли сабз”, “сармояи сабз”, “энергияи сабз” ва дигар мафҳумҳо бо ибораҳои «сабз» истифода бурда мешаванд. Ҳатто баъзе аз сарчашмаҳо дар хусуси “инноватсия ва технологияи сабз” низ маълумот медиҳанд, ки зери ин мафҳум технологияи нав бо таъсири минималӣ ба муҳити зист фаҳмида мешавад. Аз ҷумла энергияи алтернативии барқароршаванда (обӣ, офтобӣ, шамолӣ), нақлиёти бо қувваи барқ ҳаракаткунанда, сӯзишвории биологӣ ва ғайраҳо.
Дар маҷмуъ, мафҳуми “иқтисоди сабз” чунин низоми иқтисодиро дарбар мегирад, ки технологияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз нуқтаи назари иқтисодӣ самаранок бояд асоси рушди устувори иқтисодиро таъмин намояд.
Иқтисоди анъанавӣ, тавре ки маълум аст, меҳнат, технология ва захираҳоро дарбар гирифта, кӯшиш менамояд, ки молҳои истеъмолии ниҳоиро истеҳсол намояд.
“Иқтисоди сабз” бошад, баръакс, бояд партовҳоро ба сикл (доира)-и истеҳсолӣ баргардонда, таъсири манфии партовҳоро ба муҳити зист кам карда, сатҳи таваккалро барои муҳити зист ва таназзули низоми экологӣ ба дараҷаи даркорӣ паст намояд.
Аз ин ҷост, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаҳо ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлими Олӣ аз таърихи 28-уми декабри соли 2023 бамаврид қайд карда шудаанд. Аз он ҷумла Пешвои миллат зикр карданд, ки ташаккули “иқтисоди сабз”, суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудаем.
Ба ақидаи Пешвои миллат, солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст.
Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд. Аз ин ҷост, ки “иқтисоди сабз”-ро дар баъзан ҳолатҳо ҳамчун мубориза ба тағйирёбии иқлим ва самтҳои ояндаи баромадан аз буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ низ арзёбӣ менамоянд. Яке аз хусусиятҳои рушди он, ки нисбатан машҳуртар аст бо номи “иқтисоди гази карбонаш паст” (lowcarbon economy), муаррифӣ гардидани “иқтисоди сабз” мебошад.
Бинобар ин, бо мақсади истеҳсоли “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз” ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.
Дар робита ба ин, Президенти мамлакат ба Саридораи геология супориш доданд, ки бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи нави равандҳои экзогениву геологии кишварро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Пешвои миллат зимни ироаи қаблии Паёми солонаи худ низ ба Маҷлиси Олӣ доимо аз ташаккул ва рушди ояндаи “иқтисоди сабз” ёдовар мешуданд. Масалан, дар Паёми дар таърихи 23-юми декабри соли 2022 ба Маҷлисӣ Олӣ пешниҳоднамуда Сардори давлат қайд намудаанд, ки «...такроран таъкид менамоям, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули “иқтисоди сабз”... равона карда шавад».
Ҳамзамон, Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд.
Як нуктаро низ бояд қайд намуд, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба рушди “энергияи сабз” ва раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.
Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои азнавсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 млрд. сомонӣ равона карда шуда, низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб, ки ба анҷом расида буд, таҷдиду азнавсозӣ карда шуд.
Тавре ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ қайд карданд, дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 млрд. сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд. Инчунин, таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъд аз ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмуъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад.
Нуктаи муҳим ин аст, ки неругоҳҳои зикршуда баъд аз азнавсозӣ боз даҳсолаҳои дигар хизмат менамоянд.
Маҳз амалисозии тадбирҳо ва чорабиниҳои комплексӣ имкон доданд, ки Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли “энергияи сабз” ва содироти он дар самти ноил гардидан ба ҳадафи стратегӣ - расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Масалан, соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум, 4,8 миллиард киловатт-соат ё ин ки 28% зиёд мебошад.
Ба ақидаи Пешвои миллат, новобаста аз муваффақиятҳои бадастомада, ҳамзамон, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда зарур аст, ки дар солҳои оянда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохтору мақомоти марбута тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:
Якум: бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавлиди “энергияи сабз” ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар вусъат дода шаванд.
Дуюм: барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ - қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо назардошти бунёди хатти интиқоли неруи барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад.
Сеюм: дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт-соат афзоиш додани содироти неруи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Чорум: ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 фоизи талафот татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ин самт таъмин гардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҳалли ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат бахшида шавад.
Панҷум: бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли “энергияи сабз”, яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Шашум: корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ тақвият бахшида шаванд.
Ҳамзамон, ба андешаи Сардори давлат дар назар дошта мешавад, ки соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дар маҷмуъ, тавре ки аз Паёми навбатӣ бармеояд, бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳоло дар ин иншооти муҳими аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,5 ҳазор техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд.
Ҳамзамон, бо пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.
Дар маҷмуъ, бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо “энергияи сабз” таъмин гардида (ҳоло ин нишондиҳанда зиёда аз 98 фоизро ташкил медиҳад), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.
Ин рақамҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷумҳурии ҷавону ояндадори мо ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” соли 2037, воқеан, ба “кишвари сабз” табдил меёбад.
Хотиррасон месозем, ки ҳоло кишвари мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дошта, баъд аз амалисозии тадбирҳои дар боло овардашуда метавонад то 2 зина боло барояд.
Ҳамин тавр, ба ақидаи Роҳбари давлат, мушкилоти ҷойдошта аҳли башар, аз ҷумла ҳамаи моро водор месозад, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне, ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешида шавад.
Мо низ дар тақвияти андешаҳои Пешвои миллат зикр менамоем, ки албатта, амалисозии тадбирҳои баррасишуда имкон медиҳанд, ки равнақи зарурии ҳамаи соҳаҳои “иқтисоди сабз” асосноку баробар таъмин шаванд.
Аз ин ҷост, ки бо мақсади муаррифӣ намудан ва рушди ояндаи “иқтисоди сабз” дар базаи кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли чорум аст, ки ихтисоси 25011027 - “Иқтисоди сабз” амал намуда, донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамин сол аввалин донишҷӯён донишгоҳро хатм менамоянд. Ҳамзамон, бо боварӣ қайд менамоем, ки амалисозии чунин тадбирҳо воқеӣ аст ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар ҳолати ҳалли тадбирҳои дар боло овардашуда рушди “иқтисоди сабз”-ро таъмин намуда, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматҳои ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю аз нуқтаи назари иқтисодӣ самаранок ба роҳ монда шавад.

Ҳисайн ИСАЙНОВ,
аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш"-и ДМТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: