Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СОЗАНДА БОШЕМ, НА СӮЗАНДА!

СОЗАНДА БОШЕМ, НА СӮЗАНДА!

17-04-2024, 11:12
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
                  СОЗАНДА БОШЕМ, НА СӮЗАНДА!
“Барои ҳимояи ин сарзамини муқаддас омода бошед, то дар ин хоки муқаддас хоҳарону модарони шарафманди мову шумо зиндагииосуда дошта бошанд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони диндар байни ҷомеа ҳамовозии ҳамаҷониба пайдо карда, оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, талқини шаҳрвандон ҷиҳати арҷгузорӣ ба истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат, пешрафти мамлакат ва амалисозии ормонҳои миллӣиқдоми муҳимму сарвақтӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат, ки аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон хуб огоҳ ҳастанд, дар ибтидои мулоқот иброз доштанд,ки вазъи ноороми ҷомеа, муносибати давлатҳои абарқудрат ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ, ҷангҳои идомадошта дар як қатор давлатҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон тақозо менамояд,ки ба оянда назари нек дошта бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат, тинҷию оромӣ расанд, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро ҳифз ва афзун намоянд.
Марҳилаи кунунии давлатдорӣ аз мо ҳушёриву зиракӣ, садоқат ба Ватан ва оштинопазирӣ нисбат ба падидаҳои номатлубро талаб менамояд.
Дар робита ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон Сарвари давлат зикр карданд,кибарои мардуми шарафманди кишвар баҳри амалӣ намудани ҳама рукнҳои дини мубини ислом аз ҷониби давлат шароиту имкониятипурра муҳайё буда, фақат аз эътиқодмандони дини ислом шукргузорӣ,самимият ба Ватан, роҳ надодан ба бегонапарастӣ ва дурӣ ҷустан аз ифротгароӣ, фарҳанги бегона ва хурофотпарастиро талаб менамояд.
Таъкид шуд,ки дар ибтидои солҳои 90-уми қарни20 бинобар носипосӣ ба сулҳу ваҳдат ва тинҷию амонӣва роҳ додан ба хатоии сиёсӣ таҳкими истиқлоли давлатӣ зери хатар монд.Мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудва дар сафи пеши ин воқеа руҳониён ва нафаронидар хориҷи кишвартаҳсил ва дастургирифта меистоданд. Ин ашхос як гурӯҳ шаҳрвандони аз сиёсат дурро ба майдон кашида, таҳти шиорҳои исломӣ ба табаддулоти давлатӣ равона намуданд ва бо коштани тухми низоъ ва кина дар байни аҳолӣ истеъфои рохбариати қонунии мамлакатро талаб карда, бо ҳамин сабабгори оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон шуданд, ки панҷ сол идома ёфт.
Он замон вазъият чунин шуда буд,ки падар ба писар ва бародар ба бародар бегона гардида,бо баҳсҳои сиёсии тезутунд дар сангарҳои муқобил меистоданд ва ба сари ҳамдигар санги маломат партофта, ҷони ширини худро қурбон мекарданд.
Ҳамаи ин ношукрӣ ба тинҷию амонӣ имкониятҳои Ҳукумати ҳамонвақтаро барҳам дода, пешрафти иқтисодии мамлакатро даҳсолаҳо ба таъхир андохт.Дар натиҷа мамлакат 10 миллиард доллари амрикоӣ, баробар ба 110 миллиард сомонӣ зиёни молиявӣ дид. Бинобар сабаби он ки сохтори давлатдорӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавқеи худро аз даст дода буданд, хатари порчашавӣ ва аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба вуҷуд омада буд.
Хушбахтона,дар Ватани азизи мо ақли солим ғалаба кард.
Дар рӯзҳои аввали баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҚасри Арбоби шаҳри ХуҷандРаиси Шурои Олии тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «минбаъд Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ пеш меравад»ва ин пешниҳоди Пешвои миллат дар моддаи 1-и Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистонифодаи худро пайдо намуд ва 6-уми ноябри соли 1994 аз ҷониби халқи кишвар дастгирӣ ёфт.
Дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Иқтидори мудофиавии мамлакат афзуд, сулҳу ваҳдат таҳким ёфт, сатҳи зиндагии мардум баланд гардида, камбизоатӣ хеле коҳиш ёфт. Нуфузи сиёсии давлат афзуд.
Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ гардид ва дар ин самт панҷ пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон вобаста ба обу иқлим аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт ва дар айни замон амалӣ гардида истодаанд.
Дар ин муддат мо анъанаҳои неки ниёгонро барқарор намудем. Идҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ваСада эҳё гардиданд. Дар руҳияи эҳтиром ба суннатҳои исломӣ ҳар сол бамаврид идҳои Қурбон ва Рамазон таҷлил мегарданд.
Мо ба бузургони миллат, аз ҷумла Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, МавлоноҶалолиддини Балхӣ, Абуалӣ Ибни Сино,Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, МуҳаммадиҒазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон арҷгузорӣ намуда, ашъори ибратбахши мутафаккирони бузурги миллати тоҷикро нашрва ба хотири эҳтиром гузоштан ба дини мубини ислом Қуръони каримро се маротиба ба забони тоҷикӣ чоп ва ба аҳолӣ дастрас кардем. Ба хотири тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, донистани таърихи миллат, фарҳанги бою ғании миллӣ китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва дастраси аҳолии кишвар гардонда шуд.
Ҳамаи ин ташаббускориҳо ва рӯйдодҳои муҳим аз ҷониби Пешвои миллат ғамхорӣ нисбат ба мардуми кишвар буда, аз мо, шаҳрвандон сипосмандӣ ва эҳтиром ба ин хоку сарзаминро талаб менамояд.
Ба хотири онки 99 фоизи аҳолии кишвар пайравони дини мубини ислом ва 60 фоизи мусулмонони ҷаҳон пайравимазҳаби Имоми Аъзам мебошанд, ба арзишҳои созандаву инсонпарварона арҷ мегузорем. Инчунин,баҳри амалӣ намудани ниёзҳои исломӣ дар ҷумҳурӣ Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ ваДонишкадаи давлатии исломӣ фаъолият мекунанд.
Дар бисёр маврид бархе рӯзҳои вазнини солҳои 90-умро фаромӯш мекунанд.
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда, тӯйҳои исломӣ ва арӯсию домодии миёншикан, хурофотпарастӣ васарфакориҳо дар маросими таъзия ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ расонид.
Бинобар ин, ба хотири дастгирии табақаи ниёзмандӣ аҳолӣ, бартараф кардани исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда дар тӯю маърака ва дигар маросим, баланд бардоштани маънавиёти аҳолӣҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бараи танзими анъана ва ҷашну маросим» қабул гардида, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро қонуни алоҳида ба танзим медарорад.
Гузаштаро набояд фаромӯш кард. Мо ба ин рӯзҳои босаодат ба осонӣ ноил нашудаем.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабу рӯз монда нашуда, заҳмат мекашанд. Шаҳрвандони баоруномуси тоҷик дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои раҳнамои Сарвари давлат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Калонсолон хуб дар хотир доранд,дар давраи пеш азсоҳибистиқлолии кишвар барои адои заруриятҳои динӣ имкон ва иҷозат набуд.
Дар мамлакат ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ ва 15 калисо фаъолият дошт. Мардум пинҳонӣ адои намоз мекарданд.На ҳар кас ба ҳаҷи фарзӣ ва ё умра рафта метавонист. Вале бо вуҷуди чунин маҳдудият дар он замон на ифротӣ буду на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ миқдори масҷидҳо зиёда аз чор ҳазор адад буда, ба 2000 нафар як адад масҷид рост меояд. Ин нишондод дар миёни кишварҳоиаъзоиИттиҳодиДавлатҳои Мустақил ба 3-3,5 ҳазор нафар як масҷид буда, дар дигар давлатҳо зиёда аз 5-6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 250 000 нафар ҳаҷи фарзӣ ва зиёда 400 000 нафар ҳаҷи умраро адо намудаанд.
Танҳо дар соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони мо маросими ҳаҷ ва умраро адо намудаанд,ки маблағи сарфшуда 1 миллиарду 200миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар 33соли соҳибистиқлолӣ бо ин мақсад 12 миллиард сомонии аҳолӣ сарф гардидааст. Ҳолонки дар айни замон дар 80 мамлакати ҷаҳонмардум аз норасоии маводи ғизоӣазият мекашанд ва мо бояд ба ҷойи ин хароҷоти беҳуда баҳри таъмини зиндагии шоистаи худ диққат дода,ақаллан барои ду соли оянда захираи маводи ғизоӣ дошта бошем.
Тоҷикистон давлати адолатпарвар аст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар 17 маротиба Қонун “Дар бораи авф” ба тасвиб расида, зиёда аз 170 ҳазор нафар ҷинояткорон аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҷазо озод карда шуданд. Бинобар пушаймонӣ аз кирдори худ нисбат ба 1640 нафар аз хориҷи кишвар ба Ватан баргаштагон парвандаҳои ҷиноятӣ қатъ карда шуд.
Оё ҳамаи ин аз баракати соҳибихтиёрии давлат нест? Оё ҳамаи ин ғамхорӣ дар ҳаққи мусулмонони кишвар нест?Оё ҳамаи ин пешравиҳо ва ғамхориҳо қобили дастгирӣ ва эҳтиром нест? Вале бар ивази ин қадар ғамхориҳо боз масъалаҳои таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ҷомеаи имрӯзаи моро ба ташвиш овардааст.
Ҳамаипешрафтҳои мамлакат дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, шаҳодат аз давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст.Вале дар солҳои охир аз ҷониби диндорони каммаърифат ва бетаҳсилот хурофот дар байни аҳолӣ тарғиб ёфта, аҳолии ноогоҳ аз асли Қуръонроба роҳи хато роҳнамоӣ намуданд. Ҳарчандтоинвақт фаъолияти зиёда аз 28 гурӯҳи ифротгарои ғайриқонунӣ манъ шудааст, боз дар дохил ва хориҷи кишвар пайравони ҳизби наҳзат, равияҳои тундгаро ва ифротӣ кам нестанд.
Дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ даст зада, худро тарконидаанд, ки барои ҳаммиллатони мо нанг аст.
Бинобар ин, -таъкид доштанд Пешвои миллат,- “вазифаи аҳли ҷомеа ва ходимони дин аз он иборат аст, ки дар байни мардум фаҳмиши давлатдорӣ, давлатсозӣ, хифзи якпорчагии ватан, ҳифзи сулҳу субот ва осоиштагӣ, пайравӣ накардан ба фарҳанги бегонаро тарбият намоем. Мо бояд ба пешрафти ҷомеаи имрӯза монеа эҷод накунем.Зеро пайравӣ ба ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ омили фанои миллат мебошад”.
Асосан ба ин кор гурӯҳҳои манфиатхоҳ,ки дар хориҷи кишвар дастгирӣ меёбанд, ҷавонони ноогоҳ ва бетаҷрибаро ҷалб намуда, зомини ҳаёти ширини онҳо мешаванд.Ҳол онкимо ба ҳама дину ойинҳо назари нек дорем.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ исботнамудааст,ки сабабгори ҳама мушкилот, қафомондагӣ ва ҷангу ҷидолҳо тайи 1400 соли охир баҳсҳои мазҳабӣ мебошанд ва тибқи маълумот аз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров давлати Сомониён,ки 124 сол ҳукмронӣ намудааст,бинобар роҳ додан ба тунгароии динӣ ва бегонапарастӣ рӯ ба шикаст оварда буд.
Ҳоло Тоҷикистон дар марҳилаи рушд, амалӣ намудани корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар давоми 33 соли соҳибистиқолӣаҳолии мамлакат аз 5 миллион нафар ба 10 миллион нафар расид, маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот хеле ободу зебо гардиданд.
Хурсандибахш аст,ки ҳоло 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Саҳми ҷавонон дар таъмини пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва ободонии кишвар назаррас аст.
Мутаассифона, бо ҳамин қадар пешравиҳо фазои ҷомеаи моро як гурӯҳ хоинони миллат ноором кардан мехоҳанд.
Мақсади онҳо амалӣ кардани дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиашон, талқини урфу одатҳои бегона, тарғиби пӯшидани сатру ҳиҷоб, ҷорӣ намудани фарҳанги бегона, ба хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ ҷалб намудани қишри каммаърифати аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон буда, боиси афсӯс аст,киаз ҷониби ҳаммиллатони мо ташкил карда мешавад.
Бархе ба қадри фарҳанги ғании миллӣ намерасанд. Аз ҳамин ҳисоб ҳоло ҳам 4075 нафар гумроҳшудагони ифротгаро дар ҷустуҷӯқарор доранд.
Рушди ҷомеаи имрӯза аз сатҳи баланди маърифати шаҳрвандон ва соҳибкорони муваффақ сахт вобастагӣ дорад.
Боиси хурсандӣ аст, ки иқдомҳои неки созандаи Пешвои миллатро дар Ватани азизи мо пиру барно дастгирӣ менамоянд.
Дар замони ҳозира бояд шаҳрвандони дорои маърифати баландӣ ҳуқуқӣ бошанд. Ҳуқуқҳои худро хуб донанд. Бо ҳамин мақсад ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ соли 2024- “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид.
Пешвои миллат ба соҳибкороне,ки дар ободонии маҳал ва сохтмони иншооти иҷтимоӣ саҳми назаррас доранд, изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки беҳтарин амали хайрва савоб ин садақаи ҷорӣ, яъне иҷрои корҳои ободонӣ ва созандагӣ, дастгирии муҳтоҷон, беморон ва табақаи ниёзманди аҳолӣ мебошад.
Адои ҳаҷи умра, ки ба мусобиқа табдил ёфтааст, танҳо як савоб буда, манфиати савоби рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бештар аст. Маъракаҳои ҳоҷиошӣ, ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат хилофи талаботи қонун буда,боиси касодии буҷаи оила ва исрофкорӣмегардад. Ин хурофотпарастӣ ва худнамоӣ аст.
Дар ин бобат талаботро ба ҳисоб гирифта,ширкатҳои сайёҳии беруна соҳиби маблағ мешаванд. Ҷойнамоз ва тасбеҳи истеҳсоли Чинро мардуми мо бештар мехаранд ва ҳамаи ин зарар ба иқтисодиёти давлат ва оила аст.
Бо ҳамин мақсад ба хотири пешгирии ҳаргуна қонуншиканӣ ва исрофкорӣПешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон ва ходимони дин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд,ки дар муддати ду моҳи оянда қонунҳои миллии танзими анъана ва ҷашну маросим ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро бозбинӣ намуда, барои вайронкунандагони қонун ҷазоҳои сахттар пешбинӣ карда шавад. Аз ходимони дин талаб карда шуд,ки оид ба пешгирии ингуна падидаҳои номатлуб дар сафи пеш бошанд.
Ба таъкиди Пешвои миллат ду навъ одамон: онҳое,ки дар хизмати қиблагоҳи худ(падару модар) ҳастанд ва онҳое, ки корҳои хайру савоб мекунанд, ба ҳаҷ ниёз надошта, аллакай онҳо соҳиби номи нек ва савобанд.
Ба таъкиди Роҳбаридавлатҷавонони мо дар озмунҳои қироатиҚуръон ширкат карда, соҳиби ҷойҳои намоён мешаванд, аммоҚуръонро тафсир ва маънои ояту сураҳои онро шарҳ дода наметавонанд.
Ин суханони Пешвои миллат бояд ифтихори мо, тоҷикон бошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимият иброз доштанд: «Миллати тоҷик таърихи зиёда аз 6000 - сола дорад. Мо ориётабор ҳастем. Ман ифтихор мекунам, ки тоҷик ҳастаму баъдан мусулмонам».
Ҳамин тавр, ҳамаи дастурҳои Пешвои миллат дар ин мулоқот роҳнамои фардои нек ва дастури саривақтӣ буда, баҳри анҷом додани корҳои хайрусавоб, дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятиму бепарастор, сарфаю сариштакорӣ, танзими маъракаю маросим, амалӣ намудани ҷавҳари Қуръоникаримаз мо масъулияти дучандро талаб менамояд.
Мақсад аз ин мулоқот ҳидояти мардум ба роҳи нек, ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, хизмат ба Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва якпорчагӣ, бунёдкорию созандагӣ баҳри ноил шудан ба зиндагии пурсаодат мебошад.


Мурод ШУКУРЗОДА,
узви Маҷлиси миллии МаҷлисиОлии Ҷумҳурии
Тоҷикистон,раиси Кумитаи иҷроияиҲХДТдаршаҳри Панҷакент
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: