ИСЛОҲОТИ БАРДАВОМ БО ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГӢ3-04-2024, 14:02
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
(Бардошт аз суханронии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар) Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муҳимтарине, ки пеши давлату миллат қарор дошт, ин ислоҳоти тамоми сохторҳои ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб мерафт. Инак, зиёда аз сӣ соли фаъолияти созанда ва фидокориҳои навоварона на танҳо барои ҳифзи истиқлол, балки ҷиҳати таҳкимбахшӣ, муаррифӣ ва густариши сиёсати дохилию хориҷии кишвар зери роҳбарию роҳнамоии яке аз абармардони ислоҳотгари сиёсию иҷтимоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, муваффақиятҳои зиёдеро дар пай дошт, ки чанде аз силсилакомёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷараёни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар зикр шуданд. Миллатҳои Шарқи мусулмонӣ дар асри бист сарнавишти нокомию маҳрумият аз дастовардҳои илми башариро пушти сар карда, дар талоши сохтмони миллатҳои худ ранҷу азиятҳои зиёдеро таҳаммул кардаанд. Охири садаи бист субҳи умед ба рӯйи миллати тоҷик, ки аз ҷумлаи милали Шарқ маҳсуб меёфт, низ дамида, мустақилиятро соҳиб гашт. Аммо, пас аз ба даст овардани истиқлоли кишвар ин муборизаҳо баръакс, печидатар шуда, мушкилоти сунъии зиёдеро дар сари роҳи миллатҳои дар ҳоли рушд қарордошта пеш овард. Роҳбари давлат дар мулоқоти худ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ёдовар шуданд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ яке аз мудҳиштарин ҳодисаҳое буд, ки миллати моро дар гирдоби бало печонда, то ба сарҳади нестӣ ва ҳазф аз харитаи ҷаҳон оварда мерасонид. Лекин, чӣ тавре ки шоҳиди муборизаҳои шадиди бозингарони минтақавию ҷаҳонӣ дар се даҳсолаи охир гардидем, ин гирдобҳо нақше бар об шуданд. Мутаассифона, имрӯзҳо низ чунин бозиҳо давом дошта, шакли худро дигар кардаанд, ки боиси нигаронии вазъи ҷомеаи имрӯзи мо гаштааст. Пешвои миллат вазъи нигаронкунандаи имрӯзи ҷаҳон ва минтақаро дар ибтидои суханрониашон «бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям», тавзеҳ доданд. Воқеан, бо тағйири шакл кардани бозиҳо дар Ховари Миёна ва Аврупои Шарқӣ, инчунин, ҳар лаҳза болоравии ташаннуҷ дар Осиёи Шарқӣ ҷаҳон боз ба ду қутби мухолиф ҷудо шуда, барномаи тақсимоти тамаддунии ҷаҳон пиёда шуда истодааст, ки боиси нигаронӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд мебошад. Президенти кишвар ёдовар шуданд, ки «Солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, вазъи мураккаби дар пайи пандемияи КОВИД-19 бавуҷудомада, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он -хушксоливу камобӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонида истодааст». Чунин вазъият бозиҳои минтақавиро низ тақвият бахшида, бо таърихсозиҳои ошкоро сохтаю бофта низоъҳоро рӯйи кор меоваранд. Сарчашмаи ҳар гуна тамаддун, пеш аз ҳама, ёдгориҳои археологию мероси хаттии ҳар қавму миллат мебошад, ки сокинони бумии минтақа - тоҷикон соҳиби он мебошанд. Ба гуфтаи Пешвои миллат, мутаассифона, бо надоштани худшиносии комил, ноогоҳии бештари қишри ҷомеа ва бетарафии аксари ходимони дин олимони худбохтаи мо шефтаю фирефтаи ақидаҳои ифротӣ ва таҳрифӣ гашта, даст ба ҳар гуна ҷиноятҳо зада, нисбат ба Ватану миллати хеш хиёнат мекунанд. Масъалаи дигаре, ки мехостем аз матни суханронии Президенти кишвар иқтибос орем, масъалаи озодии виҷдон мебошад. Роҳбари давлат ёдовар шуданд, ки «дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ мо ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ муяссар шудем ва мардумамон бо мазҳаби аҷдодӣ, бо пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардиданд». Яъне, яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли кишвар дар он аст, ки мо ба таври воқеӣ ба «эҳёи арзишҳои миллию динии хеш» бидуни ҳеҷ гуна таҳрифу таъбир сол то сол комёб шудем. Таърихи куҳани мо гувоҳӣ медиҳад, ки тоҷикон аз саргаҳи фарҳангу тамаддунсозӣ то ба ҳол барои худ ва башарият бо иродаи фарҳангмадории хеш саҳми хешро мегузоранд, ки маҳз панҷ ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат санади таъинкунандаи он мебошад. Дигар масъалае, ки Тоҷикистони навинро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, ин, пеш аз ҳама, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Президенти кишвар дар ин ҷаласа таъкид карданд, ки «Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод». Аммо, чӣ тавре ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои зархаридони хориҷӣ мушоҳида мекунем, ин дастовардҳоро душманони миллат нодида гирифта, омили барангехтани ихтилофу низоъафканӣ миёни ҷавонону наврасони ноогоҳ мешаванд. Пешвои миллат дар муқоиса ба солҳои пеш як далели бисёр муҳимми илмиеро матраҳ мекунанд, ки овардани он дар ин матн айни муддаост: «Худатон мулоҳиза кунед, ки дар замони Шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ фаъолият дошт. На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на Донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ. Вале бо вуҷуди чунин маҳдудиятҳои қатъии он замон, на ифротӣ буд, на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ. Имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин - дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд. Дар пойтахти Тоҷикистон яке аз бузургтарин масҷидҳо дар минтақа бунёд карда шуд. Сохтмони бинои наву ҳозиразамони Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо санъати баланди меъмории миллӣ босуръат идома дорад. Вале бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст». Боиси нигаронист, ки сарфи назар аз мавҷудияти чунин шароити мусоиду замонавӣ, боз нафароне пайдо мешаванд, ки дар ин самт даст ба ҳар гуна нифоқу ҷудоихоҳӣ зада, суботи ҷомеаи моро ноором месозанд. Пешвои миллат дар ин мулоқоти худ омили шикасти давлати миллии тоҷикон - Сомониёнро зикр карданд, ки маҳз ба дасти руҳониёни худбохта ё «Садрони Бухоро» ба вуқуъ пайваста буд. Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки «Тибқи маълумоти аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон», давлати Сомониён дар заминаи худогоҳиву бедории шуури миллӣ ташаккул ёфта, 124 сол фаъолият кард ва маҳз дар натиҷаи тундгароии динӣ ва бегонапарастӣ ба шикаст рӯ ба рӯ гардид. Руҳониёни асолату ҳувиятбохта барои дастгирии бегонаҳо, ки ҳадафи ғасби давлати миллии тоҷиконро доштанд, замина муҳайё карданд. Дар охири асри ХХ баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон боз ҳам руҳониёни ифротгарову бегонапараст бо мақсади гирифтани ҳокимият ва расидан ба қудрат кӯшиш карданд, ки бо шиорҳои исломӣ давлати ҷавони тоҷиконро несту нобуд карда, бо роҳи ба сари мардум бор кардани фарҳанги бегона миллатро бори дигар тобеи дигарон намоянд». Аммо, мутаассифона, чунин иштибоҳ бори дигар дар ибтидои ба даст овардани истиқлолият ба вуқуъ пайваст, ки омилҳои ин падида бояд ҷиддитару ҳамаҷониба бозомӯзӣ шуда, дар ин замина чораҳои муассир андешида шаванд. Мулоқоти навбатии Сарвари давлат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ба фикри мо, бисёр саривақтӣ ва муҳим мебошад, зеро мушкилоту масъалаҳои зиёди ҷомеаи муосири Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, омили ногузири пешгирӣ ва роҳи ҳалли ҳарчи зудтарро аз ҳар як шаҳрванд, хонавода ва махсусан, зиёиён талаб мекунад. Яке аз роҳҳои муассире, ки то ба имрӯз дар собиқаи мактаби давлатдории Пешвои миллат таҷриба шудааст, пеш аз ҳама, баргузории чунин мулоқоту нишастҳои бедоркунанда ва такондиҳанда мебошад, то ҳарчи бештар масъулиятпазирии тамоми шаҳрвандони мо бештар шавад ва он ягона роҳест, ки моро метавонад аз даргирию гирдоби бало наҷот бахшад. Роҳбари давлат дар ин ҷаласа батаъкид гуфтанд: «Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст». Ёрмаҳмад Ниёзӣ,
ходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.