Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТАНЗИМИ РАСМУ АНЪАНА ПЕШРАФТИ ЗИНДАГИСТ

ТАНЗИМИ РАСМУ АНЪАНА ПЕШРАФТИ ЗИНДАГИСТ

17-12-2021, 07:51
Хабарро хонданд: 129 нафар
Назарҳо: 0
ТАНЗИМИ РАСМУ АНЪАНА ПЕШРАФТИ ЗИНДАГИСТ
Умедаи Акрамзода, сармутахассиси
шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои
КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

АНДЕША. Дар тўли ҳазорсолаҳо аҷдодони бохираду дурандеши мо урфу одати миллии худро нигоҳ дошта, ҳифз намуданд, ки он бо ҳазорон монеаҳо дучор гардида, ҳам дар шакли хаттӣ ва ҳам дар шакли шифоҳӣ ба мо ба мерос мондааст. Ин арзишҳои миллии мо ба шумор мераванд.
Ҳар миллату давлат зери роҳбарии сарвараш кӯшиш мекунад, ки баҳри беҳбудӣ ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон корҳои зиёдеро анҷом дода, тадбирҳои судоварро роҳандозӣ намояд. Баракати рӯзгори мардум аз буҷаи хонаводагии онҳо вобаста аст. Яъне ҳар оила бояд сарфакориро пеша намуда, маблағи ба арақи ҷабин ҷамънамудаашро масрафи зиёдатӣ нанамояд. Ин баҳри беҳбудии зиндагӣ ва ояндаи фарзандони ҳар як оила манфиатовар мебошад.
Дар кишвар барои он ки садди роҳи зиёдаравӣ ва исрофкорӣ гирифта шуда, дар маросимҳои хурсандию азодорӣ хароҷотҳои зиёдатӣ пешгирӣ карда шавад, бо ташаббуси Роҳбари кишвар соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 16 модда иборат буда, рушди ҷомеа, анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Қонуни мазкур нахустин қонуни миллӣ буда, шабеҳи онро ягон давлати дигар надорад. Манфиати ин қонун барои мардум зиёд буда, анъана ва ҷашну маросимро таъмин менамояд. Яъне қаблан аксар харҷи зиёдатие, ки шаҳрвандон дар маъракаҳои худ менамуданд, ин қонун бартараф менамояд. Қонуни мазкур пеш аз ҳама баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он осон намудани рўзгор, зиндагӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардум равона карда шудааст. Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонун пеш аз ҳама омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд ва ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд, муҳим аст.
Бо тақозои замон ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки ҳамаи ин дар натиҷаи ба назар гирифтани фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худи шаҳрвандони кишвар мебошад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти хеш бо умеди зиндагии осоиштаи мардуми заҳматкаши кишвар дар ҳаёт татбиқ намудани ин қонунро амри воқеӣ мешуморад. Дар баробари кўшиш баҳри ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки миллӣ, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаи ҳар як фарди бедордили миллати кўҳанбунёди тоҷик мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба оқибатҳои бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳуввият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҳушдор додааст. Чунки фарҳанг ифодагари руҳи миллӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар ҳалқу миллат аст, дар навбати худ муҳофизаткунандаи муҳит низ мебошад. Ҳамин тариқ, нақши Қонуни мазкур дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум беназир аст, гарчанде ки натиҷаҳо назаррасанд, зарурияти такмил додани ин Қонун тақозои замон аст. Танзим падидаи иҷтимоию фарҳанги миллӣ буда, риояи он дар баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардуми меҳнатқарин ва заҳматпеша иқдоми наку мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: