Хиёнат ба ватан нобахшиданист31-05-2021, 11:15
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
Андеша Таърих гувоҳ аст, ки охири қарни бист ва аввали қарни бистуяк чи гуна фазои сиёсии Тоҷикистони азизро абрҳои сиёҳ печонда, гирифту мардум аз зиндагӣ дилсард гашта, яъсу ноумедӣ онҳоро ҳамроҳу ҳамсафар гардида буд. Худо ба бахти ин миллати озодаафкор фарзонафарзандеро фиристод, ки ба ақлу заковати азалӣ кишварро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошт. Дар муддати 30 соли соҳибистиқлолӣ давлати тоҷикон дар миёни кишварҳои мутараққии дунё мавқеи худро устувор кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар ҳаёти ҷомеаи мо бисёр пешравиҳо ва муваффақиятҳо ба даст омаданд. Ин, пеш аз ҳама, аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад, ки тавонист дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ кишвари ҷангзадаи моро аз вартаи нобудшавӣ раҳонида, дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намояд. Бунёди корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ, эъмори иншоотҳои бузург, ба истифода додани роҳу пулҳо ва нақбҳо, биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва даҳҳо мисолҳои дигар самараи даврони истиқлолият мебошанд. Аз ҳама муҳим, дар кишвари мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, рӯҳияи сарҷамъии миллат ва созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармо гардид. Акнун вазифаи ҳар як фарди бедордил аст, ки манфиати миллию ватанхоҳонаи худро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, барои шукуфоии ин Ватану давлат, ки чунин шароити муносиб ва озоди эътиқодиамонро фароҳам овардааст, ҷидду ҷаҳд намояд. Дар баробари ин, мардуми мо бояд он рӯзҳои сангину нангинро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозанд ва ба насли ҷавон талқин кунанд, ки ваҳдати миллӣ осонакак ба даст наомада, бар ивази он ҷони садҳо нафар фарзандони бонангу ори ин марзу бум қурбон гаштааст ва месазад, ки ин ваҳдати комилро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Таърихи куҳани давлатдории мо низ гувоҳ аст, ки дар ҳолати аз байн рафтани ҳамбастагиву ваҳдати миллӣ, пайдо шудани нофаҳмӣ миёни мардум гурӯҳҳои ҷудоиандозу бегонапараст аз ин зуҳурот истифода карда, миллатро ба низоъ ва парокандагӣ мекашанд. Ва имрӯз вазифаи ҳар яки мо аз таҳкими сулҳу ваҳдат, хизмати содиқона ба халқ, саҳм гузоштан дар ободиву шукуфоии сарзамин, беш аз пеш боло бардоштани сатҳи зиндагии мардум, пойдориву устувории ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол иборат мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартибот давлати мо мунтазам тадбирҳо меандешад ва амалӣ мегардонад. Мисоли барҷастаи он бе ягон мамониат ба ҷо овардани тамоми фароизи динию мазҳабии сокинони мамлакат аст. Барои эътиқоди динӣ ва ба ҷо овардани рукнҳои он ягон монеа вуҷуд надорад. Мутаассифона, аз ин хайрхоҳии давлат ва озодии эътиқод сӯиистифода карда, баъзеҳо ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд. Ҳатто фарҳанги бегонаро зӯран ба сари миллати мо бор карданӣ мешаванд. Баъзан ашхоси ноогоҳ ба доми фиреб ва дурӯѓини онҳо меафтанд. Аз ҷумлаи ин зуҳуроти номатлуб, ки вақтҳои охир моро нигарон кардааст, фирефтаи тарѓиботи бегона гаштани иддае аз ҷавонони мо мебошад, ки дар кишварҳои хориҷӣ, алалхусус, мамолики исломӣ ва як қатор давлатҳои Аврупо ба доми суханҳои муѓризонаи афроди ноогоҳ ва тавтеаталаб меафтанду ба ҳар гуна ҳаракату ҷараёнҳои ифротгаро ва тундрав шомил гашта, нуфузу эътибори миллати моро коста мегардонанд. Дар замони имрӯза ҳар яки мо шоҳиди воқеаҳое мебошем, ки дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афѓонистон ва баъзе кишварҳои дигар идома доранд. Дидани вазъи гурезаҳое, ки барои наҷоти ҷони худ аз Сурия ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Аврупо фирор мекунанд, ҳар як шахси солимфикру соҳибандешаро ба риққат меорад. Ин ҳодисаҳо ҳар яки моро водор месозанд ба хотир орем, ки чунин рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ба сари мо ва сарзамини мо низ омада буданд, ки хушбахтона бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии халқамон аз вартаи ҳалокатбор раҳоӣ ёфтем. Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти мафҳуми шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ѓурури ватандорӣ бисёр муҳим мебошад. Яъне шаҳрванди Тоҷикистон будан, ҳамчун омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи аҳли ҷомеа дар ташаккули ҷаҳонбинии ҳар як шахс бояд нақши муассир дошта бошад. Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки амният ва ваҳдати милии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ осебпазир гардад. Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаву кишварҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст. Ҳузури ниҳоди террористии ба ном Давлати исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар Сурия ва Ироқ, аз ҷониби ҷангҷӯёни он кӯшиши зери тасарруф даровардани минтақаҳои ин кишварҳо, куштори бераҳмонаи ҳазорон нафар мардуми мусулмон ва аз байн бурдани мероси фарҳангӣ, инчунин, вусъат гирифтани ѓояҳои тундгароӣ дар баъзе давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афѓонистон, омилҳои асосӣ ва нигаронкунандаи вазъияти имрӯза ба ҳисоб мераванд. Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳиму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем. Ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем. Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони мо, набояд фаромӯш кунанд, ки мо муҳтоҷи ё мазҳабҳои таҳмилӣ нестем. Дар ин раванд қайд намудан бамаврид аст, ки аъмоли фоҷиабори ҳаракатҳои зикршуда, аз ҷумла созмони террористии Давлати исломиро дар олами мутамаддин касе дастгирӣ намекунад ва баръакс, онҳоро ҳама маҳкум менамоянд. Кайҳо муайян гаштааст, ки «Давлати исломӣ» ва ҳизби террористии наҳзати ислом бо дини мубини ислом ягон робита надоранд, баръакс нақшаву нияти қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давлатҳои мусулмониро намехоҳанд, амалӣ карда истодаанд. Мувофиқи маълумотҳо ҳоло дар низоъҳои шадиди давлатҳои Сурия, Ироқ, Афѓонистон ба гурӯҳҳои созмони террористии ба ном Давлати исломӣ даҳҳо нафар шаҳрвандони гумроҳгаштаи Тоҷикистон, аз ҷумла чандин нафарашон якҷо бо ҳамсару фарзандон, шомил шудаанд, ки қисмати зиёди онҳоро ҷавонони аз 18 то 25-сола ташкил медиҳанд ва то имрӯз қисми зиёди онҳо дар муҳорибаҳо кушта шуданду занону фарзандонашон дар кӯи зиндагӣ сарсону саргардон мебошанд. Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, зеро фарзандони онҳо ҳам ба Ватан ва ҳам ба волидон хиёнат кардаанд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад. Дар иртибот ба ин, мо бояд тамоми тадбирҳоро андешем, ки пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ифротӣ гирифта шавад. Албатта, ниҳодҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар ин замина, барои нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва баргардондани онҳо аз хориҷа корҳои муайяни фаҳмондадиҳию таблиѓотиро ба иҷро расонида истодаанд. Вале мо бояд ба ин иктифо накунем, ҳар яки мо дар ин самт бояд саҳм дошта бошем, зеро ин ҷавонони ноогоҳу зудбовар фарзандони мову шумоанд ва тақдири ояндаи миллатро мо ба дасти онҳо супурданием. Аз ин рӯ, мо бояд насли наврас ва ҷавонро дар рӯҳияи меҳандӯстӣ, садоқат ба Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои инсонӣ, дӯст доштани фарҳанги миллӣ ва дигар аъмоли нек тарбия намоем. Агар воқеияти сиёсати давлатиро дар соҳаи дин бо чанд ҷумла ба таҳлил кашем, дар муддати 30-соли Истиқлолияти давлатӣ мо дар ҳақиқат ба дастовардҳои бузург ноил шудаем. Албатта, ҷойи ифтихор ва хушнудист, ки арҷгузории воқеӣ ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, хусусан арзишҳои дини мубини ислом ва эҳёи суннатҳои беҳтарини таърихиву фарҳангӣ ба мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид. Яъне, истиқлолияти давлатӣ барои дарк ва мустаҳакам гардидани худшиносии миллию динӣ ва озодию ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Ва дар навбати худ эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамчун омили муҳимтарини маънавӣ ба таҳкими истиқлолияти мусоидат намуд. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи мо ба таъриху фарҳанг ва оину суннатҳои миллии худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Дар замони мавҷудияти Иттиҳоли Шӯравӣ, ки беш аз 70 сол идома ёфт, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷиди ҷомеъ фаъолият мекард, ягон мадрасаи динӣ вуҷуд надошт, иддаи ночизи шаҳрвандони кишвар берун аз Тоҷикистон ба таълими динӣ фаро гирифта шуда, ҳамагӣ ба 30 нафар зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардида буд. Имрӯз ин рақамҳо муқоисанашаванда мебошанд. Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон наздики 4000 масҷиди ҷомеъву панҷвақта сохта шудааст, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо, хусусан, кишварҳои Осиёи Марказӣ, назир надорад. Бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маводи сарчашмавӣ ва илмии исломӣ аз соли 2000 инҷониб, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20 китобу рисолаҳои динӣ, аз ҷумла тарҷумаи Қуръони Карим, «Тафсири Табарӣ» (дар ду ҷилд), «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Кимиёи саодат» ва «Эҳёи улуми дин»-и Муҳаммади Ѓаззолӣ, «Маснавии маънавӣ», «Шамоили набавӣ» тарҷума ва нашр шудаанд. Дар ин росто, ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмин намудани ҳар як хонадон ақаллан бо як китоби Қуръони Карим бо тарҷумаи забони тоҷикӣ қобили тазаккур мебошад. Бо мақсади дар байни аҳолӣ густурдани маърифати динӣ ва шинос намудани он бо арзишҳои исломӣ дар ҷумҳурӣ мунтазам чорабиниҳои илмию маърифатӣ доир карда мешаванд. Соли 2009 бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли бузургдошти Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит эълон шуда, дар доираи он дар тамоми ҷумҳурӣ 1310-солагии ӯ ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» баргузор гардид, ки дар он олимону ходимони барҷастаи исломии тамоми кишварҳои дунё ширкат варзиданд. Чордаҳ сол қабл бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо назардошти зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳодоти мардум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Сарвари давлат ҳамон вақт таъкид намуданд, ки «Мо вазифадорем расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем». Аз рӯзҳои аввал иҷрои талаботи қонуни мазкур дар самти ҳимояи манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ натиҷаҳои назарраси молиявӣ ва иқтисодӣ ба бор овард. Гузаронидани маъракаҳои муҳими давлатӣ дар соҳаи дин, қабули қонунҳои миллии кишвар ва роҳандозӣ намудани корҳои маърифатӣ аз он далолат мекунад, ки давлати Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ кӯшишҳои назаррасро ба сомон расонда истодааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо ҳанӯз ҳам ҷиҳати пурра амалӣ гардидани қонуни мазкур монеаву мушкилиҳо вуҷуд доранд, ки бартараф намудани онҳо танҳо ба манфиати кор аст. Ҳанӯз ҳам на дар ҳама шаҳру ноҳияҳо иҷрои қонуни номбурда пурра риоя мегардад. Аз ҷумла, анъанаҳои нонавиштаи «келинсалом», «домодталабон» бо вонамуд кардани маъракаи «хатнасур» бо иштироки зиёди меҳмонон ва ҳофизон доир мегардад, ки тақдимкунии туҳфаҳои гаронбаҳо, аз қабили зару зевар ва тилловорӣ ба чашм мерасад. Инчунин, иштироки зиёди меҳмонон дар маъракаҳо ва аз соати муқаррарӣ зиёд идома ёфтани маъракаҳо мушоҳида мегардад. Дар баъзе минтақаҳо ҷиҳати амалӣ гардидани қонуни миллӣ ҳамоҳангӣ миёни раисони маҳаллаҳо ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Қисми зиёди аъзои комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бетарафиро пеша карда, дар рейдҳои муштарак иштирок намекунанд ва агар иштирок кунанд ҳам фаъол нестанд. Борҳо шоҳиди он гаштаем, ки дар маросимҳои дафну азодорӣ то ҳол маъракаҳои манъшудаи «ҷумъагӣ» ва «ҳафт»-ро баргузор мекунанд. То имрӯз ба тариқи намоишкорона дар маросими дафну азодорӣ дар ҳавлии шахси азодор «гӯша»-еро барои ҷамъоварии маблаѓ ташкил мекунанд. Дар ин маврид, кормандони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва фаъолон гӯё чизеро надида бошанд, ки ба лаб мӯҳри хомӯшӣ мезананд. Ҳол он ки дар ин қонун ва дигар санадҳои меъёрии давлатамон пеши роҳи хайру саховат гирифта нашудааст. Шахсони саховатпеша метавонанд ба ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон, бемористонҳо, хонаҳои маъюбон, ҳатто ба хешу табори камбизоати худ дасти хайру сахо дароз намоянд. Ин беҳтарин хайру саховат хоҳад гашт, аз он ки ба урфу одат ва хурофоти нодаркор даст мезанем. Гузаронидани ҳамаи маросими дар боло номбаршуда танҳо бар зарари шаҳрвандон асту пешгирии он ба манфиати онҳо. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои пурра барҳам додани чунин маъракаю маросими нолозим, ки аз хурофоту таассуб беш нестанд ва ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросими дар ҳақиқат мардумию ибратбахш талош варзем. Дар ин амал, на танҳо кормандони соҳаи дин, балки фаъолони шаҳру ноҳияҳо, ҳар як шахси бофаҳму боандеша низ саҳми арзанда гузошта метавонанд. Чун маврид муносиб аст, мехоҳам як чизро ёдовар шавам. Ин ҳам бошад, пешниҳоди шахсони тасодуфӣ ба вазифаи мудирони шуъба ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармутахассисон дар ҷамоатҳо мебошад. Ҳол он ки ба ин вазифаҳо бояд шахсони обрӯманд, масъулиятшинос ва дорои маълумоти олӣ пешбарӣ карда шаванд, то ба ҳар мушкилоти мардум расидагӣ карда тавонанд. Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.