Мизи мудаввар бо фаъолзанони хизбӣ2-03-2024, 09:00
Хабарро хонданд: 439 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори меҳмонхонаи Кохи афсарон бо фаъолзанони ҳизбӣ, иштирокчиёни курси бозомузӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мизи мудаввар доир гардид.
Қайд кайд кардан ба маврид аст, ки дар мизи мудаввар Мавлон Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси ҲХДТ, мудири шуьбаи кор бо занон ва гендерии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Манижабону Аминзода, раисони кумитахои иҷроияи ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Душанбе ва Суғду Хатлон иштирок доштанд. Нахуст, Мавлон Хайринисо Юсуфӣ мизи мудавваро ҳунси оғоз бахшида, раисони тозатаъини кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Хоруғ, Муъминобод ва Конибодомро муаррифӣ карда, ба онҳо барои иҷрои вазифаи пурмасьули ҳизбӣ барору комёбиҳо таманно намуд. Зимни суҳбат Мавлон Хайринисо Юсуфӣ вобаста ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъин намудани занону бонувони фаъол дар вазифаҳои роҳбарӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла тарбияи дурусти фарзанд, тарғиби фарҳанги миллӣ, риояи Одобномаи ҳизбӣ сухан гуфта, ҷамъомадагонро барои татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳидоят намуд. Дар охир занону бонувони фаьоли ҳизбӣ аз кору фаьолияти хеш дар сатҳи маҳал, пешрафту шукуфоии сарзамини аҷдодӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ мулоҳизаронӣ карда, барои ташкилу баргузории курси бозомузӣ ва мизи мудаввар изҳори миннатдорӣ баён карданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.