
Бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Шурои занони вазорат дар мавзуи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар Тоҷикистон» бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, собиқадорони мақомоти адлия ва кормандони вазорат мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар ибтидо ҳамоишро муовини якуми вазири адлия Нигина Ализода ифтитоҳ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош намуд.
Баъдан, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, собиқадори мақомоти адлия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Саодат Амиршоева, профессори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣМанзура Рауфзода ва сардори шуъбаи қонунгузории маориф, илм, фарҳанг ва иттилооти Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия Суман Раҳмон суханронӣ карданд.
Мизи мудаввар дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуда, ба кормандони ҷавони мақомоти адлия имконият дод, ки аз таҷрибаи бой ва меҳнати пурмаҳсули собиқадорони вазорат дарси ибрат гиранд.