
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм, ки ҳамасола 11 феврал тибқи қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҷлил мегардад, мизи мудаввар таҳти унвони "Занони ихтироъкор ва дастовардҳои илмии онҳо дар сатҳи байналмилал" доир намуд.
Дар кори мизи мудаввар роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бонувони ихтироъкор, аспирантону магистрон ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, устодону тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии "Маркази таълимии Чароғи ҳидоят" иштирок доштанд.
Ғаффорзода Нигорахон-муовини якуми Раиси Кумита ва Маҳмадҷонова Муҳиба- сарходими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни суханронӣ зикр доштанд, ки имрӯз саҳми занону бонувони ихтироъкор ва олима дар рушди илми тоҷик назаррас буда, сол то сол теъдоди онҳо зиёд гардида истодааст.
Бонувони ихтироъкор, иштирокчиёни 15-умин Намоишгоҳи байналмилалии занони ихтироъкор дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, ки бо ихтирооти нодири худ ба гирифтани медали тилло ва биринҷӣ сазовор гардиданд, бо рӯнамо ихтироот ва дастовардҳои байналмилалии худро ба иштирокчиёни мизи мудаввар муаррифӣ намуданд ва ба саволҳои сершумори онҳо посух доданд. Бонувони ихтироъкор Кариева Мадина дорандаи медали тилло, Қурбонова Муқаддас ва Олимбойзода Парвина дорандагони медали биринҷӣ бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.