Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мизи мудаввар дар мавзӯи «Манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ» 2022-05-16

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ» 2022-05-16

17-05-2022, 07:22
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Мизи мудаввар дар мавзӯи «Манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ» 2022-05-16

Дар ҳошияи баргузории курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо имрӯз дар мавзӯи «Манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ» бо иштироки намояндагони Шӯрои амният, Прокуратураи генералӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.

Модератори он роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзода ва сармуҳаррири "Минбари халқ" Бахтиёр Ҳамдамов буданд.

Дар рафти мизи мудаввар раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Саид Нуриддин Саид, муовини Прокурори вилояти Суғд Пулодӣ Умед Темур, сардори шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакент Сироҷ Сафаров, сардори Раёсати илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Саидзода, сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Шокиров доир ба мавзуъ баромад намуданд.

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ» 2022-05-16

Дар ҷараёни он иштирокчиён байни ҳам мубодилаи афкор намуда, вобаста ба мавзӯи матраҳшуда баҳсу мунозира карданд.
Мизи мудаввар дар мавзӯи «Манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ» 2022-05-16
Хосатан, таъкид гардид, ки кумитаҳои иҷроия дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва ҳамаи аъзои ҳизб бояд манфиатҳои милливу давлатии худро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузошта, саъю кӯшиши хешро барои ободии Тоҷикистони биҳиштосо ва пешрафти давлати соҳибистиқлол равона кунем. Ин рисолати таърихӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ дар шароити ниҳоят ҳассос ва авзои мураккаби сиёсиву низомии ҷаҳони имрӯза бар дӯши ҳамаи мо вазифаҳои пурмасъулият ва тақдирсоз мегузорад. Гуфта шуд, ки дар шароити бавуҷудомадаи кунунӣ мо бояд барои ҳимояи истиқлолу озодии Ватани муқаддасамон ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша омода бошем. Дар пешорӯйи давлати соҳибистиқлоли мо барои солҳои наздиктарин ҳадафҳои бузурги стратегӣ ва сарнавиштсоз қарор доранд ва мо бояд ҳамеша дар андешаи татбиқи амалии онҳо бошем.

ҲХДТ ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии кишвар, аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гардиданаш тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ ва бо такя ба масъулиятшиносию нерӯи зеҳнии аъзои ҳизб ба омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст. Ҳизб ҳамчун падидаи даврони истиқлол зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тавсеаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи кишвар нақши бузург дорад.

Мақому манзалати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа, қабл аз ҳама, аз ташаббусҳои роҳбарияти он ҷиҳати замина гузоштан ба рушди иқтисод, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат вобаста аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: