ЧАШМИ ҲАҚБИН БЕҲТАРИН ЗИНДАГИРО МЕБИНАД26-02-2024, 09:52
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
Шукронаи ободиву озодӣ, амну осоиштагӣ, тинҷиву оромии кишвар, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди тоҷик дар ҳавои сулҳу субот таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, зиндагии орому осоишта доранд. Аммо бадниятону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода бо диду назари танг ба ин кишвар менигаранд. Онҳо мунтазам тариқи шабакаҳои интернетӣ, сомонаву шабакаҳо баромад карда, бо ҳарзагӯӣ ва лофи беҳуда пайи паст задани миллат ва давлати орому осоиштаи мо мебошанд. Ин ватанфӯшон ва бадбинони миллат, ки баҳри амалӣ сохтани мақсаду ҳадафҳои нопокашон аз дини мубини Ислом истифода менамоянд ва намедонанд, ки Пешвои миллати мо назаркардаи Офаридгор мебошад. Пас. онҳоро зарур аст, ки бо худододагон ситеза накунанд ва дарк намоянд, ки чунин қудрату тавоноӣ танҳо дар Сарвари давлати мо дида мешавад. Ин тӯдаи хоинон намебинанд, ки имрӯз кишвари мо ба гулистон табдил ёфта истодааст. Дар ҳар гӯшаву канор соҳибкорони бонангу номуси кишвар аз суханрониҳои Пешвои миллат руҳу илҳом гирифта, пайи созандагиву бунёдкорианд. Пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе имрӯзҳо шаҳри умеду орзуҳо ном гирифта, макони сайру сайёҳати на танҳо мардуми тоҷик, балки аз тамоми сайёҳони дигар кишварҳо гардидааст. Намояндагони дигар қавму миллатҳо ободиву озодии кишвари моро ба чашми ҳасад менигаранд ва орзӯ менамоянд, ки чунин давлати тинҷу ором дошта бошанд. Имрӯзҳо ҷумҳурии моро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва амну осоишта қисмати бештари кишварҳои ҷаҳон мешиносанд ва эътироф менамоянд. Ҳамчунин, кишвари мо ба дигар мамлакатҳои ҷаҳон робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дорад. Ҳамаи ин аз хиради азалии Сарвари донишманди давлатамон мебошад. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтани кишвар ва кушодани роҳҳои байналмилалӣ ба дигар давлатҳо шароит фароҳам овард, ки сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардад. Аммо чаро чашмони хоинони миллат ин қадар пешравиҳоро намебинанд. Ё ин ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ суханронӣ карда, пешниҳодҳои судманд мекунанд, ки онҳо на танҳо ба манфиати мардуми тоҷик, балки ба манфиати кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва тамоми мардуми сайёра онҳоро якдилона мепазиранд. Бузургон фармудаанд: Неши ақраб на аз раҳи кин аст, Муқтазои табиаташ ин аст. Ба ин “каждумони таги бурё”, ки бар ивази маблағи муфт имону виҷдони хешро фурӯхта, ватанфурӯшӣ карда, ҳатто аз баҳри хешу ақрабо, падару модар, бародару хоҳар мегузаранд, гуфтанием, ки чашм агар ҳақбин набошад, кӯр будан беҳтар аст. Саидмаҳмуд АБДУҶАББОРЗОДА,
сардори шуъбаи Сарпрокуратураи харбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.