Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ САЙЁҲӢ

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ САЙЁҲӢ

5-10-2020, 16:25
Хабарро хонданд: 320 нафар
Назарҳо: 0
              ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ САЙЁҲӢ
“Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун муаррифгари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълони сиёсати “дарҳои боз” дар равобити байналмилалӣ мешиносанд. Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи сайёҳӣ хеле бузург аст, чунки тавонистанд ба ҷаҳониён Ватани азизи моро ҳамчун давлати сайёҳӣ ва ҳамчун кишвари амнтарин муаррифӣ созанд. Сарвари давлат ба масъалаи инкишофи соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо мақсади тараққї додани соҳаи сайёҳӣ инчунин, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат солҳои 2019-2021-ро ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун кишвари дорои 4 пайраҳаи Шоҳроҳи абрешим эътироф гардидааст. Дар ин давра бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати кишвар оид ба истифодаи самаранокии захираи об аз соли 2009 дар доираи барномаи “Об барои ҳаёт” ҳамасола экспедитсияи байналмилалӣ барои фатҳи қуллаҳои “Исмоили Сомонӣ” ва “Озодӣ” ташкил ва баргузор мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказї беҳтарин ва бештарин имкониятҳоро барои рушди соҳа соҳиб гардида, мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ махсусан “BBC” (Британияи Кабир, соли 2012) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эътироф гардидааст. Дар нашрияи русии маҷаллаи маъруф “Natinal Goografic” (рӯзи 28 феврали соли 2016) дар соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро дар байни 10 роҳи зеботарини дунё, соли 2015 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеҳои беҳтар аз рӯи таҳлил ва Созмони Милали Муттаҳид дуюмин кишваре, ки сайёҳиаш дар ҳоли рушд қарор дорад ворид гардид.
Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои камхарҷу сердаромади иқтисодиёт ба шумор меравад дар иқтисодиёти кишварҳои дунё мавқеи муҳими иқтисодиро ишғол кардааст. Манфиати ин соҳаро аксарияти кишварҳо дарк намуданд ва ба ин соҳаи даромаднок аҳамияти муҳим медиҳанд. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгӯйи пешрафт дар ин самт буда барои таъмини ҷойи корӣ ба аҳолӣ, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум инчунин муаррифгари таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.

Азамҷон РАФИҚЗОДА,
магистранти курси 1-и Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: