Ҷаҳони муосир, ки ба марҳилаи нави нооромиҳои нисбатан бузург ва гирдоби бозиҳои манфиатҷӯёнаи давлатҳои абарқудрат ворид шудааст, барқарор будани суботу амният, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу сафо ва зиндагии осоишта дар кишвари мо иқболи баланд ва саодати миллати фарҳангофару соҳибтамаддуни мост. Ватани маҳбуби мо дар минтақаи ниҳоят ҳассос ва пуртаҳдид ҷойгир буда, аз як тараф вазъияти ноороми Афғонистон, аз тарафи дигар, баҳсҳои марзӣ бо кишвари ҳамсоя – Қирғизистон ҳеҷ яки моро нисбат ба тақдири сарзамини аҷдодӣ бетараф гузошта наметавонад. Имрӯзҳо бо истифода аз вазъи муташанниҷи дунё бархе аз гурӯҳҳои террористиву ифротгаро нисбатан фаъол гашта, дар пайи амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ мебошанд. Шароити имрӯзаи дунё ва вазъи ниҳоят мураккабу зудтағйирёбандаи он аз мо зиракии сиёсӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳомии манфиатҳои миллату давлат буданро тақозо мекунад.
Ҳамагон медонанд, ки як гурӯҳ хоинони меҳану миллат, аз ҷумла пайравони ТЭТ ҲНИ, “Гурӯҳи 24” ва як идда худбохтагони беҳувият ба суботу амният ва озодиву ободии Тоҷикистони маҳбуби мо бо чашми ҳасад нигариста, бо дастури хоҷагони хеш ба саодату осоиштагии халқи сулҳдӯсту ватанпарвар ва баору номуси мо халал ворид карданианд. Онҳо бо ҳар роҳу восита бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ афкори разилона ва зиддиинсонии худро пахш намуда, ҷомеаи моро дигарбора ноором карданӣ мехоҳанд. Ин асолатбохтаҳо бо ҳарзабофию дасисабозӣ ва паҳн намудани хабарҳои бардурӯғ машғул буда, аз хориҷ ба сӯи ватани мо санги туҳмату ғараз ҳавола дода, худро “дилсӯзу дӯстдори мардум” нишон доданӣ мешаванд.
Мардуми шарифи мо медонанд, ки ватани маҳбубамон-Тоҷикистон дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардаасту бо чунин ҳадафҳои пасипардагии ин гурӯҳҳо аз наздик шинос мебошад. Чуноне ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ дар ин бора таъкид кардаанд: Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар Паём пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурусту саривақтӣ буда, халқи шарафманди тоҷик дигар ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад, ки ташкилоту созмонҳои даҳшатафкану ифротгаро, назири ТТЭ ҲНИ, “Гурӯҳи 24”, “Паймони миллӣ”, “Ватандор” ва амсоли инҳо оромии мардуми сулҳхоҳу тамаддунофари моро халалдор сохта, андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯроваривии худро ба сари мардум бор кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, ки хиёнат ва қатлу куштори бераҳмона самти муҳими фаъолиятҳои тахрибкоронаи ин гурӯҳҳои ифротии зери унвони ба ном “Паймони миллӣ” ҷамъомадаро ташкил медиҳад. Саркардагони онҳо дар фосилаи начандон дури таърихӣ рӯзҳои сахту даҳшатбореро ба сари мардуми мо оварда буданд, ки ҳанӯз ҳам ин одати ғайриинсонии худро тарк накардаанд. Муноқишаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз нақшаҳои палидии ҳамин гурӯҳ буд, ки ҳазорон нафар кушта, бадарға ва бехонумон шуданд.
Онҳо бояд фаромӯш накунанд, ки мо Ватани соҳибихтиёру озодамонро баробари ҷони худ дӯст медорем ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамон аҳлонаву софдилона заҳмат мекашем. Ифтихор мекунем, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибистиқлол ҳастему ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ҳамчун миллати бостонӣ ва фарҳангиву тамаддунсоз мешиносад ва эътироф менамояд.
Мо бояд нагузорем, ки афкору ғояҳои онҳо ба зеҳни ҷомеа таъсир гузошта, мардум, хусусан ҷавонони моро ба дуроҳаи сардаргумӣ барад. Зеро ҷавонон неруи қавии ояндасоз буда, фардои давлату миллати мо дар дасти онҳо хоҳад буд. Сарвари давлат дар яке аз Паёмҳои зуд зикр намуда буданд, ки мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.
Ҳукумати кишвар дар ҳамдастӣ бо мардуми ватанпарасту сулҳхоҳи мо на танҳо зидди ташкилоту созмонҳои даҳшатафкану ифротгаро, назири ТТЭ ҲНИ, “Гурӯҳи 24”, “Паймони миллӣ”, “Ватандор” ва амсоли инҳо муборизаи беамон мебарад, балки амалҳои зишти созмонҳои террористии фаромиллиро низ пайваста маҳкум менамояд. Вобаста ба ин, Тоҷикистон тӯли солҳои охир нисбат ба авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, хусусан вазъи сиёсии бархе аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Афғонистон бетараф набуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъол ва пешсаф дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, назири терроризм ва ифротгароӣ арзёбӣ шуда, дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сипари боэътимоди амниятӣ эътироф гардидааст.
Ба гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши муборизаи ҷомеаи байналмилалӣ бо терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар қарор дошта, ҷиҳати таъмини сулҳу суботи сартосарӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ пайваста иқдомоти зарурии муштаракро роҳандозӣ менамояд. Мавзӯи қазияи кишвари дӯст ва бародари Афғонистон бошад, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Сарвари давлати мо тайи зиёда аз бист соли охир аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта, таъкид намудаанд, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад. Дигар ин ки бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад. Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз он ҷумла доираҳои манфиатдору дахлдор ба ҳалли ин масъала то андозае бетафовутӣ зоҳир карданд. Дар натиҷа мушкилоти Афғонистон то ҷойе расид, ки имрӯз тамоми башарият, махсусан, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори онро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст.
Дар робита ба ин масъала, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро бори дигар даъват карданд, ки доир ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон тадбирҳои фаврӣ ва дастҷамъона андешанд.
Бинобар ин, вобаста ба вазъи баамаломадаи дунё ва нисбатан фаъол шудани созмону гурӯҳҳои дасисаандоз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мо бояд нагузорем, ки ғояҳо ва афкори онҳо паҳн гашта, бори дигар кишвари моро ба оқибатҳои ногувор рӯбарӯ намоянд. Инҳо як гурӯҳи хурд буда, дарди оҷизӣ, худбохтагӣ ва ноинсонии худро сирояткунанда карданианд, ки ҳеҷ гоҳ ба ин ҳадафи нопоки худ намерасанд.
Ҳамватанони азизи мо бояд аз дасисаҳои ин гурӯҳҳои ифротӣ ба хубӣ огоҳ бошанд ва ҳеҷ гоҳ фиребхӯрда набошанд. Зеро мақсаду мароми ин гурӯҳҳо нопок буда, ба монанди ҳамеша боз ноком хоҳанд шуд. Мо - халқи шарафманду сулҳдӯсти Тоҷикистон ҳамеша сипари суботу амният ва истиқлолу ваҳдат ҳастем ва ҳаргиз намегузорем, ки ба суботи кишварамон зиёне расад. Зеро субот кафолати саодату иқболи ҳамешагии мо буда, онро шикастнопазирии ваҳдати комили мо таъмин менамояд.
Дилором НАИМЗОДА,
муовини ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода оид ба тарбия ва иҷтимоӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент