Таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи донишпазирӣ, илму ҳунаромӯзӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангию ахлоқии аҷдодӣ ва истифодаи ин арзишҳо баҳри камолоти шахс ва иҷрои дигар ҳадафҳои нек бояд дар шакли талаботи ҳаррӯзаи ҳаёт ба иҷро бирасанд. Омӯзиш ва ёдгирӣ, касби маҳорату малака ва коромӯзӣ ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти ҳар як шахс маҳсуб ёфта, дар шакли муносибат байни «устод ва шогирд» маъмул аст ва ин шеваи вобастагӣ ҳамеша боқӣ хоҳад монд.
Инсон дар давоми ҳаёташ дар баробари пешрафт ва тағйирпазирии ҷомеа, аз ҷумла, таҳаввулоти илмӣ-маърифатӣ доимо ба омӯзиш ва коромӯзӣ ниёз хоҳад дошт. Равандҳои дунёи пурташаннуҷ, таҳаввул ва босуръат дигаргуншаванда дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, бахусус, соҳаи илму маориф амалигардонии омӯзишҳои мунтазами касбиро талаб мекунанд.
Имрӯз дар раванди пурзӯр гаштани рақобатҳо дар дунё ҳадафи давлатӣ дар самти илму маориф пеш аз ҳама, ба таҳсилоти босифати мувофиқ ба талаботи ҷомеаи муосир дастрасӣ пайдо кардан ва ба ин восита таъмин намудани рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-маънавии шаҳрвандон мебошад. Барномаи Дастгирии Таҳсилоти Босифат
I (БДТБ-I), ки яке аз ҳадафҳояш такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад, муддати чанд сол аст, ки дар ин самт фаъолият мебарад. Барномаи мазкур, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо
(Europe Union) маблағгузорӣ мегардад ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, омӯзгорони зиёдеро аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба курсҳои бозомӯзӣ, семинару машваратҳо барои такмили ҳар чӣ бештари ихтисосашон фароҳам меорад.
Дар робита бо ин, агар талабот нисбат ба баланд бардоштани сифати таълимро амалӣ намоем, ҳатман зарурати таҷдиди ҷиддии низоми такмили ихтисос ва бозомӯзӣ пеш меояд. Илму маориф камоли инсон ва рушди сармояашро таъмин намуда, омилҳои муосири рушди ин низом - воридсозии инноватсияҳо ва рушди салоҳиятҳои касбӣ, ташкили раванди таълими самти хусусӣ, ҷалби фаъоли волидайн дар раванди кори мактаб, бахусус, дар пешбурди таълиму тарбияи наврасону ҷавононро талаб мекунад.
Дар ҷомеаи ахборӣ ва илмӣ-техникии таҳаввулпазири муосир раванди такмили тахассус ва бозомӯзӣ бештар ҳамчун зарурат пеш омада, на танҳо манофеи касбиро таъмин мекунад, балки омили муҳиме дар беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа ва инкишофи шахс мегардад. Дар воқеияти ҷомеаи имрӯза талошварзии омӯзгор баҳри рушди касбӣ, табодули касб ё такмили тахассус хизматрасонии методӣ-илмии гуногундараҷаро тақозо дорад.
Аз ин воқеияти ҳалталаб аҳли илму маорифро танҳо низоми мунтазам баландбардории такмили ихтисос ва бозомӯзӣ бароварда метавонад, чунки ҳамарӯза ниёз ба таъмини рушди давомдори касбӣ бештар мегардад. Барои рушди асосҳои институтсионалӣ дар ин самт, ки ҳоло ба талабот ҷавобгӯ нестанд, шароит ба вуҷуд овардан лозим аст.
Рушди такмили тахассус ба сифати низоми иҷтимоӣ-педагогӣ баромад намуда, дар он муносибатҳои раванди омӯзиш байни омӯзгор ва шунаванда дар пояи самти касбият барқарор мешаванд. Такмили касбияти омӯзгорон дар асоси талаботи мактаби муосир дар шаклҳои кор дар иттиҳодияҳои методӣ, дар шогирдӣ мондани муаллими ҷавон назди омӯзгори собиқадору пешқадам, дар кабинетҳои методӣ гузаронидани машваратҳои фаннӣ, аз кӯмаки методистҳо истифода бурдан, ширкат варзидан дар курсу семинарҳо, машғулиятҳои лексионӣ, ташкили озмун-ҷашнҳои касбӣ, пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқии хонандагон ва дар ин самт барои онҳо ташкил кардани роҳбарии илмии омӯзгорон, кор дар гурӯҳҳои эҷодӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.
БДТБ-I дар такмили маҳорати касбӣ дар раванди муосири ислоҳоти давомноки соҳаи илму маориф аз омӯзгорон ҷустуҷӯи зиёдтари дигар роҳҳои рушди касбӣ, иҷрои вазифаҳо, ғанӣ гардонидани таҷрибаи хеш, эҷодкорӣ ва навҷӯиҳоро дар амалҳои касбиашон талаб мекунад, саҳми худро мегузорад. Мақсади
БДТБ-I аз баргузор кардани семенару теренингҳо барои омӯзгорон гирифтани донишҳои назариявӣ, дарки моҳияти таълимдиҳӣ бо иҷрои фаъолиятҳои вазифавӣ, мушаххасгардонии самтҳои касбият ва бо ин роҳ ташаккули тафаккури педагогии хеш аз шумори ҳадафҳои асосии омӯзгорон дар курсҳои такмили тахассус ва бозомӯзӣ бояд бошанд. Барои иҷрои ин амалҳо омӯзгоронро лозим аст, ки аз маводи зиёди илмӣ¬-методӣ, таҷрибаи пешқадами ҳамкасбон хуб огаҳ бишаванд ва ҳиссаи аз он мувофиқ будаашро дар кори хеш истифода баранд.
Ногуфта намонад, ки раванди муосиркунонӣ ва ташкили низоми натиҷабахши такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои ҳама гуна намудҳои муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ зиёд намудани маблағгузории барномаҳои такмили ихтисосро талаб мекунад.
Аз ин лиҳоз, ин на танҳо талаботи фардӣ, балки вобаста ба замон ва таҳаввулоти ҷомеа бояд талаботи ҷамъиятӣ дониста шуда, ба иҷро расад.
Г . Мадимар