АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ29-12-2022, 10:51
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян мекунад ва роҳҳои рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи ҷомеаро таҷассум менамояд. Дар Паём доир ба рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа, пешравиву камбудиҳо барои як соли минбаъда таҳия мегардад. Бояд қайд кард, ки сокинони бонангу ватандӯсти Тоҷикистон ҳамасола Паёми Сарвари давлатро бесаброна интизорӣ кашида тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ тамошо ва гӯш мекунанд ва ба муҳаббату садоқати Президенти мамлакат боварӣ ва эътимод доранд. Дар Паёми навбатӣ ҳадафҳои стратегии миллӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Яке аз бахшҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат имсол ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа барои пиронсолон ва маъюбон, стипендияҳо барои донишҷӯён буд. Албатта, чун ҳамешагӣ соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳисоб меравад ва барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа нақши калидӣ дорад, дар меҳвари асосии Паёми имсола қарор дошт. Президенти мамлакат афзуд, ки Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта ба истифода дода шавад. Президенти мамлакат бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат номиданд, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, касбомӯзии ҷавонон, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, дигар кардани методҳои таълиму тарбия Сарвари давлат ибрози андеша карданд ва дар робита ба ин ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ шуъбаҳои алоҳида дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ифтитоҳ шаванд. Мо натиҷаҳои Паёми соли гузаштаро баръало эҳсос ва дарк кардем. Чӣ қадар муассисаҳои таълимӣ бунёду азнавсозӣ гардиданд, чӣ қадар имконияту шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд барои илмомӯзӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ. Ҳукумати мамлакат барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот тамоми шароитҳои заруриро муҳайё кардааст. То замони истиқлолият дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 70000 донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41 адад, теъдоди донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст. Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо бо пешниҳоди Президенти кишвар стипендияи онҳо ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд. Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ягона муассисаи олӣ дар вилоят буда, муҳтавои Паёми Президенти кишвар мухтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастури аввалияи кории худ қарор дода, дар ташвиқу тарғиби сиёсати давлат ва пешрафти таълиму тарбия, илму инноватсия, муносибатҳои байналмилалӣ ва хоҷагидории донишгоҳ саҳми арзанда мегузорад. Албатта, рӯ овардан ба соҳаи маориф ва барои пешрафти он шароит фароҳам овардани Сарвари мамлакат бесабаб нест, зеро ҳар як халқу миллат, ҳар як давлат вобаста ба мутахассисони ҷавобгӯ ба талабот, бо абармардону фозилон ва мутафаккирону донишмандони худ дар арсаи ҷаҳонӣ нуфуз пайдо мекунад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки тамоми он дастуру супоришҳое, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ ёфтаанд, якдилона ва бо тамоми ҷидду ҷаҳд амалӣ намоем. Насим МАМАДСАЛИМОВ,
узви Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нерубахш", декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.