Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲХДТ – ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ ХАЛҚ

ҲХДТ – ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ ХАЛҚ

21-12-2023, 10:39
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
ҲХДТ – ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ ХАЛҚ
Санаи 10 – уми декабри соли 2023 аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 29 сол сипарӣ гардид. Дар робита ба ин, агар ба таърихи пайдоиши ҲХДТ назар афканем, он дар давраи ниҳоят ҳассос ва тақдирсоз тавлид ёфтааст. Созмон додани чунин ҳизб дар он замони ноорому вазъи ноустувор дар ҷомеа ба хотири ормонҳои мардумро амалӣ сохтан ниҳоят муҳим ба ҳисоб мерафт. Баъд аз таъсисёбии худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки пештар бо номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ном бурда мешуд ва сипас дар он калимаи “демократия” илова карда шуд, тавонист бо барномаи мукаммали хеш дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор гузорад. Ҳоло ҲХДТ ба як мактаби бузурги сиёсӣ табдил ёфтааст ва кормандоне, ки дар сохтори ҳизбӣ фаъолият доранд, аз ҳама ҷиҳат обутоб меёбанд.
Имрӯзҳо ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа такя ба сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳоеро дар доираи Барномаи созандаи худ ба сомон расонида истодааст, ки ҳам барои насли имрӯза ва ҳам барои насли минбаъда низ манфиатбор мебошад.
Ҳадафи асосии ҲХДТ ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ба ҳисоб рафта, онро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст. Ҳамин аст, ки ҳизб дар байни халқ маҳбубияти беандоза касб кардааст.
Чунин сиёсати муваффақона ва ҷаҳду талошҳои масъулони Кумитаҳои иҷроия боис бар он гардид, ки сафи аъзои ҳизб сол то сол зиёд гардида, айни замон ҳизб дар сафи худ беш аз ним миллион нафар аъзоро аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманду ташаббускор, занони фаъол ва дигар қишрҳои мардумро дар зиёда аз 5000 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид кард.
Гувоҳи гуфтаҳои боло дар он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аллакай чандин маротиба интихоботи Президентӣ ва вакилони халқ баргузор шуда, дар ҳар як баргузории ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ интихобкунандагон овози худро бе дудилагӣ ва шакку шубҳа ба намояндагони ҲХДТ медиҳанд.
Соли 2020, тавре маълум аст, ду маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки дар ин маъракаҳои муҳим ҲХДТ дар қатори дигар ҳизбҳои сиёсӣ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” ва бо барномаи нав, ки аз 8 бахши фарогир ва 26 зербахшҳо таркиб ёфта, ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеаро дар марҳилаи нави рушд ба назар гирифтааст, фаъолона ширкат варзид. Дар раванди интихоботи баргузоршуда ҷонибдории якдилонаи ҳизб аз тарафи мардум дида шуд, ки дар натиҷа номзадҳои арзандаи он овози бештарро касб намуданд ва бори дигар ҲХДТ ҳизби мардумӣ будани худро исбот намуд. Дар ин росто мехостам суханони пурқимати устоди арҷманд – Сафаров Сафар Ғаюрович (собиқ муовини якуми Раиси ҲХДТ), равонашон шод бод, дар китобашон “Ҳизби зодаи истиқлолият” ёдрас шавам, ки чунин гуфтаанд: “Имрӯз Ҳизби Халқии Деморкатии Тоҷикистон бузургтарин, сернуфузтарин ва писандидатарин неруи сиёсии кишвар аст”.
Ҳақ бар ҷониби гуфтаҳои пурарзиши устоди шодравон аст, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бонуфузтарин ҳизб дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Зеро нафароне, ки аъзо ҳастанд ва ё ҷонибдорӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мекунанд, дар сиёсати ин ҳизб ифодаи манфитҳои худро диданду бараъло эҳсос намуданд.
Ин ҷо як нуқтаро мехостам махсус қайд намоям - кор бурдан ва иштироки фаъолона доштан дар пешорӯи интихобот кори саҳлу осон нест. Аммо, ҳизби мо ҳизби мардумӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҲХДТ натанҳо дар маъракаҳои интихоботӣ фаъол аст, балки дар ҳама ҷабҳаҳо пешсаф буда, барои таъмини зиндагии шоиста ба мардум тамоми неруи тавонои худро пайваста равона месозад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз замони ташкилёбии худ фаъолияташро дар заминаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст. Айни замон дар дастгоҳи Кумитаи иҷроия 10 нафар кору фаъолият карда истодаанд. Бо ҷалби собиқадорон, вакилони ҳизбӣ, фаъолон, аъзои Раёсат ва кумитаи иҷроия ба таври мунтазам миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа мутобиқ ба самтҳои афзалиятнок ва тибқи нақшаву ҷадвалҳои тарҳрезишуда корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намуда, талош бар он меварзанд, ки бо халқ ҳарчи наздиктар бошанду ба онҳо сиёсати созандаи роҳбарияти олии ҳизбро бирасонанд. Дар баробари ин, чандин аксияву озмунҳои ҳизбии гуногунҷабҳа ва садҳо конференсияву семинарҳо ва мизҳои мудаввар роҳандозӣ мешавад, ки ин аз фаъолияти самараноки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дарак медиҳад. Яъне, ҳар як ҳизб садоқатмандона, новобаста дар кадом самту соҳа фаъолият дорад, ҷиҳати амалӣ шудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми худро мегузорад.
Аз дигар муваффақият дар рафти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳам бояд ҳарф зад - дар назди Кумитаи иҷроия маҳфили доимоамалунандаи “Созандагони Ватан” фаъолият дорад, ки он ҳамчун маҳфили зеҳниву эҷодии ҷавонон бо мақсади дастгирии ҷавонони боистеъдод таъсис дода шуда, фаъолияти он ба тарғиби беҳтарин дастовардҳои илмиву эҷодӣ ва фарҳангии ҷавонон, густариши ҳамкориҳо бо марказҳои илмию эҷодӣ ва таълимӣ, таъмини самараи корҳои эҷодӣ, тарғиби арзишҳо ва гиромидошти асолати фарҳангӣ ва худшиносии миллии ҷавонон равона карда шудааст. Ҳар як узви маҳфил, ки дар баробари ин волонтёрони ҳизбӣ ҳастанд, дар чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангии ҳизбиву давлатӣ ҷалб карда мешаванд. Пеш аз ҳама, дар ин маҳфил, аниқтар аз соли 2019 то ба ҳол, ба ҷавонон аз ҷониби шахсони таҷрибаи рӯзгордидаву донишманд ва мутахассисони соҳаҳои гуногун дарсҳои сиёсӣ гузаронида мешавад. Муҳимтар аз ҳама, баъди гузаронидани дарсҳои сиёсӣ ва семинарҳои омӯзишӣ аз ҳисоби волонтёрони ҷавони ҳизб дар соли 2020 дар участкаҳои интихоботии шаҳри Кӯлоб нозирони миллӣ аз ҳисоби ҲХДТ ташкил карда шуд, ки мақсади асосӣ ин сафарбар кардани онҳо дар ҷараёни маъракаҳои пешазинтихоботии таблиғотӣ ба хотири фаҳмонидани моҳияти қонун ва сиёсати давлату ҳукумат дар самти шаффоф баргузор гардидани интихобот ба ҳисоб мерафт. Фикр мекунам, ин аввалин таҷрибаест дар тӯли фаъолияти ҲХДТ дар сатҳи шаҳр, ки нозирони миллӣ пурра аз ҳисоби ҷавонон ташкил гардида, иштироки онҳо дар ин маъракаҳои муҳим як мактаби бузурги сиёсии ҳизбӣ дар раванди фаъолияташон ба ҳисоб меравад.
Шахсан барои ман ифтихор аст, ки аз моҳи марти соли 2012 то ба ҳол дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб фаъолият карда истодаам. Дар тӯли фаъолияти кориам, аз ҷумла зери роҳбарии Ҳақназарзода Зулайхо, Валиева Саъбагул, Орзу Ҳамидиён, Шарифзода Гулрухсор ва айни замон таҳти роҳбарии Сайвализода Салим Сайвалӣ амал карда истодаам ва аз ҳар кадоми онҳо дар ин пайроҳа таҷриба андӯхтам ва андӯхта истодаам. Чун як ҷавон – корманди ҳизбӣ ва шахсият ташаккул ёфтам, маҳорату малакаамро такмил додам. Дар ҳалли масъалаҳои ҳизбиву ҳаётӣ, бо бардошт аз таҷрибаи собиқадорону фаъолон, масъулияту устувориро омӯхтам ва дониш, малака, маҳорат, сухандонӣ, дидадароӣ ва дигар сифатҳоро, ки барои ҳар як таблиғотчӣ – корманди масъули ҳизбӣ заруранд, муккамал намуда, дар ҷомеа мавқеву манзалат ва обрӯ пайдо кардам. Фикр дорам ҳамаи онҳое, ки аз ин мактаби бузурги сиёсӣ гузаштаанд, таълимоти ибратомӯзу тарбияи дуруст ва шоистаеро гирифта, ҳамчун инсон ва мутахассис камол ёфтанд.
Шоҳиди марҳилаҳои гуногуни инкишофи ташкилотҳои шаҳрии ҳизб мебошам. Шумораи аъзо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ дар солҳои кориам хеле зиёд гардид. Аз шумораи қариб 4000 аъзои ҳизб ва 120 ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли 2012 то ба қариби 12000 аъзои ҳизб ба бештар аз 250 ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли 2023 омада расид. Буд замоне, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб соҳиби бино набуд ва дар шароити начандон хуб кору фаъолият мекард. Бо мурури замон, бо дастгириву ҳамраъйии ҳамаи ҳизбиёни шаҳр зери сиёсати бохиради Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб соҳиби бинои маъмурӣ дар соли 2019 гардид.
Ҳамаи ин дастовардҳо мо, ҳизбиёнро набояд қаноатбахш кунад. Аз як тараф агар қаноатмандӣ тарафи мусбӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар, инсонро то андозае фориғбол ҳам месозад. Дар робита ба ин гуфтаниам, ки равобити мустаҳкаме, ки ҲХДТ бо мардуми кишвар дорад, моро водор месозад то масъулияти бештар зоҳир кунем ва маҳорату маллакаамонро баҳри беҳбудии ҳаёти ҷомеа ва оромиву осудагии мардум равона созем. Зеро Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид сохтаанд, ки: “Ман дар назди халқ барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти бузургро эҳсос мекунам ва аз ҳар як узви ҳизб эҳсоси чунин масъулиятро талаб менамоям!” Дар пайравӣ аз ин суханон бо амалҳои созандаи худ мо бояд то ҷашни бузурги таърихӣ – 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 – солагии ҲХДТ-ро бо ҳама шукӯҳаш дар ҳамбастагиву ҳамдилӣ ҷашн гирем.
Бо бовари гуфта метавон, ки бо ин қувваи бузург ҲХДТ метавонад дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ аз ин дида боз ба комёбиҳои бештар ноил гардида, миллати тоҷикро сарбаланду саодатманд гардонад. Орзуи ҳамешагии мо, ҳизбиён зиндагии орому ободу осудаи мардуми тоҷик аст.

Саймуминзода Фирӯз Саймумин – муовини
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: