Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ФАЪОЛИЯТИ ФАРОГИР БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ТАҲКИМИ СУБОТИ СИЁСӢ

ФАЪОЛИЯТИ ФАРОГИР БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ТАҲКИМИ СУБОТИ СИЁСӢ

1-12-2023, 10:44
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
 ФАЪОЛИЯТИ ФАРОГИР БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ТАҲКИМИ СУБОТИ СИЁСӢ
БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ҲХДТ



Истиқлоли давлатӣ дастоварди нодиртарини миллати тоҷик буда, он калиди асосии амалӣ гардидани ҳадафҳои муҳими миллӣ гашт.
Дар ин замина ба мардуми шарифи тоҷик муяссар шуд, ки ба ташкили шаклу низоми давлатдорӣ даст ёфта, ба муваффақиятҳо ноил гардад.
Ташаккули сохтори бисёрҳизбӣ яке аз ниҳодҳои асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёд буда, маҳз чунин сохтор сарчашмаи ҳокимият будани халқро аз ҳар ҷиҳат таъмин менамояд.
Таҷрибаи аксар давлатҳо исботи он аст, ки яке аз механизмҳои рушди давлат ва зиндагии шоистаи мардум аз фаъолияти пурсамари ҳизбҳои сиёсии миёни мардум мавқеи устувордошта вобастагии зиёд дорад.
10-уми декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки меъмори он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Барномаи ҳизб пурра фарогир аз манфиатҳои миллӣ буда, фаъолияташ бо сарварии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Барнома ва Оинномаи мушаххас ва фарогир аз манфиатҳои миллию давлатӣ ба таври самаранок ба роҳ монда шуд.
То имрӯз фаъолияти ҳизб собит месозад, ки мақоми он дар роҳи амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хеле назаррас ва барҷаста мебошад.
Имрӯз таҳти сарварии Пешвои миллат ҲХДТ ба ҳизби адолатпарвар, бунёдкор ва муттаҳидкунанда табдил ёфта, шумораи аъзои он аз ҳисоби шахсони донишманду ватандӯст ва масъулиятпазир зиёд гардида истодааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҲХДТ бо фаъолияти пурсамари худ дар рушду пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир гузошт.
Маҳз таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат халқ дар фурсати кутоҳ ба ҳаёти осоишта расид.
Муҳимтар аз ҳама, дар қаламрави Тоҷикистон фазои ягонаи сулҳу дӯстӣ барқарор шуд. Садҳо иншооти ҳаётан муҳим, корхонаҳои муосир, роҳу пулҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ бунёд шуданд, ки дар амалӣ намудани ин иқдоми бузург саҳми Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад.
Тавре ки Раиси муаззами ҳизб дар яке аз суханрониҳои худ иброз намудаанд: "ҲХДТ зодаи истиқлолияти кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад".
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои кишвар биноҳои хуштарҳу замонавӣ барои кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ сохта ба истифода дода шуда истодаанд.
Соли 2019 барои сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо қарори Раиси шаҳр 312 м2 қитъаи замин ҷудо карда шуд.
Сохтмони бино 19-уми январи соли 2020 бо гузоштани санги асос аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оғоз гардид.
Лоиҳаи бино аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "МПМК-Уротеппа" омода карда шуда, арзиши хароҷоти он 1464029,7 сомониро ташкил медод.
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва фаъолони ҳизб ба таври ҳашар сохта шуд.
Бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, дар он 8 утоқи корӣ ҷойгир шудааст.
10-уми августи соли 2022 барои ҳизбиёни шаҳри Истаравшан рӯзи фаромӯшнопазир ва хотирмон буд.
Дар ин рӯз бо иштироки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроия ба истифода дода шуда, шароити хеле хуби корӣ барои кормандон муҳайё гардид.
Ин иқдоми бузург - сохта ба истифода дода шудани бинои маъмурии Кумитаи иҷроия ҳизбиёнро руҳбаланд гардонида, кӯшишу ғайраташонро баҳри иҷрои Барномаи ҲХДТ ва амалӣ намудани Оинномаи он боз ҳам дучанд гардонид.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар сафи худ имрӯз 14701 нафар аъзоро муттаҳид намудааст, ки ин қувваи хеле бузург мебошад. Аз ин шумора 52 фисади аъзои ҳизбро ҷавонон ва 52 фисади дигарро бонувон ташкил медиҳанд.
Ҳизбиёни шаҳри Истаравшан дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумита ҳамеша доир ба мавзуъҳои гуногун бо мардум вохӯриҳои судманд доир намуда, дар таҳкими суботи сиёсӣ нақши хешро мегузоранд, зеро пешрафти ҷомеа аз сулҳу суботи сиёсӣ вобастагии азим дорад.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ иқдомҳои ҳизбӣ роҳандозӣ гардида, баҳри дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон вохӯрию мулоқотҳо ва чорабиниҳои дигари хотирмон гузаронида мешаванд.
Нақши ҳизбиён дар баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ назаррас мебошад.
Саҳми аъзои ҳизб дар амалӣ намудани қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Стратегияи амалӣ намудани муқовимат бо коррупсия" ва "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм" хеле назаррас мебошад.
Мо дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб фаъолияти худро ба роҳ монда, пайваста миёни мардум ҳастем ва дар ҳалли мушкилоти онҳо талош менамоем.
Алҳол пешорӯйи мо вазифаи хеле масъулиятнок - бо дастовардҳои азими меҳнатӣ сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои бузург - 30-солагии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст.
Бинобар ин, бо мақсади ба таври шоиста ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин санаҳои таърихӣ бо омодагии ҳамаҷониба дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб фаъолияти худро баҳри татбиқи самараноки барномаҳои қабулгардида ва амалӣ намудани ғояҳои созандаи ҳизб дар ҷомеа равона кардаем.
Ҳадаф ва мароми ҳизбро, ки дар он манфиатҳои кулли ҷомеаи кишвар ва ҳамаи қишрҳои мардум ҳимоя мешаванд, дар амал татбиқ намоем ва ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашнҳои дарпешистода саҳмгузорем бошем.

Комил МИРЗОЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: