Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲИЗБИ ПЕШСАФ ВА БУНЁДКОР

ҲИЗБИ ПЕШСАФ ВА БУНЁДКОР

7-09-2023, 09:00
Хабарро хонданд: 413 нафар
Назарҳо: 0
ҲИЗБИ ПЕШСАФ ВА БУНЁДКОР
Фалсафаи зиндагӣ чунин аст, ки инсон ҳазорсолаҳо дар фаҳмишу мавқеият ва доираи ақлу идроки худ дар натиҷаи таъсиргузории омилҳои зарурӣ ба давлату давлатдорӣ омада расид. Зина ба зина, марҳила ба марҳила бо мурури замон ҳизбҳои сиёсӣ ташкил гардиданд, ки роҳбарони онҳо намояндагони гурӯҳҳои гуногун, ки бо ин ё он мақсад, ҳадафҳои аниқ ва дақиқро дар байни мардум пайваста чораандешӣ мекарданд, муаррифгар буданд.
Дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷумҳурӣ фақат як ҳизб - Ҳизби коммунисти амал мекард, ки мардумро дар атрофи сиёсати худ ҷамъ оварда буд. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, солҳои 90-ум, дар вазъияти печидаи сиёсӣ, замони пур аз тазодҳо, кашмакашҳои беасос, муборизаҳои гурӯҳҳои худбин, ҷанги шаҳрвандӣ авзои ноороми Меҳан, ки орзуҳои мардумро кушта буд, бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллат, Роҳбари пуртаҷриба ва хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдон омад, ки ин тақозои давру замон буд.
Воқеан, моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи солим ва созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷеабори сиёсӣ хотима бахшем.
Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хулосае омаданд, ки тарҳи ҳизби нави сиёсиро омода намоянд, ки тавонад ҳизби ормонҳои мардум бошад ва дар меҳвари ғояи созанда қишрҳои гуногуни ҷомеа - зиёиёну олимон, ҳунармандон, коргарон ва ҳатто руҳониёнро муттаҳид созад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист орзуву ормонҳои халқи тоҷикро дубора зинда намояд, ҷавононро дар руҳияи баланди хештаншиносиву худогоҳӣ атрофи сиёсати хирадмандонаи худ муттаҳид созад, ҷанги даҳшатбори шаҳрвандиро хотима бахшад, дарҳои бастаи Тоҷикистонро ба дигар кишварҳои минтақа кушояд, роҳи ободгариву созандагиро пеш гирад. Имрӯз ҳамаи он пешравию бунёдкорӣ маҳз бо шарофати ҲХДТ, ки зери унвони "Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум" фаъолият мекунад ва роҳбарии онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд, насибамон гашт.
Дар 29 соли фаъолият ҲХДТ ба як ҳизби бонуфуз ва замонавӣ табдил ёфта, дар сафи худ ҳазорҳо фаъолони ҷомеа, олимону донишмандон, шоирону нависандагон, зиёиён, ҷавонони пешсаф, кишоварзону омӯзгорон ва қишрҳои мухталифи ҷомеаро аъзо намуд, ки ҳамчун як дастгоҳи идеологӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои неку созандаи ҳизб фаъолияти назаррас ва ибратбахш доранд.

Шириншоҳ Нуруллоев,
роҳбари Маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: