САДОҚАТ АСТ ҲИЗБИ ХАЛҚ!15-06-2023, 11:55
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
Фалсафаи зиндагӣ чунин аст, ки инсон баъд аз ҳазорсолаҳо дар фаҳмишу мавқеияти худ ва дар доираи ақлу идроки инсонӣ, дар натиҷаи таъсиргузорӣ аз омилҳои зарурӣ ба давлату давлатдорӣ омада расид. Оҳиста-оҳиста, марҳила ба марҳила бо мурури замон ҳизбҳои сиёсӣ ташкил гардиданд, ки роҳбарони онҳо намояндагони гурӯҳҳои гуногун, ки бо ин ё он мақсад ҳадафҳои аниқ ва дақиқро дар байни мардум пайваста чораандешӣ мекарданд, муаррифгар буданд. Дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷумҳурии мо фақат як ҳизб - Ҳизби коммунисти Тоҷикистон амал мекард, ки мардумро атрофи сиёсати худ ҷамъ оварда буд. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, солҳои 90-уми қарни гузашта, дар вазъияти печидаи сиёсӣ, замони пур аз тазодҳо, кашмакашиҳои беасос, муборизаҳои гурӯҳҳои худбин, ҷанги шаҳрвандӣ, вазъи ноороми Меҳан, ки орзуҳои мардумро кушта буд, бо ташаббуси Роҳбари пуртаҷриба ва хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вориди майдон шуд, ки ин тақозои давру замон буд. Воқеан ҳам, моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи солим ва созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷеабори сиёсӣ хотима бахшем. Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хулосае омаданд, ки тарҳи ҳизби нави сиёсиро омода намоянд, ки тавонад ҳизби ормонҳои мардум бошад ва дар меҳвари ғояҳои созандаи қишрҳои гуногуни ҷомеа - зиёиёну олимон, ҳунармандон ва одамони касбу кори гуногунро муттаҳид созад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист, ки орзуву ормонҳои халқи тоҷикро дубора зинда намояд, ҷавононро дар руҳияи баланди хештаншиносиву худогоҳӣ зери сиёсати хирадмандонаи худ муттаҳид созад, ҷанги даҳшатбори шаҳрвандиро хотима бахшад, дарҳои бастаи Тоҷикистонро ба дигар кишварҳои минтақа кушояд, роҳи ободгариву созандагиро пеш гирад, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари боамну субот ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Имрӯз ҳамаи он пешравию бунёдкорӣ маҳз бо шарофати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки таҳти шиори "Барои пешрафт ва зандагии шоистаи мардум" фаъолият мекунад ва роҳбарии онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд, ба даст меояд. Дар тӯли 29 соли фаъолият ҲХДТ ба як ҳизби бонуфуз ва замонавӣ табдил ёфта, дар сафи худ ҳазорҳо фаъолони пуртаҷрибаи ҷомеа, олимону донишмандон, шоирону нависандагон, зиёиён, ҷавонони пешсаф, кишоварзон, омӯзгорон ва қишрҳои мухталифи ҷомеаро аъзо намуд, ки ҳамчун як фишанги идеологии ҳизб баҳри расидан ба ҳадафҳои неку созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти назаррас ва ибратбахш доранд. Шириншоҳ НУРУЛЛОЕВ, корманди
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.