Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ҶАВОНОН ДАР ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН НАҚШИ МЕҲВАРӢ ДОРАНД

ҶАВОНОН ДАР ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН НАҚШИ МЕҲВАРӢ ДОРАНД

21-10-2022, 17:56
Хабарро хонданд: 882 нафар
Назарҳо: 0
ҶАВОНОН ДАР ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН НАҚШИ МЕҲВАРӢ ДОРАНД
Таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар баробари дигар дастовардҳое, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар насибамон гаштааст, ба сифати дастоварди бузурги сиёсӣ низ метавон арзёбӣ намуд, зеро ин ҳизб бо мақсади таъмини зиндагии шоиста ба мардум рӯи кор омад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин, Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад ва дар тули наздик ба 28 соли фаъолияташ баҳри рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва некӯаҳволии мардум воқеан, корҳои бузургу назаррасеро ба анҷом додааст. Ин аст, ки сафи ҳизб сол ба сол зиёд гашта, дар маҷмӯъ он ба як қувваи бузурги сиёсии кишвар табдил ёфтааст.
Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз оромии он вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттиҳодии ҷавонон асоси он ба шумор рафта, муҳимияти он дар камоли иҷтимоии шахс махсус аст. Набояд фаромӯш кард, ки ҷавонон нерӯи бузург дар ҳар давру замон дониста шуда, дар меҳвари ҳамагуна тағйироту табадуллоти равандҳои ҷомеа нерӯи марказӣ маҳсуб ёфта, нақши муассир доранд.
Аз оғоз то имрӯзи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ, саҳмгирии ҷавонон бараъло эҳсос мегардад.
Тавре медонем, ҷавонони соҳибиқболи даврони истиқлолият имрӯз дар меҳвари фаъоли ҲХДТ қарор доранд, зеро нашқи ҷавонон дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб басо баланд арзёбӣ мегардад. Қобили қайд аст, ки имрӯз аксарияти аъзоёни ин ҳизбро ҷавонони бонангу номус, шарафманд ва фаъоли кишвар ташкил медиҳанд, ҳадафҳо ва ғояҳои созандаи онро дар байни ҷомеа тарғиб намуда, дар баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Гарчанде, ки ҷавонон қувваи бузург шуда метавонанд, вале ин қувваро танҳо дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобар ин, ин андешаву хулосаҳо моро водор мекунад, ки боз ҳам ҳамкориву ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба хотири беҳбудии вазъи ҷавонони имрӯз, ки фардои миллат аз онҳо вобастагӣ дорад, вусъат бидиҳем.
Дар шаҳри Кӯлоб низ дар самти сиёсати ҷавонон корҳо тақвият ёфта,
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо такя ба шахсони ботаҷрибаву донишманд ва собиқадорони ҳизб дар ростои кор бо ҷавонон бештар фаъолиятро дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, ҳамзамон аз худ кардани донишу ихтисосҳои замонавӣ ва интихоби касби муосир равона кардаанд. Инчунин, дар ҳар як чорабинӣ, суҳбату вохӯриҳо ва аксияву озмунҳои ҳизбиву давлатӣ аз қувваи бузурги онҳо васеъ истифода бурда мешавад.
Як нуқтаро ёдрас кардан ба маврид аст, ки дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолият намуда истодааст, ки дар худ ҷавонони зиёдеро муттаҳид кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки агар ба фаъолияти зиёда аз ду соли охир ҲХДТ назар афканем, пас, мушоҳида мекунем, ки аз ҷониби КИМ ва КИВ ҲХДТ як қатор ташаббусҳо рӯи даст гирифта шуд, ки дар доираи онҳо насли наврасу ҷавон фаро гирифта шуда, лаёқату маҳораташон дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла, баргузории маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”, озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем!”, мусобиқаи варзишии футболи хӯрд барои дарёти “Ҷоми ҲХДТ” ва ғайраҳо, ки дар ҳамаи онҳо ҷавонону наврасони шаҳри Кӯлоб фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Бо итминон изҳор медорем, ки чунин иқдомҳо дар рӯҳияи наврасону ҷавонон дар самти илмомӯзӣ, рӯ овардан ба варзиш ва дӯст дорштани ватани аҷдодии хеш таъсири мусбии худро расонид.
Дигар ин, ки соли 2020 барои мардуми шарафманди тоҷик, хусусан, барои ҷавонони шаҳри Кӯлоб соли масъулиятшиносӣ ба ҳисоб мерафт. Чунки дар соли мазкур ду маъракаи муҳимми сиёсӣ- интихоботи вакилони мардумӣ (ҳамаи зинаҳо) ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд. Дар ҳардуи ин маъракаҳои муҳим мо теъдоди муайяни ҷавононро аз ҳисоби ҲХДТ дар ҳамаи учаскаҳои интихоботӣ дар шаҳри Кӯлоб ба ҳайси нозирони миллӣ равона намудем, ки ин фаъолият барояшон мактаби бузурги сиёсӣ гардид. Фикр дорам, ки ин аввалин таҷриба буд дар тули фаъолияти ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, ки нозирони миллӣ пурра аз ҳисоби ҷавонон ташкил гардид. Ин таҷриба натиҷаҳои мусбиро ба бор овард. Зеро дар раванди интихобот ҷавонон аз худ фаъолонкӣ нишон дода, ҷиҳати шаффофу демократӣ баргузор гадидани интихоботҳо саҳми муносиб гузоштанд.
Воқеан, ҷавонон – аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳама чорабиниҳои ҳизбиву давлатӣ фаъол ҳастанд ва пайваста дар рушди фаъолияти ҳизбӣ саҳми худро гузошта истодаанд.
Аз ин нуқтаи назар бо назардошти он тадбирҳое, ки дар боло зикрашон кардем, метавон гуфт, ки дар доираи фаъолияти ҲХДТ кор бо ҷавонон нақши меҳварӣ дорад.

Саймуминзода Фирӯз – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: