Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Кӯлоб бахшида ба 29-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия баргузор шуд

Дар Кӯлоб бахшида ба 29-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия баргузор шуд

10-12-2023, 17:13
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
Дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Ҳизбе, ки ҳаст кору маромаш ба коми халқ… » бахшида ба 29-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Дар Кӯлоб бахшида ба 29-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия баргузор шуд
Дар конференсия иштирокдорон оид ба таърихи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли ҷумҳурӣ буда, аз умқи дили мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббус ва тавсияву пешниҳодоти Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист мардумро муттаҳид намояд, волоияти қонунро эътироф намуда, масъулияти пешбарии ҷомеаро ҷасурона ба уҳда гирад ва дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ҳамчун неруи бузурги сиёсии ҷумҳурӣ ҷонибдори гуногунандешӣ, озодии виҷдон, тарафдор ва ҳимоятгари ҳокимияти халқ гардад.

Мақсади асосӣ аз созмон додани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ин муттаҳид намудани тамоми неруи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ ба хотири барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутараққӣ аст, ки манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳимоя намуда тавонад.

Дар конференсия ба фаъолон ва ғолибони озмунҳои «Иншои беҳтарин», «Расми беҳтарин», «Волейбол», ки ба истиқболи 29 – солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардида буд, диплому сипосномаҳо, мукофотҳои пулии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб тақдим гардиданд.

Баҳри болидахотирии иштирокдорон дастагули савту наво аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанги шаҳр» ва «Фалак» пешкаш гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: