Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАЁТИ ҲИЗБ: ҲАМОИШИ ҲИЗБИЁНИ ПОЙТАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

ҲАЁТИ ҲИЗБ: ҲАМОИШИ ҲИЗБИЁНИ ПОЙТАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

21-11-2023, 09:24
Хабарро хонданд: 380 нафар
Назарҳо: 0
ҲАМОИШИ ҲИЗБИЁНИ ПОЙТАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

16-уми ноябр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи аксияи ҳизбӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем!” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт баргузор гардид. ҲАЁТИ ҲИЗБ: ҲАМОИШИ ҲИЗБИЁНИ ПОЙТАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Дар ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбарони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои фаъоли намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳои пойтахт иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо роҳпаймоии васеи иштирокчиён бо боло бардоштани парчамҳои миллию ҳизбӣ ва дигар шиору навиштаҷоти идона оғоз гардид.
Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ба сухан баромада, иброз дошт, ки 16-уми ноябр мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Президент муайян гардида, дар саросари кишвар, аз ҷумла дар қалби Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Зикр гардид, ки саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели возеҳанд, ки 16-уми ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Гуфта шуд, ки мақсад аз рӯзи ид муайян кардани 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
- Бигзор Рӯзи Президент ҳамчун рамзи садоқат ба Ватану давлат ва арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои муаззами миллат ҳамеша дар фазои кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукӯҳу шаҳомати хоса тантана ангезад ва моро таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи ояндаи аз ин ҳам дурахшонтар раҳнамоӣ кунад,-гуфт дар охир Иброҳим Мирзозода.
Дар анҷоми ҳамоиш иштироку ҳунарнамоии овозхонон бо сурудҳои ватандӯстона ба қисмати фарҳангии чорабинӣ таровати хоса бахшид.
ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛ
БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
ҲАЁТИ ҲИЗБ: ҲАМОИШИ ҲИЗБИЁНИ ПОЙТАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани сокинони пойтахт ба машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусобиқаи варзиширо аз рӯйи намуди волейбол дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 баргузор намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур 15 даста аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт миёни ҳам қувваозмоӣ намуда, ғолибон ва ҷоизадороне, ки ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро ишғол намуданд бо Ҷом, диплом, медал ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таблиғи сиёсати бунёдкорона ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як қатор ташаббусҳо роҳандозӣ гардида, барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ ва ифтихор аз ҳувияти миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.

ПРЕЗИДЕНТИ МАН - ИФТИХОРИ МАН

Дар толори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.ҲАЁТИ ҲИЗБ: ҲАМОИШИ ҲИЗБИЁНИ ПОЙТАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва раисони ташкилотҳои ҳизбӣ иштирок доштанд.
Нахуст, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба таърихи Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ба бахти миллати тоҷик мардум абармардеро ба роҳбарӣ интихоб намуданд, ки афзун бар истеъдоди нодири давлатдорӣ саропои вуҷудаш бо эҳсоси муқаддаси меҳанпарастӣ, миллатдӯстӣ ва халқпарварӣ ороста ва аз тасмиму ибтикорҳои ӯ дурахши ормонҳои миллии тоҷикон падидор буд.
Таъкид гардид, ки нақши Пешвои миллат дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле ҳам бузургу арзишманд маҳсуб меёбад. Зеро бо шарофати ӯ барои мо Истиқлол ҳамчун рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Дар идомаи ҳамоиш барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокдорон гардид, ки фарогири мавзуъҳои ватандорию соҳибистиқлолии кишвар буд.
РОҲПАЙМОИИ ҲИЗБИЁН ДАР БАДАХШОН
Ба муносибати Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоми аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷонибдорони ҳизб бо теъдоди 6000 ҳазор нафар аз майдони варзишии шаҳри Хоруғ то майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ роҳпаймоӣ доир намуданд.
Ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо як руҳияи баланди сиёсӣ ва ба таври бошукӯҳ дар ҳамоиш иштирок карда, таҳти шиори “Бо Пешвои миллат ифтихор дорем!”, “Тоҷикистон ба пеш!” ва аз “Боми ҷаҳон ба тамоми мардуми дунё мужда расондем!” роҳпаймоӣ карданд.
Тамоми ҷонибдорони ҲХДТ дар ВМКБ бо аксҳои Пешвои миллат ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони Исмоили Сомонӣ ворид гардида, нахуст раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода аз шоҳкориҳои Сарвари тоҷикон, абармарди миллат баромад намуд ва баъдан муовини якуми раиси вилоят Шарифхон Сафарзода оид ба тамаддунофарӣ, хирадмандӣ ва созандагии Сарвари миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.

"БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ЭМОМАЛӢ
РАҲМОН ИФТИХОР ДОРЕМ!"
ҲАЁТИ ҲИЗБ: ҲАМОИШИ ҲИЗБИЁНИ ПОЙТАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Таҳти чунин унвон чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Даво”-и Коллеҷи хусусии шаҳри Бохтар вохӯриву суҳбатҳо доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода аз заҳмату талошҳои шабонарӯзии Президенти кишвар барои пойдории сулҳу субот дар мамлакат ёдоварӣ намуд.
Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода аз мактаби бузурги сиёсии Пешвои миллат қайд кард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он сиёсатмадоронест, ки дар арсаи ҷаҳон нуфуз дошта, ташаббускори як қатор иқдомҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Маҳз бо талошу пешниҳодҳои ӯ мубрамтарин масъалаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасиву муҳокимаи умум қарор мегиранд.
Нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳкими сулҳу суботи кишвар, балки берун аз он ҳам лоиқи таҳсину ситоиш аст.
Бо шарофати сиёсати башардӯстона ва хиради азалӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари амну босубот шинохта шудааст.
Дар идома мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар Рухшонаи Шералӣ оид ба Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи таърихӣ суханронӣ намуд.
Дар ҷамъбасти чорабинии идона донишҷӯёни муассиса барномаи фарҳангии иборат аз суруду тарона ва рақсҳои ҷолибро пешкаши ҳозирин гардониданд.
Ҳамзамон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат баҳри созандагиву бунёдкориҳои рӯзафзун ва тарбияи насли ҷавони кишвар дар руҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз ватандорӣ аксияи ҳизбӣ доир гардид.

ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ ҲИЗБИЁН ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон мусобиқаи кушоди шаҳрӣ байни ҷавондухтарон ва бонувони шаҳри Бӯстонро дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷамъбаст намуд.
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр иштирок ва суханронӣ карданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода Саид зимни суханронӣ зикр кард, ки маҳз саодати истиқлол ва ваҳдати сартосарӣ буд, ки мо имрӯз дар фазои осуда зиндагӣ мекунем. -Ин ҳама ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки Тоҷикистон қуллаҳои баландро фатҳ карда истодааст, гуфт ӯ дар идома.
Дар рафти чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ иброз доштанд, ки корнамоиҳои Пешвои миллат ниҳоят барҷастаанд чун тавонистанд бо сиёсати сулҳпарваронаи худ Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
Маҳз Пешвои миллат буданд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргардонда шуд.
Аз ин ҷост, ки хизматҳои шоёни ӯро халқи тоҷик ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Бо дарназардошти ин, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр низ дар тақвияти ин суханон қайд кард, ки хизматҳои шоёни Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ғояҳои миллӣ ва барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ беандоза ҳастанд.
Ба ҳамин хотир, мо бояд ҳамеша талош варзем, ки барои Ватани азизамон ва баҳри рушди тамоми соҳаҳои афзалиятноки он саъю талош намоем.
Дар фарҷоми маросим ба ғолибони мусобиқа диплом, сипоснома, медал ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон супорида шуданд.

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ҲИЗБИЁН ДАР РОҲПАЙМОИИ ИДОНА

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор роҳпаймоии идона баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҳизбиёни шаҳр фаъолона иштирок намуданд.
Дар баробари ҳиёзбиён, инчунин, намояндагони касбу кори гуногун, собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳли зиё, ҷавонону наврасон Парчам ва Нишони давлатӣ, аксҳои Президент, қаҳрамонони Тоҷикистон ва шиорҳои таҷассумгари садоқат ба Президент ва муҳаббат ба Ватани азизу маҳбуб дар даст бо шукргузорӣ аз фазои орому осоишта ва ифтихору дӯстдории Ватан ҷониби хиёбонҳои марказии шаҳр роҳпаймоии идона доир карда, эҳтирому самимияти худро нисбат ба Президент, муқаддасоти миллӣ ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуданд.
Дар роҳпаймоии идона аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" бо Парчами миллӣ, Парчами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аксҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Дар доираи аксияи умумиҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем!" бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар ҳамдастӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар шаҳри Ҳисор аксия таҳти унвони "Бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем!" баргузор гардид.
Дарвоқеъ, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин садоқату эҳтироми миллати тоҷик ба хидматҳои арзишманд ва мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, чун намоди олии садоқатмандӣ мебошад.

Таҳияи Ибодулло ТОҲИРОВ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: