Ҳамоиши ҳизбиёни ҷавони пойтахт таҳти унвони “Саҳми ҲХДТ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон”24-05-2022, 07:29
Хабарро хонданд: 1912 нафар
Назарҳо: 0
2022-05-23 23-юми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар кинотеатри «Ватан» ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Саҳми ҲХДТ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, роҳбарони сохторҳои ҳизбии ноҳияҳои пойтахт, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуд. Гуфта шуд, ки ҷавонон қишри боэътимод ва ояндасози миллат ба ҳисоб рафта, дар замони соҳибистиқлолӣ нисбат ба ояндаи дурахшони онҳо яз ҷониби Ҳукумати мамлакат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд андешида мешавад. Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан ва кумаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон мебошад. Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода, сардори Раёсати таъмини иттилооти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатзода ва донишҷӯи курси якуми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муродов маърӯза намуданд. Гуфта шуд, ки бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» Ҳукумати кишвар дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Ҳамзамон, аз ҷониби Президенти мамлакат роҳбарӣ намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи олии эҳтиром ва эътимоди мақоми олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад, ки инро мо бояд ҳамаҷониба дарк намоем, ҷавобан ба ин ғамхориҳо ба сарвари худ содиқ бошем ва баҳри фардои дурахшони кишвари беш аз пеш талош намоем. Дар охири ҳамоиш як қатор фаъолони ҷавони ҳизб бо Ифтихорнома ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.