Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳамоиши ҷавонони пойтахт таҳти унвони “Мо ҷавонон – созандагони фардои ватанем” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 12 - солагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”

Ҳамоиши ҷавонони пойтахт таҳти унвони “Мо ҷавонон – созандагони фардои ватанем” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 12 - солагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”

19-05-2023, 08:30
Хабарро хонданд: 382 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоиши ҷавонони пойтахт таҳти унвони “Мо ҷавонон – созандагони фардои ватанем” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 12 - солагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”18-юми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 12 - солагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Мо ҷавонон – созандагони фардои ватанем” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои ҳизбии пойтахт, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки тавре дар суханронии худ Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ, 5-уми январи соли 2017 иброз доштанд, “фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳар кадоми моро ҳалли масоили ҷавонон дар бар мегирад, ки ин ҷавҳар сиёсати “Рӯй овардан ба ҷавонон” мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ба ҷавонон ҳамчун неруи ояндасоз такя намуда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи худ ба таври густурда ва самаранок истифода мебарад”.

Гуфта шуд, ки ҷавонон қишри боэътимод ва ояндасози миллат ба ҳисоб рафта, дар замони соҳибистиқлолӣ нисбат ба ояндаи дурахшони онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан ва кумаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон мебошад.

Сипас, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод суханронӣ намуданд.

Масъулин иброз доштанд, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумати кишвар дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад.

Ҳамзамон, аз ҷониби Президенти мамлакат роҳбарӣ намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эҳтиром ва эътимоди мақоми олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад, ки инро мо бояд ҳамаҷониба дарк намуда ҷавобан ба ин ғамхориҳо ба сарвари худ содиқ бошем ва баҳри фардои дурахшони кишвар беш аз пеш талош намоем.

Дар охири ҳамоиш як қатор ҷавонони фаъолони ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: