Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АФЗОИШИ ЭЛЕКТРОМОБИЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

АФЗОИШИ ЭЛЕКТРОМОБИЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

20-11-2023, 11:53
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
АФЗОИШИ ЭЛЕКТРОМОБИЛ ДАР ТОҶИКИСТОНТавре ба мушоҳида мерасад, имрӯзҳо дар пойтахт мамлакат – шаҳри Душанбе теъдоди электроавтомобилҳое, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд, босуръат меафзояд. Тибқи иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар соли 2021 ба мамлакат ҳамагӣ 47 адад электромобил ворид гардида бошад, ин шумора дар соли 2022 ба 767 адад расид, ки 720 адад зиёд аст. Дар маҷмўъ, аз оғози соли 2021 то имрӯз ба ҷумҳурӣ беш аз 1600 нақлиёти барқӣ ворид карда шудааст. Тафсилоти бештари ин мавзуъ дар шарҳи АМИТ «Ховар» манзур мегардад.

Тавре Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Бо мақсади мутобиқсозии иқтисодиёти миллӣ ба тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологии ҷумҳурӣ воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳоро бояд аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод намуд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан фароҳам овардани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави ҷумҳурӣ тадбирҳо андешад».

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз имкон медиҳанд, ки воридоти электромобилҳо ба муддати 10 сол аз боҷи гумрукӣ, ҳамчунин аз андоз, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда шуда, ба зиёд гардидани теъдоди ин намуди нақлиёт мусоидат намояд. Табиист, ки афзудани шумораи электромобилҳо дар мамлакат ба поён рафтани нархи ин мошинҳо оварда мерасонад.

Як зумра ронандагони электромобил дар пойтахт зимни суҳбат иброз доштанд, ки «истифодаи ин намуди нақлиёт аз чанд ҷиҳат бартарӣ дорад. Аввал ин ки ин мошинҳо тарҳу намуди зебо дошта, дохили он кушоду барҳаво аст ва курсиҳои мулоиму бароҳат доранд. Ин нақлиёт овози баланду бӯи ғализи сӯзишворӣ надошта, ба муҳити зист зарар намерасонад. Аз ҳама асосиаш камхарҷ мебошад. Масалан, як намуди электромобиле ҳаст, ки бар ивази 50 сомонӣ батареяи онро пур карда, то 350-400 км роҳро тай кардан имкон дорад».

«Айни замон нархи электромобилҳо вобаста ба намуд ва тавоноиашон каме гарон аст. Бо вуҷуди ин дар мавриди истифодаи дурусти нақлиёт метавон дар андак фурсат хароҷоти онро рӯйпӯш кард. Бовар дорем, ки дар ояндаи наздик нархҳои ин намуди нақлиёт поён меравад, зеро воридоти он хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. Маъмулан чизе, ки зиёд шуд, ба поёнравии нарх мусоидат менамояд», – мегӯянд ронандаҳо.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: