Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ало, як такси?

Ало, як такси?

21-06-2022, 12:21
Хабарро хонданд: 112 нафар
Назарҳо: 0
Ало, як такси?

Моҳи ноябри соли 2018, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафар Ориён”, зери тамғаи молии “Як Такси” ба фаъолияти худ дар самти хизматрасонии ҳамлу нақли мусофирон бо такси оғоз намуд. Дар давоми чор соли сипаригашта Ширкат тавонист, ки ба мусофирон хизмати арзанда намуда, дар доираи талаботи санадҳои меъёрию-ҳуқуқии Вазорати нақлиёт ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт ба фаъолият пардозад. Мавриди зикр аст, ки “ЯК Такси” пойгоҳ ва заминаи хуби амаликунии хизматрасони ба сайёҳон, шаҳрвандони хориҷӣ ва сокинони пойтахтро дорад.
Мо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, бо директори “ЯК Такси” узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Исматулло Ҳакимов ҳамсуҳбат шуда ба чанд суоли хеш посух гирифтем.
Ало, як такси?\

Ҳолнома
Исматулло Ҳакимов, дар деҳаи Шкеви ноҳияи Дарвози ВМКБ ба арсаи олам чашм кушодааст. Хатмкардаи факултаи роҳҳои автомобилии (АДФ-и) Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ мебошад. Инчунин соли 2010 курси пурраи “Сервиси роҳҳои автомобилӣ ва фурудгоҳ “-ро ба итмом расондааст. Мутахассиси соҳа буда, аз соли 2018 ба ҳайси директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сафар Ориён” ифои вазифа дорад.
- Ғояи Ваҳдати миллӣ, дар як марҳалаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерўманди иттиҳоди ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Андеша дорам, ки имрўз омўзиши раванди Ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба бояд арзёбӣ гардад. Шумо атрофи ин мазмун чи андеше доред?
- Бале, хуб гуфтед, имрўз бо гузашти айём, Консепсияи ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардид ва ҳар як шаҳрванди кишвар эътимоди қавӣ ба он пайдо кард, ки бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва ба он арҷ гузошт.
Баъди ба истиқлолияти комил расиданамон сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатамон дар ҷаҳони муосир эътироф шуд ва мақому манзалати шоистаи худро пайдо кард, ки ин боиси фахр ва фараҳмандии мо тоҷикон аст.
Насли пешин хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта, ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд ва тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардида, давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифта буд. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш меовард . Вале, хушбахтона, бо такя ба сабақҳои

таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, талошҳои пайвастаи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кўтоҳ пеши роҳи низоъҳои даҳшатноки дохилиро гирад ва барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад. Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷўи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омад, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфт ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрўз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодааст.
- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафар Ориён” ҷашни Ваҳдатро бо чӣ гуна дастовез пешвоз мегирад?
- Албатта, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангу маърифати ҷомеа, новобаста ба сохтори он, мақом ва манзалати ваҳдат, оромию осудагӣ мавқеи ниҳоят баландеро дорост. Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстиву рафоқат ҳукмфармост, он рўз то рўз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ рушд мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Ҷамъияти мо низ дар айёме ба фаъолият оғоз намудааст, ки дар сар то сари кишварамон оромию осудагӣ ҳукмфармост ва ин моро ба он водор месозад, ки дар пешрафти ҷумҳурӣ бештару хубтар ҳиссагузор бошем.
Мо, кормандони ҷамъият, дар асоси сиёсати имрўзаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корро ба роҳ монда, дар табдил додани пойтахти азизамон ба шаҳри пуршукўҳу боҳашамати замонавӣ ҳамеша саъй мекунем.
Дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ( 21.12.2021) масъалаи ҳуқуқиро перомуни тағёирёбии иқлим , ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо тадбиқ намуда, онҳоро аз пардохти андозӣ ва гумрукӣ озод карданд. Илова бар ин, барои боз ҳам беҳтар намудани заминаи ҳуқуқиву иқтисодӣ ҷиҳати воридот, фурўш, истифодабарӣ, хизматрасонӣ ва ҳамчунин ба роҳ мондани истеҳсоли васоити нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурўҳи кории байниидоравӣ таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим барои таҳияи барномаи давлатии рушди соҳаи нақлиёти барқӣ дар солҳои 2022-2026 таъсис дода шуд, ки дар кори он маъсулини Ширкат низ саҳм мегузоранд.

Ибтикори назарраси Сарвари муаззами мамлакатамонро ба инобат гирифта, имсол бори аввал дар таърихи Тоҷикистон аз тарафи ҷамъияти мо васоити нақлиёти сабукравӣ барқӣ (электромобилҳо) аз Ҷумҳурии Халқии Чин харидорӣ шуданд, ки онҳо аз нуқтаи назари экологӣ ба ҳавои шаҳрамон осебпазир нестанд. Инчунин, фурўши нақлиётҳои сабукравӣ барқӣ ба тариқи давравӣ (рассрочка) ва бидуни татбиқкунии фоиз, яъне бе фоиз дар муддати ду сол ва ҳамчунин боназардошти додани кафолатҳо амалӣ карда мешавад. Ҳамвора ба ронандаҳои таксиҳои барқӣ иҷозат дода шудааст, ки ба тариқи ройгон дар муддати як моҳ аз нуқтаи махсуси барқдиҳанда истифода баранд. Илова бар ин, Ҷамъият тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 10 адад нуқтаи махсуси барқдиҳанда ба таксиҳо созад ва мавриди истифода қарор диҳад.
- Нақлиёти мусофирбарии барқӣ кадом шароитҳои хуби хизматрасониро барои мизоҷон пешниҳод карда метавонад?
- Бояд гуфт, ки чунин электромобилҳо, пеш аз ҳама, дар асоси талаботи замон, ҷавобгў ба стандарти ҷаҳонӣ сохта шудаанд ва ба мусофирон дар асоси меъёрҳои хизматрасонии ҷаҳонӣ фаъолият мекунанд. Дар дохили онҳо кондитсионерҳои фаъоли замонавӣ насб шудааст, ки ҳавои дохили онро дар муддати ниҳоят кўтоҳ ҳамеша муътадил ва тоза нигоҳ медоранд. Инчунин, курсиҳои он мулоиму ҳаловатбахшанд ва идора кардану истифодабарии чунин мошинҳо осон аст.
Электромобилҳо дар муддати 30 дақика аз барқ неру мегиранд ва дар се сония суръати ҳаракаташон дар як соат ба 100 км баробар шуда метавонад.
- Боз кадом намуди хизматрасониҳои навро ҷамъияти шумо ба муштариён пешкаш мегардонад?
- Мавриди зикр аст, ки дар шароити имрўза пеш аз ҳама усулҳои хизматрасонӣ ба муштариён бояд дар сатҳи олӣ анҷом ёбад, зеро имрўз таҳрикоти хазматрасонии ҷаҳон дигар гаштааст. Чунин майдони корӣ тақозои онро дорад, ки барои ҷалби бештари мизоҷон, мо хубтару беҳтар кор кунем ва талаботи мизоҷро қонеъ гардонем. Зеро, имрўз рақобатпазирии барои ҷалби бештари муштариён, соҳиби даромади хуб шудан, дар ҷомеаи муосир зиёд шудааст. Ин аст, ки мо дар ҷамъиятамон намудҳои гуногуни хизматрасониро ба роҳ мондаем. Масалан, ҳангоми сафарҳои корӣ ва шахсӣ аз муассисаву корхонаҳо ва шахсҳои алоҳида дархост қабул карда мешавад ва мувофиқи нишондоди дархост мо ба мизоҷ хизмат мерасонем. Инчунин, дар ҷашнвораҳо ва чорабиниҳои корпоративӣ, овардани кўдакон аз кўдакистонҳо ва мактабҳо, пешвози меҳмонон дар фурудгоҳ, истгоҳҳои роҳи оҳан ва терминалҳо, расондани мол ва дигар ашёҳои рўзгор ба муштариён ҷамъияти хизмат мерасонад.

-Шумо узви Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ҳастед, ба назаратон мавқеъ ва манзалати ин ҳизб дар пешрафт ва таҳкими давлатдории мо чӣ гуна бояд бошад?
Пеш аз ҳама бояд иброз дорам, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити бисёр ҳассоси таърихӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, фаъолияти босамар дорад.
Сарвари давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карда буданд, ки “Ҳизби мо мардумӣ ва зодаи даврони истиқлол аст ва дастовардҳои бештари ҷумҳурӣ ба он иртиботи ногусастанӣ дорад”.
Дар ҷамъият мо ташкилоти ибтидоии ҲХДТ-ро, таъсис додаем, ки имрўзҳо корҳои зиёди тарғибию ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст.
- 25- солагии Ваҳдати миллӣ дар айёме ҷашн гирифта мешавад, ки чанд моҳ пештар мо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо шукўҳу шаҳомати махсус пешвоз гирифтем. Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон чӣ нақше дорад?
- Мардуми шарафманди Тоҷикистон имрўз равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандўстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу тараққикарда мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.
Ба ҳамин хотир, ҳар яки мо имрўз вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.
- Ташаккур барои суҳбат.
Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: