Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ХАДАМОТИ ГУМРУК 5 ҲОЛАТИ ИНТИҚОЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ПУЛҲОИ ХОРИҶИРО ОШКОР НАМУДААСТ

ХАДАМОТИ ГУМРУК 5 ҲОЛАТИ ИНТИҚОЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ПУЛҲОИ ХОРИҶИРО ОШКОР НАМУДААСТ

1-08-2022, 13:35
Хабарро хонданд: 94 нафар
Назарҳо: 0
Дар нимсолаи аввали соли 2022 нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби гардиши тиҷорати хориҷӣ ба андозаи 3167,4 млн сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби воридоти андоз аз арзиши иловашуда 2401 млн. сомонӣ, боҷи гумрукӣ 387,3 млн. сомонӣ, боҷи содиротӣ 58,6 млн. сомонӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷаи давлат 3367,7 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин 106,3 фоизи нақшаро нишон медиҳад.

Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ бо зикри ин нукта ҳамзамон иброз намуд, ки аз тарафи сохторҳои хадамоти гумрукӣ шаш ҳолати воридоти ғайриқонунии молҳои пастсифат ошкор гардид. Ҳамчунин, панҷ ҳолати интиқоли ғайриқонунии пулҳои хориҷӣ муайян шуд.

- Ҳамчунин, номбурда қайд намуд, ки хадамоти гумрук дар самти густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ фаъолияти худро боз ҳам ривоҷ дода, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми босазо хоҳад гузошт.

Саида ХОҶАЕВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: