ЧАРО НАРХИ ГАЗИ МОЕЪ ЯКБОРА БОЛО РАФТ?24-07-2020, 14:55
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Дар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигорон, нахуст оид ба якбора боло рафтани нархи гази моеъ пурсон шуданд. Абдулмаҷид Мубин, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар посух ба саволҳои бешумори хабарнигорон оид ба якбора боло рафт нархи сӯзишворӣ чунин посух гуфт: “Ҳафтаи аввали моҳи июл дар давлатҳои истеҳсолкунанда, дар худи биржаи гази моеъ нархи ин сӯзишворӣ якбора 50 фоиз баланд шуд, ки таъсири он ба Тоҷикистон низ расид. Мо тибқи маълумоти Хадамоти гумрук ва бо назардошти тамоми хароҷоти дохиливу дар вақти интиқол сарфшуда нархи гази моеъро ҳисоб кардем, арзиши аслии он дар яклухтфурӯшҳо 3 сомониву 20 дирамро ташкил медиҳад. Новобаста аз ин, мо таҳлил гузаронидем, дар баъзе нуқтаҳои савдои сӯзишворӣ беасос баландкунии нархи гази моеъ ба назар мерасад”. Номбурда, инчунин, иброз дошт, ки бо инобати вазъи баамаломада, Хадамот гурӯҳи корӣ таъсис дод. Айни замон, гурӯҳи мазкур фаъолияти тамоми ширкатҳоеро, ки дар ҷумҳурӣ ба воридоти на танҳо газ, балки дигар намуди сӯзишворӣ машғуланд, мавриди омӯзиш қарор дода, дар ҳолати муайян шудани беасос баланд бурдани нарх тибқи қонунгузории амалкунанда нисбат ба онҳо тадбирҳои дахлдор меандешад. Ба иттилои масъулин, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби 15 субъекти хоҷагидори воридкунандаи гази моеъ ба ҷумҳурӣ 227 177,38 тонна гази моеъ бо нархи миёнаи 391 долларӣ ИМА ворид карда шудааст. Таҳлили моҳонаи воридоти гази моеъ нишон дод, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ нархи миёнаи воридоти як тонна гази моеъ 453,0 доллари ИМА, моҳи феврал 457,0 доллар, моҳи март 452,0 доллар, моҳи апрел 451,0 доллар, моҳи май 276,0 доллар ва моҳи июн 241 доллари ИМА-ро ташкил менамояд. Аз ин нишондиҳанда бар меояд, ки дар моҳи майи соли равон нархи миёнаи воридотии гази моеъ нисбат ба моҳи апрел 175,0 доллари ИМА ё 38,8 фоиз ва дар моҳи май июн нисбат ба моҳи май 52 доллар ё 22,46 дарсад коҳиш ёфтааст. Тавре иттилоъ ёфтем, дар бозори молӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин 30, сӯзишвории дизелӣ 43, равғанҳои молиданӣ 81, керосин 3 ва мазут 3 субъектҳои хоҷагидор машғул мебошанд. Зикр шуд, ки дар моҳи июни соли равон нархи миёнаи воридоти бензин ба 305 доллари ИМА баробар гардидааст, ки дар муқоиса нисбат ба моҳи май 41,0 доллари ИМА ё 15,53 фоиз афзоиш ёфтааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.