Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суғуртаи мошин зиёд нашудааст

Суғуртаи мошин зиёд нашудааст

9-02-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 318 нафар
Назарҳо: 0
Суғуртаи мошин зиёд нашудаастМақомоти КВД «Тоҷиксуғурта» гуфтанд, ки маблағи суғурта кардани ҳеҷ як навъи воситаҳои нақлиёт афзоиш наёфтааст.

Аловиддин Сатторӣ, раиси корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» рӯзи 9 феврал дар посух ба саволи хабарнигори ҳафтаномаи «МХ» тавзеҳ дод, ки бо вуҷуди тағйиру таҳаввул дар дигар намудҳои пардохтҳои иҷтимоӣ ва андоз арзиши суғурта барои воситаҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ ба ҳамон андозае боқӣ монда, ки дар солҳои гузашта буд.

Вай афзуд: - Соҳибони воситаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла мошинҳои сабукрав барои як сол бо пардохти 102 сомонӣ варақаи суғуртаро дарёфт мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин намуди суғурта ҳатмӣ буда, дар баробари он намудҳои дигари суғуртаи ихтиёрии воситаҳои нақлиёт ва ронандагону мусофирон ҳам вуҷуд дорад.

Вай инчунин гуфт: - Дар тӯли сол 648 ҳазор сомонӣ ба осебдидагони ҳодисаҳои ҳаракат дар роҳҳои ҷумҳурӣ пардохт шуд, аз ҷумла ба ворисони 65 нафар афроди фавтида дар садамаҳо ба ҳар кадом 4 ҳазор сомонӣ ёрии пулӣ расониданд.

Бино ба гузориши ин ниҳод, дар соли гузашта аз ҳамаи намудҳои суғурта 62 миллиону 117 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардида ва ҳиссаи онҳо дар бозори амалиётҳои суғуртавии кишвар 53 фоизро ташкил медиҳад.

Раиси ин корхона гуфт: - Ин маблағ 117 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил дода, ҷумла аз ҳисоби суғуртаи ҳатмӣ 38 миллион 377 ҳазор сомонӣ ва суғуртаи ихтиёрӣ 23 миллиону 740 ҳазор сомонӣ буд.

Зимни шарҳи ин мавзӯъ маълум гардид, ки аз ҷамъи маблағҳои воридшуда 34 миллиону 780 ҳазор сомонӣ марбут ба суғуртаи воситаҳои нақлиётӣ рабт гирифта, ки аз ин маблағ дар маҷмӯъ ба шакли ҳақгузорӣ 5 миллиону 771 ҳазор ба зарардидагони ҳодисаҳои нохуш пардохт гардидааст.

КВД «Тоҷиксуғурта» яке аз 2 ширкати давлатии суғуртавӣ буда, ҳамзамон 16 ширкати хусусӣ ҳам дар ин замина амал мекунанд.

Тибқи гузориши ин ниҳод, 53 дарсади воридоти маблағ аз ширкатҳои суғуртакунанда вобаста ба КВД «Тоҷиксуғурта» рабт мегирад ва бақияи 47 дарсад аз сӯи ҳамаи дигар ширкатҳо ҷамъоварӣ шудааст.

Аммо тавре маълум шуд, дар мавриди ҳақгузорӣ ё додани пул ба осебдидагон фаъолияти асосиро «Тоҷиксуғурта» анҷом дода, 96 фоизи маблағҳоро ба муштариён пардохт намудааст.

Бино ба гуфтаи масъулон, ин корхона аз рӯи 28 намуди суғурта ба аҳолӣ хидмат мерасонад ва аз ин миқдор 15 намуд суғуртаи ихтиёрӣ мебошад.

Мақомоти корхона, дар нишасти хабарии солона ёдовар шуданд, аз ҷумла суғуртаи мактаббачаҳо аз намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ буда, ҳеҷ нафаре ҳақ надорад ба намояндагӣ аз ин корхона хонандагони муассисоти таҳсилоти миёнаи умумиро маҷбурӣ суғурта кунад.
©С.Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: